Top.Mail.Ru
Нишони ҷавонмардӣ
Новости

Нишони ҷавонмардӣ

«Ёддоштҳо»-и донишманд Саймумин Ятимов имрӯз китоби саридастии аҳли китоб гаштааст ва хушбахтона, дар саҳифаҳои фейсбукӣ ҳам порчаҳо аз он ҷой дода мешаванд, ки хеле хонданибобанд.

Аз ҷумла қиссаи вохӯрии муаллифи китоб бо як шахси хеле самимӣ, паҳлавони номдори ноҳияи Рӯшон – Девлохпаҳлавон бо истеъдоди хоссаи нависандагӣ рӯйи коғаз оварда шудааст. Бо забони хеле содаву зебо, тасвирҳои аҷоиб ва мақсади хеле наҷиб.

Ду марди ҷавону тануманду паҳлавони, ду соҳибномуси миллат - Девлохи Рӯшонӣ  ва Сафари Кӯлобӣ пас аз рақобати байниҳамдигарӣ ва ҷмуноқишаҳои ҷавонони солҳои 70-80-уми асри гузашта, ба хотири амну амонии дигарон дасти дӯстӣ ба ҳам медиҳанд, ки аз мардонагии онҳо шаҳодат медиҳад ва муаллиф қайд мекунад:

Бо ҳамин Девлох бо Сафар оштӣ мекунанд. Ҷӯра мешаванд. Баъди ин рақобати эҳсосотии бачаҳои кӯҳистон барҳам мехӯрад.

Ана ҳамин навиштаи муаллиф хеле асос аст. Мақсад аз овардани ин воқеаи ҳаётӣ талқини гузашт кардан,  бахшида тавонистан аст, ки муаллиф онро хеле олиҷанобона ба қалам додааст. Зеро дар хуни мардуми тоҷик мафҳуми “бахшидан” бо шир андарун шудааст. Бахшидан худ як ойини ҷавонмардист, ки на ҳар кас метавонад, рақиби худро бахшад. Бахшиш бошад роҳи асосии ҳалли муноқишаву низост. Ҳамин аст нишонаи мардонагиву мардӣ.

Мамадалӣ Бахтиёров, сокини ноҳияи Рӯшон

×