Новости

«Эҳёи миллат-бақои давлат» - рисолат ва мавзӯи рӯз

«Эҳёи миллат-бақои давлат» - рисолат ва мавзӯи рӯз

Рисолаи профессор С. Ятимов таҳти унвони “Эҳёи миллат – бақои давлат” бо моҳияти фарогири иделогӣ ҳамоҳанги замон буда, дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ (бархурди мафкураҳо) хосияти мушаххаси роҳнамоӣ дорад. Рисола зина ба зина бо руҷуъҳои бо ҳам алоқаманд аксар муаммоҳои муосиру таърихии ҷомеасозӣ ва давлати миллиро дарбар гирифта, ифодагар ва идомаи мантиқии сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Як хосияти назарраси рисола он аст, ки дар он ҷуръати илмӣ ва ҳукму хулосаҳо қатъӣ мешаванд. Ин ҷиҳат дар қисмати “Давлат ва масъалаҳои ҷаҳонбинӣ” хеле равшан падидор аст. Давлат аз нигоҳи муаллиф аз се ҷанба – амният, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт таркиб ёфта, аз лиҳози фарогирӣ кулли шохаҳову ҷараёнҳои инкишофи ҳаётро дар ботини худ нигоҳ доштаанд. Дар ҳақиқат яклухтӣ, мухторӣ ва озодманишӣ пойдевори аслии давлат аст ва ҷои инкор низ нест, ки дар сурати “инкор гардидан ва рахна гардидан”-и яке аз ин се унсур давлат нест мешавад. Тавре дар оғоз ишора гарид, муаллиф бо назардошти таҳоҷум ба олами афкори ҷомеа (ғасби олами мафкура) дар шароити ҷаҳонишавӣ андешаҳояшро самт бахшида, ҷаҳонибинии оммаро ҳам мураккаб ва ҳам осебпазир медонад, ки он воқеияти ҷаҳони муосир мебошад. Ҳарчанд дар ин самт мисоли мушаххас пеш оварда нашавад ҳам, хеле нозукона ибораи “таҷрибаи байналхалқӣ” ба бисёр масъалаҳо ишора менамояд, ки дар доираи он хонандаи закӣ асли мақсадро зуд дарк менамояд. Ҷои шубҳа нест, ки мувофиқати ҷаҳонбинии омма ба сохти давлатдорӣ дар ҳама давру замонҳо масъалаи калидӣ ба шумор меравад ва мағзи андешаҳои муаллиф дар ин қисмат ҳамин аст. Яъне идеология ва мафкурасозии мудовим дар ҷомеа кафолати бақои давлат аст ва ҳеҷ гоҳе бетафовутӣ, саҳлангорӣ ва муносибати лоқайдона пояҳои давлати миллиро таҳким бахшида наметавонанд.

Яке аз қисматҳои ҷолиб, реалӣ ва холисонаи рисолаи С. Ятимов ин “Руҳоният ва даврони эҳё” мебошад. Мусаллам аст, ки ба манфиатҳои миллӣ мувофиқ намудани таъйинот, назария ва амалияи дин дар шароити имрӯза муҳимтарин ҳадаф буда метавонад. Бо оҳанги такрор боз ҳамон андешаро таъкид намудан лозим аст, ки дин ин фарҳанг аст.

Муаллиф рисола бо таҳлилҳои асосноки илмӣ ва усули қиёсии баёни андеша бо оҳанги саволу хитоб ҳар як қисмати рисоларо бо ҳам пайванди мантиқӣ бахшидааст. Масалан, дар руҷӯи “Эҳёи миллӣ ва суботи миллӣ” бо суроғи зиндагии шоистаи инсон роҳу василаи аз як зина ба зинаи дигар гузаштан ва суботмандона тай кардани марҳилаҳоро ҳамчун савол пеш гузоштааст, ки ҷавоби онҳоро дар уфуқҳои фарогирифтаи рисола хеле осон пайдо карда метавонем. Садои даъвати муаллиф оҳанги худшиносии миллиро касб менамояд ва боҷуръатона аз он таъкид карда мешавад, ки таблиғи бедории миллии мо бояд на зоҳириву намоишкорона, балки дар пояи воқеият сурат гирад. Дуруст аст, ки Ақл, Хирад ва Мантиқ пояи меҳварии бедории миллӣ ба шумор меравад ва мавҷудияти воқеии хирадгароиву ақлсолорӣ дар тамоми табақаҳои ҷомеа муҷиби таҳкими давлатдории миллӣ гардида метавонад.

Рисолаи “Эҳёи миллат – бақои давлат” – рисолат ва мавзӯи рӯз аст, ки ба доираи васеи аҳли зиё нигаронида шудааст. Он дар заминаи омӯзиши гузашта, ташхиси имрӯза ва дурнамои фазои мафкурасозиҳо дар роҳи Эҳёи миллат таркиб ёфтааст. Ба назар гирифтани таҳлилҳо, таҳқиқҳо, ҳушдору хулосаҳо ва пешниҳодоту чандин ҷузъиёти дигари рисолаи мазкур вазифаи олимону муҳаққиқону адибонест, ки ҳамчун бунёдгарони олами маънавӣ эҳсоси самимиву баланди ватандӯстӣ доранд.

 

Хадамоти матбуоти ДСРТ

×