Дар шароити ҷаҳони муосири пур аз низоъ, буҳронҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ ва марзӣ, ки аксари манотиқ ва кишварҳои дунёро ба чолиш кашидааст, ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, нигаҳдории якпорчагии давлат, сулҳу субот ва рушди иқтисодӣ яке аз афзалиятҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварҳои дунё маҳсуб меёбад. Дар ин зимн, кишварҳои ҷаҳон бо мақсади ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, таъмини амният ва сулҳу субот ба созмону ташкилот ва анҷуману иттиҳодияҳои мухталифи низомӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии минтақавию байналмилалӣ шомил гардида, бо ин восита саъю талош мекунад, то аз ҳамагуна буҳрон ва хатару таҳдидҳои эҳтимолӣ ҷилавгирӣ намоянд, зеро тавре ҳаводиси солҳои ахир собит сохтанд, ягон кишвари дунё наметавонад низоъ, баҳси марзӣ, муноқиша ва танишҳои низомиро дар танҳои паси сар намояд.
Дар ин робита маврид ба зикр аст, ки агар дар ҷомеа ваҳдати миллӣ, якдиливу якдигарфаҳмӣ ва таҳаммулпазирӣ мавҷуд набошад, он гоҳ душманони давлату миллат аз чунин вазъият ба манфиати хеш истифода бурда, дар байни мардум овозаҳои бардурӯғ, нотифоқӣ, ҷудоиандозӣ ва воҳимаҳоро паҳн менамоянд, ки метавонад сабабгори ноамнӣ, бесуботӣ ва бесарусомонӣ дар байни аҳолӣ гардад.
Тавре маълум аст, дар солҳои 90-уми қарни гузашта ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ дар кишварамон маҳз бо дахолати душманон ва бадбинони миллати тоҷик мунҷар ба он шуд, ки дар шуури мардуми тоҷики сулҳдӯсту меҳмоннавоз ҳисси душманӣ ва нафрату бадбиниро нисбат ба ҳамватани хеш ҷой дода, буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва ҷудоиандозиро эҷод намоянд.
Ба андешаи коршиносону мутахассисон шояд яке аз сабабҳои низоъи дохилӣ пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ бошад, сабаби дигари бесуботӣ эҳтимол худшиносии миллии ноогоҳона, бунбасти коммуникатсионӣ ва аз ҳамдигар дар инзиво қарор доштани манотиқи гуногуни кишвар мунҷар ба ҷанги шаҳрвандӣ гардида, дар натиҷа ҳазорон нафар шаҳрвандон қурбонии муқовимати мусаллаҳонаи дохилӣ шуданд.
Гузашта аз ин, ҷанги хонумонсӯзи дохилӣ хисороти ҳангуфти иқтисодӣ ба бор оварда, кишварро ба рукут мувоҷеҳ сохта, илова бар ин аксари соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат тамоман аз фаъолият бозмонданд. Ҳарчанд аз он давраҳои вазнин ва бесарусомониҳо солҳои зиёд сипарӣ гашта бошад ҳам, вале он рӯзҳои хунин дар таърихи кишвар ва хотироти мардум абадан боқӣ хоҳад монд.
Баъд аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ санаи 27-уми июни соли 1997 насими форами сулҳу ваҳдат ба сарзамини ҷангзадаи тоҷикон вазида, вожаи “ваҳдат” дар байни халқ ба истилоҳи аз ҳама маъмултарин табдил ёфт. Баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ва истиқболи мардуми тоҷик аз имзои он, дар тафаккури мардуми тоҷик як таҳаввулоти “худшиносӣ” ба вуқуъ пайваст, ки ин худ як зарбаи ҷонкоҳ ба душманон ва бадхоҳони миллат буд, ки ҳадафҳои нопокашонро натавонистанд дар қаламрави кишвари азизамон амалӣ намоянд.
Ваҳдати миллати тоҷик собит сохт, ки мардуми тоҷик дар рӯзҳои муташанниҷ ва тақдирсоз метавонад бо ҳам сарҷамъ ва якдилу якҷон бошанд ва сулҳдӯсту бофарҳанг ва соҳибтамаддун будани хешро ба ҷаҳониён собит созанд. Шоири ширинкалом ва шоири халқии Тоҷикистон” шодравон Лоиқ Шералӣ аз нахустин қаламкашони тоҷик буд, ки ваҳдати тозападиди халқи маҳбуби хешро самимона шодбош гуфт ва ғазале бо номи “Сулҳи дерининтизори мо омад” офарид, ки дар васфи Ваҳдати миллӣ ва офарандагони он суруда шуд:
Раҳми Парвардигори мо омад,
Нури Ҳақ бар диёри мо омад.
Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,
Сулҳи бунёдкори мо омад.
Зиндагӣ сахттар зи мурдагӣ буд,
Ҳотифи зиндадори мо омад.
Ҷанги девонавори мо бигзашт,
Сулҳи деринтизори мо омад.
Ҳамин тавр, дигар шоирону нависандагони маъруфи тоҷик, ба шумули Муъмин Қаноат, Аскар Ҳаким, Ашур Сафар, Муҳаммад Ғоиб, Меҳмон Бахтӣ, Гулназар Келдӣ, Камол Насрулло, Файзалӣ Мирзо, Ширин Бунёд, Фарзона, Алӣ Бобоҷон, Саидалӣ Маъмур ва дигарон беҳтарин сурудҳои хешро ба мавзуи сулҳу ваҳдат ва парастиши Ватан бахшидаанд ва Ваҳдати миллиро ҳамчун дастовардӣ бузурги миллат тараннум карда, ба миллати тоҷик ваҳдати пойдор ва сулҳи устувор орзу намуданд.
Ваҳдати миллӣ, оштии миллӣ, ғояи миллӣ, ифтихори миллӣ зербиноҳое мебошанд, ки пойдории давлату миллат ва ҳувияти миллиро таъмин намуда, ба раванди ташаккулёбии миллат суръат бахшида, мақом ва обрӯйи миллатро дар арсаи байналхалқӣ боз ҳам баландтар мебардорад.
Роҳбарияти олии кишвар зери роҳнамоӣ ва ҳидоятҳои Қаҳрамони миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон парчами сулҳу ваҳдатро баланд бардошта, мардуми азияткашидаи тоҷикро ба ҳамдигарфаҳмӣ, якдилӣ, таҳаммулпазирӣ, бародарӣ ва ояндаи дурахшон даъват намуд. Қайд кардан зарур аст, ки дар он шабу рӯзҳои вазнин ба боварии мардум сазовор шудан кори саҳлу осон набуд, зеро бадхоҳону бадгӯёни миллат талош мекарданд, то мардумро аз ҳам ҷудо карда, як минтақаро алайҳи дигар минтақа ба задухӯрд сафарбар намоянд.
Дар вазъияти ниҳоят фалокатбор дар Қасри Арбоби Хуҷанд аз 16-уми ноябр то 2-уми декабри соли 1992 иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, яке аз чорабиниҳои муҳим ва сарнавиштсози таърихи навини давлатдории тоҷикон ба шумор меравад. Ин иҷлосия дар шароити ҳассоси сиёсиву иҷтимоӣ баргузор шуда, ба барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат ва рушди минбаъдаи кишвар замина гузошт. То баргузории иҷлосияи таърихӣ мавқеъ ва вазъияти депутатҳои халқ чӣ гуна буд ҳама дар хотир доранд. Тазъиқу зӯроварӣ ба вакилон онҳоро калавандаю саргаранг карда буд ва онҳо аниқ намедонистанд, ки ба кадом самт майл доранд. Дар чунин ҳолат низ, қавииродагии халқи оддӣ водор намуд, ки вакилон ба ҳақиқат рӯй оварда, ба Шурои Олӣ нафареро сарвар интихоб намоянд, ки тақдири ояндаи миллат ва кишварро муайян созад. Вакилон якдилона ба вазифаи раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарзанди ҷасуру бебок ва хирадманди Ватан Эмомалӣ Раҳмонро интихоб намуданд. Ин нахустин ғалабаи афкори мардуми азиятдида буд.
Ҳамин тавр, бо қатъият метавон гуфт, ки иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан иҷлосияи наҷотбахш ба ҳисоб рафта, Сарвари навинтихобгаштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ин иҷлосия интихоб шуд эҳёгар ва наҷотбахши миллати тоҷик маҳсуб меёбад. Зеро ин фарзонафарзанди миллати тоҷик дар он давра ба хотири таъмини сулҳу салоҳ ва оштии миллӣ нақшаҳоеро тарҳрезӣ намуданд, ки дар назари аввал татбиқи онҳо ғайриимкон буд. Чунки шаҳру навоҳии ҷануби кишвар бар асоси ҷангҳои шаҳрвандӣ хароб гашта, ҳазорон ҳазор тоҷикон дур аз Ватан шаҳди ғарибӣ мечашиданд. Сарвари давлати мо тавонист дар як муҳлати кутоҳ ба ҳама он нобасомониву душвориҳо нигоҳ накарда, халқи ғарибгаштаи моро ба Ватан баргардонад ва бо хонаву манзил, ҷойи кор ва шароитҳои мусоид таъмин намояд.
Муаррихону коршиносони сершумори дохиливу хориҷӣ ин иҷлосияро рӯзи барқарории сохти конститутсионӣ, оғози сулҳу субот, рушди иқтисодӣ ва парлумонӣ дар Тоҷикистон медонанд. Иҷлосияи 16-ум дар худ на танҳо як воқеаи сиёсӣ, балки таҷассумгари фалсафаи ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии осоишта буд. Ин иҷлосия нишон дод, ки дар вазъиятҳои мураккаб ва пуршиддат ҳамеша роҳи ҳалли мусолиматомез вуҷуд дорад. Бо қабули қарорҳои муҳим ва муттаҳидсоз, иҷлосия ифодагари он шуд, ки инсон, ҳамчун мавҷуди оқил ва дорои виҷдон, қодир аст, дар вазъияти мушкил роҳи адолат ва осоиштагиро интихоб кунад.
Сулҳ, ки ҳамчун як арзиши олии инсонӣ шинохта шудааст, дар доираи ин иҷлосия на танҳо як ҳадаф, балки як василаи расидан ба адолат ва баробарии иҷтимоӣ шуд. Ин нуқтаи назар ба куллӣ равиши нави ҳалли низоъҳоро дар ҷомеаи тоҷикон муаррифӣ кард.
Илова бар ин, иҷлосияи 16-ум на танҳо як рӯйдоди таърихӣ, балки нуқтаи гардиш дар таърихи муосири Тоҷикистон гардид. Бо шарофати қарорҳои ин иҷлосия, кишвар аз гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ раҳо ёфт ва ба роҳи осоиштаву бунёдкорӣ қадам ниҳод. Он ҳамчунин, заминаи ҳуқуқӣ ва сиёсии рушди ҷомеа ва таҳкими ҳокимияти давлатиро таъмин намуд. Иҷлосия ба ҷаҳониён нишон дод, ки тоҷикон қодиранд мушкилоти дохилии худро бо роҳҳои мусолиматомез ҳал кунанд ва ба сулҳу ваҳдати миллӣ бирасанд. Ин таҷриба баъдтар ҳамчун намунаи муваффақи ҳалли низоъҳои дохилӣ эътироф гардид.
Дарси асосии иҷлосия ин аст, ки сулҳу ваҳдат на танҳо ҳадаф, балки василаи асосии расидан ба ҷомеаи пешрафта мебошад. Ин таҷриба нишон дод, ки бо истифода аз ақлу хирад, ҳамоҳангӣ ва ахлоқ метавон ба ҳар гуна мушкилот ғалаба кард.
Мусаллам аст, ки барои бунёди давлати миллии устувору пойдор ва рушдкарда даҳсолаву садсолаҳо зарур аст. Бояд тазаккур дод, ки ваҳдати миллӣ ва ҳувияти миллӣ ба раванди ташаккулёбии миллат суръат мебахшанд ва ташаккулёбии миллат ба монанди бунёди давлати миллӣ замони тулонӣ ва заҳматҳои зиёдро тақозо намуда, дар ин зимн, маврид ба зикр аст, ки Ваҳдати миллӣ яке аз сутунҳои асосӣ барои бунёди давлати миллии пойдор ва ташаккулёбии миллат ба ҳисоб рафта, он танҳо бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи роҳбарияти сиёсии давлат ва ҷонибдории мардуми кишвар ба даст хоҳад омад.
Қайд кардан зарур аст, ки дар тули зиёда аз сӣ соли Истиқлол мардуми тоҷик дар зери роҳбарӣ ва ҳидоятҳои Қаҳрамони миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ояндаи нек ва зиндагии шоиста заҳмат мекашанд. Имрӯз дар сартосари кишвар амният ва сулҳу субот ва рушди иқтисодӣ таъмин гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба ояндаи дурахшони худ боварӣ доранд, зеро роҳбарии мамлакатро шахси хирадманд, дурандеш, инсонпарвар, фарҳангдӯст ва маорифпарвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда доранд.
Аз ин хотир, мо мардуми тоҷику тоҷикистониро лозим аст, ки дар ин рӯзҳои боз ҳам муташанниҷи вазъи сиёии ҷаҳон дар атрофи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гирди ҳам омада, ин ваҳдати “ба хуни дил ба дастомада”-ро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба ҳамаи мардуми тоҷик мубораку хуҷаставу фархунда бошад!
Мирзозода Ҳ.Х., доктори илмҳои филологӣ, мудири кафедраи филологияи забони англисии ДСРТ