Top.Mail.Ru
Огоҳӣ ва пешгирии терроризм, экстремизм ва ифротгароӣ: хатар ва таҳдидҳо
Новости

Огоҳӣ ва пешгирии терроризм, экстремизм ва ифротгароӣ: хатар ва таҳдидҳо

Дар чанд соли охир яке аз масъалаҳои ҷиддие, ки ҷомеаи муосирро ташвиш медиҳад, ин густариш ёфтани экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроти хавфнок мебошад.

Гурӯҳҳои ифротӣ барои расидан ба ҳадафҳои сиёсии худ бештар ба ҳиссиёти динӣ таъсир расонида, талош мекунанд афродро ба он бовар кунонанд, ки гӯё сиёсатҳои давлатӣ зидди арзишҳои динӣ мебошанд. Онҳо барои амалӣ кардани мақсадҳои нопоки худ Исломро ҳамчун воситаи фиреб истифода мебаранд.

Дар аксари мавридҳо ҷавонон аввалин қурбониёни терроризм ва экстремизм мегарданд. Аз ин рӯ, ҳар як ҷавон бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, сабабу омилҳои пайдоиши гурӯҳҳои радикалӣ ва террористиро амиқан омӯзад ва барои пешгирӣ аз чунин хатарҳо талош намояд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар устувор боқӣ монад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мекунанд, ки вазъи ҷаҳони муосир рӯз то рӯз мураккаб гардида, хатарҳои нав, аз ҷумла терроризм ва экстремизм, афзоиш меёбанд. Инчунин бархӯрди манфиатҳои қудратҳои ҷаҳон ва бӯҳронҳои иқтисодию молиявӣ боиси ташаннуҷи бештари вазъи сиёсии кураи замин гардидаанд.

Дар замони нооромиҳои солҳои гузашта – аз баргузории майдоннишиниҳо то гаравгонгирӣ, фишор ба вакилони мардумӣ, ҳамла ба кормандони давлатӣ ва ишғоли биноҳои ҳукуматӣ – ҷавонон ҳамчун қишри осебпазир бештар аз ҳама зери хатар қарор доштанд, ки ин барои миллат мусибати бузург буд. Танҳо сиёсати оқилона ва сулҳталабонаи Пешвои миллат имкон дод, ки кишвар дар муддати кӯтоҳ оромӣ ва Истиқлолияти давлатиро дубора устувор гардонад.

Аз таҳлили фазои иттилоотии ҷаҳон бармеояд, ки дар даҳсолаҳои охир таблиғи ақидаҳои ифротӣ ва тундгароёна ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст. Мутаассифона, ин раванд барои амнияти кишвар ва минтақа таҳдиди ҷиддӣ мебошад. Баъзе ҷавонони тоҷик таҳти таъсири гурӯҳҳое қарор мегиранд, ки бо баҳонаи динӣ мехоҳанд вазъи сиёсиро ноором созанд. Онҳо динро барои расидан ба ҳадафҳои худ истифода бурда, зидди арзишҳои миллӣ ва дунявӣ таблиғ мекунанд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба Маҷлиси Олӣ низ таъкид намуданд, ки мубориза алайҳи терроризм, экстремизм, хурофот ва ифротгароӣ, инчунин ҳифзи манфиатҳои миллӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти давлатӣ ва муассисаҳои илмӣ мебошад. Имрӯз дар ҷаҳони Ислом шумораи зиёди ҳаракатҳо ва ҳизбҳои ифротӣ фаъолият доранд, ки бо дастгирии қудратҳои хориҷӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, роҳ ёфта, метавонанд субот ва амнияти ҷомеаро халалдор созанд.

Аз ин рӯ, пешгирии экстремизм бояд ба ҳамкории оила, мактаб, муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори омма асос ёбад. Дар чунин шароит ҳар як шаҳрванди худшиносу ватандӯст, махсусан ҷавонон, бояд аз ақидаҳои гурӯҳҳои манфиатҷӯ, ки дини Исломро бо тундгароӣ баробар медонанд, дурӣ ҷӯянд. Зеро пайвастан ба чунин ҳаракатҳо на танҳо ҷони шахсро зери хатар мегузорад, балки метавонад боиси марги садҳо нафар гардад.

Ҳар як сокини кишвар бояд барои ҳифзи истиқлолият, якпорчагӣ ва амнияти давлат саҳм гузорад. Ояндаи миллат танҳо дар мавҷудияти давлати мустақили тоҷикон имконпазир аст.

Мирзобаева А.Ш., ассистенти кафедраи иқтисоди ҷаҳонӣ, ДДҲБСТ

×