Инсон дар тасвири одами ба худаш наздик бо қалам хеле оҷизӣ мекашад, зеро васфи шахси асил дар ҳақиқат мушкил аст. Аммо таҷассуми чунин афрод дар навиштори муаллифи «Ёддоштҳо» Саймумин Ятимов, бо тамоми нозукиҳову ҷузъиёти сифот, хулқу атвор ва хислату салиқаи қаҳрамононаш далолат аз он аст, ки ба атрофиёнаш хеле наздику самимӣ дар муносибот будааст. Ба замми ин, тасвири табиати кӯҳистон бо сеҳру зебоиҳояш дар баҳору тобистону тирамоҳ, сахтиву мушкилиҳояш дар фасли зимистон баёнгари ҳунари волои эҷодии нависанда мебошад.
Банда чандин мақолаи илмии Саймумин Ятимовро дар матбуоти даврӣ мутолиа намудаам. Фикри бикри амиқи фалсафӣ, хулосаҳою баҳогузории аниқи воқеият дар онҳо аз дарки пурраи маънавии нигорандаи сатрҳо башорат медиҳад.
Дар «Ёддоштҳо» ҳар як сарлавҳа моҳияти аслии мундариҷаи навиштаро возеҳ инъикос мекунад. Аз он аллакай пай мебарӣ, ки мавзуъ васфи дӯсти ҳақиқию самимӣ, накӯкору серкор аст ё кашфи кадом як сирру асрори зиндагӣ ва муаммоҳои сарбастаи ҳаёти инсон.
Аз ҷумла, дар қиссаи хотиравии «Дӯсте пуркору накӯкору пурасрор» пиндору рафтори як фарди одии кӯҳистонӣ – Мансурхонро ба қалам додааст. Агар хонанда вақти мутолиа ба фаҳмиши мақсади амиқи муаллиф аз чанд ҷиҳат муваффақ шавад, равшан мебинад, ки симои амаки Мансурхон таҷассуми беҳтарини ҷиҳатҳои хуби хислати инсонии мардуми кӯҳистон аст.
Албатта, мо танҳо як-ду тарафи ҳикояи воқеиро мавриди баҳс қарор медиҳем, ки дар ин дарёи бекарони фикр муаллиф ҷонибҳои беҳтаринашро кушодаву нишон додааст. Ӯ тавонистааст барои ҷаззобияти асар аз санъатҳои иғроқу киноя, муболиға, ташбеҳу маҷоз ва амсоли инҳо моҳирона истифода барад. Ё вобаста ба мавзуъ, ба қаҳрамони худ дигар хусусиётеро ҳам медиҳад, ки аз будаш зиёд ҳам бошад, аммо онҳо аз ҳақиқати аслӣ дур нестанд. Чунончи, чандин лаҳзаҳои зиндагии амаки Мансурхонро бо обуранги бадеӣ айнан овардааст, ки қиссаро дучанд хонданибоб мегардонанд.
Саймумин Ятимов дар ин нигоштаҳо меҳру муҳаббати хешро нисбат ба мардуми Бадахшон, аз ҷумла, бошандагони ноҳияи Рӯшон, бо самимияти хосу аз сари сидқ ҷой додааст. Ин бахши «Ёддоштҳо»-ро ҳатто метавон дар шакли алоҳида зери унвони «Ёддошти Бадахшон» бознашр намуд.
Лайло Чоршанбезода, муовини раиси ноҳияи Рӯшон