Танзими ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ мувофиқи меъёрҳои қонунгузории амалкунанда ифодакунандаи манфиатҳои миллӣ мебошад. Дар танзими ҳуқуқӣ ва татбиқи фаъолияти соҳибкорӣ, робитаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла иқтисоди хориҷӣ, ҷабҳаҳои гуногуни хоҷагидорӣ бо унсурҳои хориҷидошта, манфиатҳои миллӣ пеш аз ҳама аз ҷониби шохаҳои ҳокимияти давлатӣ татбиқ мегарданд. Мазмун ва моҳияти манфиатҳои миллӣ аз сиёсати имрӯзаи қонунгузорӣ, амалишавии онҳо, таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои соҳибкорон (истеҳсолкунандагон, иҷрокунандагони кор ва хизмат), бо ташаккули маърифати ҳуқуқӣ бевосита алоқамандӣ дорад.
Коррупсияро ҳамчун яке аз таҳдидҳои муҳим ба амнияти миллӣ, аз ҷумла амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобидан мумкин аст. Зеро зоҳир гаштани муфтхӯрӣ дар сатҳи муносибати иқтисодӣ оҳиста ба ришвагирӣ ва нопокӣ мубаддал мегардад. Дар натиҷаи он муносибати муътадили корӣ дигаргун гашта, маънои худро гум мекунад ва нуфузи корӣ паст мегардад. Тавре амалия шаҳодат медиҳад, фаъолияти соҳибкорӣ дар фазое, ки коррупсия пойдор аст ва дар амалкарди шохаҳои ҳокимияти қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ мушкилиҳо мавҷуданд, самарабахш рушд ёфта наметавонад.
Дар ин ҷода, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи мубориза бо амалҳои коррупсионӣ, пешгирии он дар ҳама сатҳи идоракунии давлатӣ аҳамияти хоса ҷудо менамоянд. Чунончӣ, дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 ироа намуданд: «Бо вуҷуди пешравиҳои назарраси солҳои охир, ҳанӯз баъзе ҷанбаҳои калидии соҳа, аз ҷумла баланд бардоштани сифати тарбияи кадрҳо, аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ аз ҷумлаи масъалаҳои ҳалталаби соҳа мебошанд».
«Мо диққати сохтору мақомоти давлатӣ ва аҳли ҷомеаро мунтазам ба масъалаи пурзӯр намудани мубориза бо коррупсия ҷалб менамоем…».
Татбиқи муттасили сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ дар Тоҷикистони муосир зарурияти фароҳам овардани заминаҳои ҳуқукии муқовимат ба коррупсияро пеш овардааст. Дар ин асос дар кишвар қонунгузории зиддикоррупсионӣ ҳамчун воситаи муҳимми пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ ташаккул дода шудааст. Яке аз он, аз ҷумла, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 1999 №1262 «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисодиёт ва коррупсия (ришвахӯрӣ)» буда, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон №1714 аз 7 августи соли 2020 «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» бо назардошти уҳдадориҳои байналмилалӣ дар таҳрири нав қабул карда шуд. Ҳамчунин бо мақсади беҳтар намудани вазъи пешгирии коррупсия, саривақт ошкор намудани ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ва афзоиши ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешгирӣ, мубориза ва кам намудани миқдори қонуншиканиҳои коррупсионӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1504 аз 30.08.2013 «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» тасдиқ карда шудааст.
Дар ин радиф, дар сатҳи байналмилалӣ бошад, яке аз ҳучҷатҳои асосӣ ва муҳимми ҳуқуқӣ ин аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 сентябри соли 2006 ба имзо расонидани Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид муқовимат бар зидди коррупсия ба шумор меравад. Баробари андешидани як қатор чораҳои ташкилию ҳуқуқӣ дар кишвар зуҳуроти коррупсионӣ қатъ нагардидааст ва ҳатто афзудааст. Дар ин бобат Пешвои миллат таъкид намуда буданд, ки «…бо вуҷуди тадбирҳои дар ин самт андешидаи Ҳукумат ҳанӯз ҳам ҳолатҳои содиршавии амалҳои коррупсионӣ кам нестанд».
«Коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддии рушди босуботи кишвар буда, метавонад боиси коҳиш ёфтани эътибору обрӯи давлат дар арсаи байналмилалӣ ва норизоии шаҳрвандон аз фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ гардад».
Ҷолиби қайд аст, ки пайваста ба масъалаи таъмини самаранокии мубориза бо падидаҳои коррупсионӣ аз ҷониби Президенти кишвар супориш дода шуда буд, ки лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии зарурӣ ва саривақтӣ таҳия ва қабул карда шуда бошад. Маҳз дар ин ҷода Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», ки соли 2020 қабул шуд, вобаста ба шароити имрӯза дар таҳрири нав таҳия ва қабул гардид.
Қобили қайд аст, ки ҳастии зуҳуроти коррупсия дар он мебошад, ки вай дар шуури одамон, дар ахлоқ ва рафтори онҳо чуқур ҷойгир шуда, васеъ паҳн шуда истодааст. Ба андешаи мо, яке аз роҳҳои пешгирии амалҳои коррупсионӣ ин ташаккули шуури зиддикоррупсионӣ ва фарҳанги зиддикоррупсионӣ мебошад, ки дар ҷараёни он одамон оид ба зуҳуроти коррупсия ҳамчун падидаи воқеияти муосир маълумоти муайян пайдо менамоянд ва аз роҳҳои пешгирии паҳншавии он бархӯрдор мегарданд.
Пайваста ба ин дар адабиёти соҳавӣ зери мафҳуми «шуури зиддикоррупсионӣ» маҷмӯи мафҳумҳо, назарияҳо, тасаввурот ва ҳиссиёт, ақида ва эҳсосот, баҳодиҳӣ ва гузорише фаҳмида мешавад, ки муносибати одамонро нисбати коррупсия ҳамчун шарри иҷтимоӣ инъикос менамояд.
Ҳамин тавр, хусусияти шуури зиддикоррупсионӣ дар он аст, ки вай воқеияти ҳаётро тавассути диди манфӣ, муносибати тоқатнопазир нисбати низои манфиатҳо дар ҳар шаклҳои зоҳиршавии он инъикос менамояд ва баъдан айнан такрор мекунад. Қайд карда мешавад, ки он муқаррар намудани меъёрҳои умумиҳатмии рафторро талаб мекунад.
Баробари ҳамин, фарҳанги зиддикоррупсионӣ яке аз унсурҳои муҳимми низоми фарҳанги маънавӣ мебошад. Ба андешаи олимон, он қобилияти бошуурона ва боадабона ба коррупсия муқовимат нишон додани инсонро ифода менамояд.
Дар шароитии имрӯза фарҳанги зиддикоррупсионӣ мақоми падидаи ногузири объективиро пайдо менамояд ва онро бояд ҳар як узви мукаллафи ҷомеа дарк намояд. Амалия шаҳодат медиҳад, ки коррупсия яке аз омилҳои халалрасони пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ мебошад. Роҳбарони ширкатҳо дар фаъолияти худ ба додани ришва одат кардаанд ва онро падидаи муқаррарӣ меҳисобанд. Лекин бояд дар назар дошт, ки зуҳуроти коррупсионӣ дар дурнамои миёна ва дарозмуҳлат баргашта меояд ва ба фаъолияти соҳибкорӣ таъсири худро мерасонад. Ҳуқуқвайронкунӣ соҳибкорро побанди доимии мансабдорони давлатӣ мегардонад, ки қонунро аз руйи салоҳдиди худ ва ба манфиати шахсии худ шарҳ медиҳанд.
Ҳамин тариқ, дар фаъолияти соҳибкорӣ ҳангоми ба корхона бо роҳи қонунӣ ҳал кардани масъала нисбат ба роҳи ғайриқонунӣ гаронтар рост ояд; риояи талаботи ҳатмӣ ба фоидаи корхона ва ё фаъолияти он таҳдид орад; масъала бо роҳҳои қонунӣ умуман ҳалли худро наёбад; шахси ҳавасманд фишанги гирифтани даромади муфтро дар даст дошта бошад; амалҳои ғайриқонунӣ нисбат ба роҳҳои қонунии он эҳтимолияти баланди ба мақсад ноил гардиданро дошта бошад ва ғайра, роҳи коррупсионии ҳалли масъала истифода бурда шавад, самаранок мебошад.
Қайд кардан лозим меояд, ки натиҷаҳои аҳдҳои коррупсионӣ новобаста аз он, ки бо ташаббуси кӣ ба амал бароварда шудааст, чунинанд: муҳити корӣ вайрон мегардад, афзуншавии хатари пастравии рақобатпазирӣ ва камшавии миқдори соҳибкорони поквиҷдон, самараи «мултипликативӣ» байни соҳибкорон ва ҳатто дар ҷомеа ба вуҷуд меояд.
Аз ин нуқтаи назар, зарур аст, ки дар фазои соҳибкорӣ нисбати коррупсия, омилҳои коррупсионӣ мухолифат дар ҳама шаклҳои зоҳиршавии он ташаккул дода шавад, муносибатҳои кории мутамаддин, ки дар принсипҳои рақобати солим ва афзалияти обрӯю нуфузи кории софдилона асос меёбад, инкишоф дода шавад.
Фарҳанги зиддикоррупсионӣ дар фазои соҳибкорӣ бо худ низоми арзишҳоеро ташкил медиҳад, ки дар асоси он мухолифат ва муқовимат ба коррупсия дар фаъолияти иқтисодӣ гузошта шудааст. Он нуқтаи назарро ба робитаҳои корӣ аз диди ахлоқӣ ва ғайри ахлоқӣ, ҳуқуқӣ ва ғайри ҳуқуқӣ ва ғайра инъикос менамояд. Ташаккули фарҳанги зиддикоррупсионӣ бо дарназардошти миқёси паҳншавии коррупсия дар фазои соҳибкорӣ ҷараёни басо муҳим мебошад.
Сабабҳои имконпазирии ҳолатҳои номатлуби коррупсионӣ дар фаъолияти соҳибкории субъектон аз номуназзам будани тартиботи корхона, суст будани мониторинг ва назорат, ношаффоф будани мақомоти идоракунии корхона дар ҳалли қарорҳои калидӣ, қоидаҳои ахлоқиро ҷонибдорӣ накардани роҳбарияти корхона ва ғайра иборат мебошад. Роҳбарияти корхона бояд дар мисоли худ тоқатнопазириро ба коррупсия нишон дода, барои аҳли кормандон намунаи ибрат бошад.
Ташаккули фарҳанги зиддикоррупсионӣ дар фазои соҳибкорӣ, алалхусус дар корхона корбариро бо ҳайати кадрии он, бо мақсади баланд бардоштани шуурнокӣ, софдилӣ ва масъулиятнокии кормандон шарт мегузорад. Дар дохили корхона ҳалли муаммоҳо вобаста ба коррупсия аз ҷониби роҳбарият ва ё соҳибмулк имконпазир аст. Барои такомули низом ва расму қоидаҳои дохилии қабули қарорҳо, ҳамчунин барои тамоман номақбул гаштани амалҳои коррупсионӣ вақт лозим аст.
Натиҷаи якчанд таҳқиқот нишон медиҳад, ки соҳибкорон пешгирӣ ва муборизаи бомуваффақиятро бо коррупсия дар истифодаи ду роҳи асосӣ мебинанд: 1) муқаррар намудани ҷаримаи калон барои ришва, ки ҷавобгарии ришвахӯронро баланд мебардорад; 2) ташхиси ҷамъиятии қонунгузорӣ ҷиҳати шаффоф будани он ва мураттабии тасвияти он.
Ба андешаи мо, дар қатори чораҳое, ки ҳолатҳои коррупсиониро дар соҳаи рушди фаъолияти соҳибкорӣ пешгирӣ карда метавонанд, дохил кардан мумкин аст:
- мукаммалӣ ва шаффофияти қонунгузорӣ;
- ихтисори иштироки давлат дар иқтисодиёт;
- истиснои низои манфиатҳо;
- қабули кодекси ахлоқи хизматчиёни давлатӣ;
- интихобшавии хизматчиёни давлатӣ.
Ҳамин тавр, ҳама гуна ҷойи холимондаи танзими ҳуқуқӣ дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти соҳибкорӣ барои коррупсия заминаи мусоид шуда метавонад. Ҳалли масъалаи мазкур на танҳо аз давлат, балки аз самаранокии ҳамкории ҷомеа, ҳокимият ва соҳибкорон вобаста аст. Дар шароити имрӯза асоси фарҳанги зиддикоррупсиониро дар фазои соҳибкорӣ рафтори аз ҷиҳати иҷтимоӣ масъулиятноки он, яъне масъулияти иҷтимоии соҳибкорӣ ташкил медиҳад.
Ҷавобгарии иҷтимоии соҳибкорӣ ҳамчун воситаи ташаккули шуури зиддикоррупсионӣ маҳсуб меёбад. Дар зери мафҳуми ҷавобгарии иҷтимоии соҳибкорӣ уҳдадории ихтиёрии соҳибкорон ҷиҳати татбиқи чунин сиёсат, қабули чунин қарорҳо ва интихоби чунин самти фаъолият фаҳмида мешавад, ки онҳо бо мақсад ва арзишҳои ҷомеа мувофиқ бошанд.
Имрузҳо ҳудуд ва самтҳои ҷавобгарии иҷтимоии соҳибкорӣ васеъ гардида истодаанд. Он бо саховатмандӣ ва эҳсонкорӣ маҳдуд набуда, балки мутобиқатии баамалбарории фаъолияти соҳибкорӣ ба меъёрҳои ҳуқуқӣ; риояи қоидаҳои ахлоқи касбӣ ва расмӣ; иҷроиши ӯҳдадориҳо дар назди кормандони ширкат; иҷроиши ӯҳдадориҳо дар назди истеъмолкунандагон ва ғайраро дар бар мегирад. Баҳри ҷоннок намудани кӯшишҳо ҷиҳати мубориза бар зидди коррупсия давлат метавонад чунин ташаббуси мусбиро, ба монанди эътирофи ҷомеа истифода барад.
Ҳамин тариқ, дар роҳи муқовимат, мубориза бо коррупсия ташаккули фарҳанги зиддикоррупсионӣ ногузир буда, дар ҷараёни он саҳми ҳар як узви ҷомеа талаб карда мешавад. Ба андешаи мо, вақти он расидааст, ки дар кишвари мо ба нақшаҳои таълимӣ фанни асосҳои фарҳанги зиддикоррупсионӣ ҷорӣ карда шуда, омӯзиши он аз зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ оғоз гардад. Чунин таҷриба дар аксарияти кишварҳои хориҷӣ вуҷуд дорад ва истифодаи он дар Тоҷикистон дар ташаккул ва рушди фарҳанги зиддикоррупсионӣ самара хоҳад бахшид.
Самадзода Бахтиёр Одилҷон, мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва байналмилалии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент