Top.Mail.Ru
Пешвои миллат ва давлатдории миллӣ
Новости

Пешвои миллат ва давлатдории миллӣ

Дар замони муосир, ки нооромиҳо ва тақсимбандии нави ҷаҳон ба миён омадааст, таъмини амният, сулҳу субот ва таҳкими истиқлолу озодӣ аз муҳимтарин вазифаҳои давлату ҷомеа ба шумор меравад. Дар чунин шароит нақши шахсият боз ҳам барҷастатар мегардад ва доштани пешвои воқеӣ, ки тавонад ҷомеаро муттаҳид созад, сохторҳои давлатиро таҳким бахшад ва кишварро ба марҳалаи нави рушд ворид намояд, аҳаммияти муҳим дорад. Дар Ватани азизамон бо кӯшишу талош,  фаъолияти пурсамар ва корномаи таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сулҳу субот пойдор буда, раванди созандагиву бунёдкориҳо вусъати тоза пайдо мекунад. Ба ин маънӣ, дар ёддошти доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи АМИТ Саймумин Ятимов «Хуршеди мулкпарвару султони додгар» корнома ва симои Пешвои миллат ҳамчун шахсияти барҷастаи таърихӣ ба таври возеҳу рӯшан инъикос гардидааст.

Шинохти шахсияти таърихӣ

Бо рушди илмҳои ҷомеашиносӣ, масъалаи шинохти шахсияти таърихӣ аз нигоҳи илмӣ мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифта, дар ин самт таҳқиқоти зиёде анҷом дода шудаанд. Мутолиаи осори марбут ба ин масъала нишон медиҳад, ки шахсиятҳои таърихӣ бо кору пайкор ва фаъолияти доманадори худ дар рушду пешрафти ҷомеаҳои гуногун саҳми назаррас гузоштаанд. Нақши шахсият дар сиёсат низ густурда ва мондагор буда, метавонад бо амал ва фаъолияти хеш ба ҷараёни рушди ҷомеа таъсири амиқ расонад. Ин нукта аз он шаҳодат медиҳад, ки шахсият ҳамчун пешво қодир аст, ҷомеаро муттаҳид созад ва бо рафтору тасмимҳои худ самти рушди онро муайян намояд.

Дар таърихи афкори сиёсӣ донишмандону мутафаккирони зиёде масъалаи муносибати мутақобилаи ҳокимият ва шахсиятро мавриди пажуҳиш қарор додаанд. Аз ҷумла, андешаҳои мутафаккирони барҷаста, чун Афлотун, Арасту ва Т. Гоббс дар ин масъала аҳаммияти хос доранд. Муносибати Афлотун ва Арасту бештар аз хусусиятҳои табиати инсон ва салоҳиятҳои фитрии ӯ манша мегирад.

Самти дигар дар таҳлили масъалаи шахсият, ки ба иҷтимоиёти сиёсии он марбут аст, дар доираи назарияҳои элитаҳо ва пешвогарӣ ташаккул ёфтааст. Дар ин замина, метавон аз осори М. Вебер, Г. Моска, Ф. Паркин, У. Гуд, П. Блау, инчунин, намояндагони назарияи плюрализм – Р. Дал, В. Харт ва ҷонибдорони назарияи пешвогарӣ – Р. Милибэнд, Р. Даусон, К. Превитт ёдовар шуд.

Мутафаккир ва сиёсатмадори рус Г. В. Плеханов бар он назар буд, ки нақши шахсият ва ҳудуди фаъолияти ӯ аз сохтори ҷомеа вобастагӣ дорад ва «характери шахсият танҳо дар ҳамон ҳолат ва ҳамон муҳит ба омили рушди таърих табдил меёбад, ки муносибатҳои иҷтимоӣ ба он имкон фароҳам созанд».

Файласуфи олмонӣ Гегел низ дар масъалаи нақши шахсият бар ин ақида буд, «ҳар чизе, ки воқеист, оқилона аст», яъне, ба амалӣ гардидани қонунмандиҳои зарурии таърих хидмат мекунад. Бархе аз муҳаққиқон Гегелро асосгузори назарияи «муҳити таърихӣ» мешуморанд, ки барои дарки нақши шахсият аҳаммияти калон дорад. Рисолати шахсиятҳои бузург дар дарки марҳалаи навбатии зарурии рушди ҷомеаҳо, муайян намудани ин рисолат ҳамчун ҳадаф ва сафарбар кардани неру барои тат­биқи он ифода меёбад.

Аз ин мафҳуму таъбирҳо ва пажуҳишҳои олимону мутафаккирони ҷаҳонӣ бармеояд, ки нақши шахсият дар ҷомеа фарогир ва ҳалкунанда буда, ину он шахсият метавонад бо донишу ҷаҳонбинӣ ва иродаи қавӣ дар пешрафти ҷомеа саҳми босазо гузорад. Шахс бо амалҳои мондагори худ қодир аст, ки ҳамчун фарди созандаи таърихӣ ва намунаи ибрат барои ҷомеа муаррифӣ гардад.

Аз ин нуқтаи назар, корномаи Пешвои миллат гувоҳи равшани он аст, ки дар шароити ниҳоят мураккаби таърихӣ бо иродаи қавӣ, сиёсати хирадмандона ва қабули қарорҳои қатъию дуруст кишварро аз буҳронҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва хатари аз байн рафтан эмин нигоҳ доштанд. Ба ин мазмун, масоили мазкур дар мақолаи донишманди тоҷик С. Ятимов дар заминаи омӯзишу таҳлил ва баррасиҳои осори мутафаккирону файласуфон ва олимон равшану возеҳ шарҳу тавзеҳ бахшида шудааст.

Илм, дониш ва маърифат

Яке аз масъалаҳои муҳимме, ки дар ёддоштҳо, аз ҷумла, дар навиштаи мазкури донишманди тоҷик С. Ятимов мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифтааст, илм, дониш ва маърифат мебошад. Ин масоил бевосита ба корномаи Роҳбари давлат иртибот дошта, баррасии шахсияти таърихиро дар заминаи ду ҷанбаи асосӣ – моддӣ ва маънавӣ дар бар мегирад.

Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки паст будани сатҳи маънавият хатари ҷиддӣ барои ҷомеа эҷод намуда, метавонад кишварро ба гирдоби нооромӣ ва бесуботӣ ворид созад. Мусаллам аст, ки аксари нооромиҳо, муноқиша ва ҷангҳо маҳз аз буҳрони маънавӣ сарчашма мегиранд. Далели равшани ин гуфтаҳо ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар кишвар мебошад, ки ба ҷомеаву давлат хисороти зиёди маънавию моддӣ ворид намуд.

Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёму суханрониҳои худ ба масоили донишандӯзӣ, рушди маърифат ва фарогирии илмҳои муосир таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд, зеро пойдории маънавии ҷомеа маҳз дар такя ба илм, дониш ва маърифат нуҳуфтааст.

Омӯзиши илму дониш, ки ба баланд гардидани маърифат мусоидат мекунанд, ҷомеаро аз хурофот, ҷаҳолат ва ақибмондагӣ раҳо мебахшад. Маълум аст, ки бисёре аз нокомию шикастҳо маҳз дар заминаи ҷаҳолат ба вуҷуд меоянд ва ҷомеаро ба бунбасту вартаи ҳалокат мувоҷеҳ месозанд. Пешвои миллат пайваста таъкид менамоянд, ки рушди ҷомеа бояд ҳамаҷониба, ҳам аз нигоҳи маънавӣ ва ҳам аз нигоҳи моддӣ сурат гирад. Ташаккули муҳити солими маънавӣ заҳмату тадбирҳои судмандро тақозо менамояд.

Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат соҳаҳои маориф ва илм­ро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ эътироф намуда, ҳаҷми маблағ гузориро мунтазам афзоиш медиҳанд. Ҳамзамон, ҷиҳати мутобиқ гардонидани низоми таҳсилот ба меъёрҳои ҷаҳонӣ корҳои зиёде анҷом дода шудаанд. Имрӯз шароити мусоид барои таҳсил фароҳам шуда, имконоти васеъ ҷиҳати аз худ намудани донишҳои муосир барои хонандагону донишҷӯён муҳайё гардидааст. Ба илмҳои бунёдӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир гардида, тадбирҳои мушаххас андешида меша­ванд. Озмоишгоҳҳои замонавӣ, синфхонаҳои лингофонӣ, муассисаҳои таълимии бо таҷҳизоти муосир таъмин дар ихтиёри муҳассилин қарор доранд. Масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва ба донишҳои замонавӣ фаро гирифтани насли нав ва ҷавонон низ дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор гирифтааст.

Дар баробари ин, бунёди муассисаҳои таълимӣ вусъат ёфта, омӯзиши илмҳои муосир дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ мешавад. Аз ҷумла, омӯзиши зеҳни сунъӣ ва рақамикунонии соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишвар ҳамчун вазифаҳои муҳим дар муассисаҳои таълимӣ муайян гардидаанд.

Дар ин самт, озмунҳои бонуфузи ҷумҳуриявӣ – «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Илм – фурӯғ и маърифат», «Фурӯғ и субҳи доноӣ китоб аст» ва «Шоҳномахонӣ» ба роҳ монда шуданд, ки аз як ҷониб, ба болоравии сатҳи маънавият, худшиносӣ ва эҳсоси ватандӯстӣ, аз ҷониби дигар, ба рушди илму дониш ва маърифати ҷомеа замина мегузоранд.

Ба масъалаи рушду такмили илм дар кишвар низ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир гардидаву Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Барои муҳаққиқони ҷавон шароити мусоид фароҳам гардидааст ва бояд пажуҳишҳои онҳо ба рушди иқтисоди миллӣ такони ҷиддӣ бахшад. Илм такмилбахши иқтисодиёт буда, муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ маҳз ба он вобаста аст. Бинобар ин, Пешвои миллат дар Паёму суханрониҳои худ масъалаҳои илмиеро матраҳ менамоянд, ки на танҳо аҳаммияти миллӣ, балки байналмилалӣ доранд. Ин равиш нишонаи равшани шахсияти таърихӣ ва ҷаҳонбинии илмию маърифатмандонаи Пешвои миллат мебошад.

Шоҳиди корномаҳо

Мусаллам аст, ки дар шинохти шахсияти таърихӣ, дар баробари омӯзиши назариявӣ, шоҳиди бевоситаи корномаҳо будан муҳим аст. Дар ёддошти ходими намоёни давлатӣ С. Ятимов ин масъала ба таври равшан инъикос ёфта, маҳз ҳамроҳ будан, мушоҳидаҳои наздик ва суҳбатҳо бо аҳли ҷомеа дар шинохти симои шахсияти Пешвои миллат ҷойгоҳи вижа касб кардааст.

Бешак, ҳар амалу рафтор ва иқдоми Роҳбари давлат ҳамчун шахсияти таърихӣ ба атрофиён таъсир мегузорад ва дар фаъолияти масъулини давлатӣ низ таҷассум меёбад. Профессор С. Ятимов аз ҷумлаи он шахсиятҳоеанд, ки бевосита шоҳиди сухан, амалу рафторҳои неку созандаи Пешвои миллат буда, таъсири файзбахшро дар фаъолияти худ ва вазъи иҷтимоии ҷомеа эҳсос намудаанд.

Дар баробари ин, ҳамаи мо шоҳид ҳастем, ки Пешвои миллат зимни сафарҳои хеш ба шаҳру ноҳияҳои кишвар бо мардум аз наздик суҳбат намуда, бо самимият ва садоқати хос бо онҳо мулоқот мекунанд. Қадрдонии собиқадорон, дастгирии ятимон, таваҷҷуҳ ба заҳмати кормандони соҳаҳои гуногун ва эҳтиром ба арзишҳои инсонӣ аз нишонаҳои равшани ахлоқи сиёсӣ ва инсондӯстии Пешвои миллат маҳсуб меёбанд.

Ин ҳама гувоҳи онанд, ки Сарвари давлат ҳамеша дар паҳлуи мардум қарор дошта, ҳадафи асосии фаъолияти худро ба беҳбуди шароити зиндагии аҳолӣ ва таҳкими эътимоди иҷтимоӣ равона намудаанд.

Ҳангоми сафарҳо ифтитоҳи муассисаҳои таълимӣ, мулоқот бо омӯзгорону хонандагон ва ташвиқи онҳо ба омӯзишу мутолиа аз ҷумлаи иқдомҳое мебошанд, ки сиёсати маърифатпарваронаи Пешвои миллатро бозтоб менамоянд. Ҷомеа маҳз аз ҳамин рафтору амалҳо дарк мекунад, ки Пешвои миллат ҳамеша дар андешаи мардум, ҳифзи сулҳу субот, истиқлолу озодӣ ва бунёдкорию созандагии кишвар мебошанд.

Ин нуктаҳо ва паҳлуҳои дигари фаъолияти Пешвои миллат ҳам аз нигоҳи роҳбарӣ ва ҳам аз лиҳози гуманизму инсондӯстӣ дар ёддош­ти доктори илмҳои сиёсӣ С. Ятимов ҷолибу муассир инъикос ёфтаанд. Муаллиф бо такя ба мушоҳидаҳо ва таҷрибаи бевосита тавонистааст, ки симои Пешвои миллатро ҳамчун шахсияти таърихӣ бо далелҳои воқеӣ муаррифӣ намояд: «Дар рафтор, гуфтор ва зиндагии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун инсон ман шахсияти поктинат, одӣ, хоксор, фурӯтан, хушсуҳбат, нек­табиат, ҳимматбаланд, фарди доно ва роҳбари тавоно, фасеҳгуфтор, марди худогоҳу ватандӯст, эҳёгари анъана ва бузургии ниёкон, таърихофарин, пайвандгари тоҷикон, ангезандаи руҳи миллӣ, муҳофизи Ватан, масъулиятшинос, руҳбахш, пуркору накукору пурсаъйу қарин ба одамони меҳнатӣ ва дардошноро дарёфтам».

Хулоса

Эссеи «Хуршеди мулкпарвару султони додгар» бо маҳорати баланд навишта шуда, дар он нақшу рисолати шахсияти таърихӣ ба таври амиқ шарҳу тавзеҳ бахшида шудааст. Воқеан, ҳар гоҳ сухан аз Тоҷикистони соҳибистиқлол, сулҳу субот, пешрафту шукуфоӣ, ободиву созандагӣ, ҳифзи арзишҳою анъанаҳо ва мактаби давалатдории миллӣ равад, дар саргаҳи ин ҳама дастовардҳо Пешвои миллат қарор мегиранд.

Ба ин мазмун, пешниҳод ва хулосаҳои муҳаққиқ С. Ятимов қобили дастгирӣ мебошанд. Корномаи Пешвои миллат бояд ҳамчун падидаи муҳимми таърихӣ аз нигоҳи сиёсӣ, таърихӣ, фалсафӣ, сотсиологӣ, публитсистӣ, ҳуқуқӣ ва этикӣ ба таври амиқ мавриди омӯзишу таҳлилу пажуҳиш қарор гирад. Ин омӯзиш метавонад ҳамчун намунаи ибрат ва рисолати ватандорӣ барои наслҳои оянда хидмат намояд. Аз ин рӯ, ёддошти мазкур на танҳо бозгӯи корномаи шахсияти таърихист, балки ба таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ дар таҳкими давлатдорӣ мусоидат менамояд.

Насриддин ОХУНЗОДА, номзади илми филология

×