Top.Mail.Ru
Ваҳдати миллӣ ва тарбияи ватандӯстии ҷавонон
Новости

Ваҳдати миллӣ ва тарбияи ватандӯстии ҷавонон

«Ҷавонон бояд хуб дарк намоянд, ки тақдири ояндаи халқу давлат ба дӯши онҳо гузошта шудааст. Ҳифзу обод кардан ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани Ватани ободу рушдёбанда масъулияти бузург дорад ва ҳар фарди ҷавонро вазифадор менамояд, ки ҳамеша ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ, густариши худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстӣ кӯшишу талош намояд».

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолияту ваҳдат барои ҳар як инсон муқаддастарин ва муҳимтарин арзишҳои зиндагӣ маҳсуб меёбанд. Истиқлолият барои рушду инкишофи зеҳниву фарҳангии ҳар фарди комилҳуқуқ  чун боду ҳаво зарур аст. Маҳз ҳамин паҳлӯи масъаларо ба назар гирифта, бани башарият аз давраҳои хеле қадим барои таъмини озодиву истиқлолияти давлатӣ саъю талош намуда, бо амри виҷдону шуури созанда, ҳувияти баланди ватандӯстиву ҳисси волои истиқлолхоҳӣ барои якпорчагии давлату ватани маҳбубашон муборизаҳои беамон бурдаанд. Ҳатто дар ин роҳи бас мушкилу пурмасъулият ҷон бохта, аз роҳи пешакардаашон як қадам ҳам ақиб нагаштаанд, зеро медонистанд, ки дар пайи ин ҳама сӯхтанҳо сохтанҳо ниҳон аст.  Охир, кулли мардуми рӯйи ҷаҳон бояд бо ҳам дӯсту бародар ва ғамхори якдигар бошанд, то ин ки дунё ободу мардуми сайёраи Замин орӣ аз ҳама дарду ғам бошанд. Абуахлоқ Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ ин маъниро чунин ба қалам додааст:

Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
Ту, к-аз меҳнати дигарон беғамӣ,
Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ!

Миллати тоҷбарсари тоҷик бо ифтихори баланди ватандӯстӣ, ҳисси волои хештаншиносиву масъулияти баланди шаҳрсозиву истеъдоди беназири фарҳангофарӣ дар саргаҳи тамаддуни ҷаҳонӣ мақоми баландро соҳиб аст. Ниёгони мо на танҳо озодиву истиқлоли ватани худ, балки оромиву сулҳу соботи саросари ҷаҳонро хоставу орзу кардааст. Аз ҷониби Куруши Кабир ба тасвиб расонидани Эъломияи ҳуқуқи башар, орзуву омоли миллионҳо мардумро барои расидан ба рӯзи фархундаву доштани ҳуқуқу озодиҳо бароварда сохт. Ин  намунаи олии инсондӯстӣ ва заминаи муътамади хайрхоҳии умумибашарист. Зеро роҳандозии ин санади муҳимми тақдирсоз ба ҳаёти иҷтимову иқтисодӣ, сиёсиву фарҳангӣ ва мадании миллати мо ва дигар халқиятҳои ҷаҳон такони ҷиддӣ бахшида, уфуқҳои нави давлатдориро боз намуд.

Ин азми қавию масъулияти баланди истиқлолхоҳии инсониятро шоири оташинсухан, муборизи роҳи озодӣ Абулқосим Лоҳутӣ дар шеъри “Бандагӣ даркор нест” бо нангу номуси озодихоҳӣ чунин баён кардааст:

Зиндагӣ озодии инсону истиқлоли ӯст,
Баҳри озодӣ ҷадал кун, бандагӣ даркор нест.

Табиист, ки ҳар як инсон узви комилҳуқуқи ҷомеа маҳсуб меёбад.  Аҳли ҷомеа бошад, дар ҳар як давру замон барои тараққиёти давлату сарафрозии миллат масъулияти баланди шаҳрвандиро ба дӯш дошта, ба ҷо овардани ин масъулиятро қарзи виҷдониву имонӣ ва шаҳрвандӣ меҳисобанд.  

Миллати тоҷик, агарчанде ки дар тӯли таърих бар асари истилои аҷнабиён зери таъсири фарҳангҳои бегона қарор гирифта буд, лекин як лаҳза аз ёди ҳувияти миллӣ, истиқлоли давлатӣ ва озодии фитриву зеҳнӣ орӣ набуданд. Ин нуктаро Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби “Забони миллат – ҳастии миллат” чунин зикр намудааст:“...Гузашта аз ин мардуми шикастхурда, вале таслимнавандаи мо на танҳо забони худро ҳифз кард, балки сад сол аз ғалабаи араб нагузашта, ҷунбиши зиддихилофат ва истиқлолхоҳии машҳур ба шуубияро (миёни асри VIII) пайрезӣ карда, муқобили зулму фишори маънавии араб бархостанд”.

Натиҷаи азми қавию талошҳои хастанопазир ва истиқлолхоҳии ниёгони мо буд, ки баъди истилоҳи араб аввалин давлати мутамаркази тоҷикон бо номи Сомониён таъсис ёфт. Ин давлати муқтадиру тавоно минбаъд дар рушду инкишофи илму адаб ва фарҳанги тоҷик саҳми босазою нақши тақдирсоз гузошт. Дар давраи ҳукмронии амирони сомонӣ таъриху фарҳанг ва адабиёту забони миллати тоҷик саҳифаҳои тозаву мондагорро касб намуд. Бо шарофати сиёсати пешакардаи амирони сомонӣ барои адабиёти тоҷик давраи рушду инкишоф ва шукуфоӣ даррасид, ин ин давраро барои адабиёти тоқик дар сафҳаҳои таърих бо номи асри тиллоӣ ном бурдаанд.

Устод Рӯдакӣ азамату бузургӣ ва сиёсати давлати Сомониёнро арҷ гузошта, дар қасидаи “Шикоят аз пирӣ” дар вақти ифшои сатҳи иҷтимоии зиндагонии худ чунин кардааст:

Киро бузургиву неъмат зи ину он будӣ,
Варо бузургиву неъмат зи оли Сомон будӣ.

Мутаассифона, дар охири асри X дар натиҷаи омилҳои мураккаби дохилӣ ва хориҷӣ давлати Сомониён  инқироз ёфт. Баъди ин воқеаи мудҳиш халқи тоҷик тули садсолаҳо дар орзуи истиқлолият ва озодии ватану дурахшиши таъриху фарҳанг ва маданияти оламгири худ буд. Ба бахти миллати тоҷик соли 1991 Тоҷикистон дар баробари дигар давлатҳои узви Иттиҳоди шуравӣ истиқлолияти давлатӣ ба даст овард. Ин ҳодисаи фараҳбахш дар роҳи созандагиву ободкорӣ ва расидан ба асолати миллии худ: дар самти шинохту арҷгузории арзишҳои миллӣ, ба мисли таъриху фарҳанг, забон ва муқаддасоти миллӣ шароити мусоид фароҳам сохт. 

Бадбахтона, ҳанӯз пояҳои давлати тозаистиқлоли ватани азизу маҳбубамон – Тоҷикистон устувор нашуда, соли 1992 дар кишварамон бо талошҳои душманони миллати тоҷик оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга гирифт. Дар он рӯзҳои пурошуб дар баробари ба коми оташ рафтани хонаву дари ҳазорон сокинони кишвар ва хароб шудани шаҳру деҳот, бино ба маълумоти оморӣ даҳҳо ҳазор одам ҷон бохтанд. Оташи ҷанги шаҳрвандӣ дар як муддати кутоҳ чунон аланга гирифт, ки мардуми тоҷик дигар ба фардои давлат боварӣ надошт. Қариб як миллион ҳамватанонамон тариқи дарёи Панҷ ба давлати ҳамсоя –  ба хоки Ҷумҳурии исломии Афғонистон панаҳ бурданд, ба истилоҳ гуреза шуданд.

Дар он рӯзгори барои мардуми сарсону саргардон, аз Ватану хонаву дар ва хешу табор дурафтода муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Президенти Ҷумҳурӣ таъйин гардид. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали роҳбарииашон ба мардуми Тоҷикистон муроҷиат карда гуфтанд: “Ман ба Шумо сулҳ меорам”. Ӯ ҳамчун Президенти тозаинтихоб ба нуқтаҳои ҷангзадаи кишварамон сафар намуда, барои бо мухолифин аҳдномаи сулҳу дӯстӣ бастан вохӯрӣ намуд. Дар баробари ин, Ҷаноби Олӣ ба Ҷумҳурии исломии Афғонистон сафар намуда, бо ҳамватанонамон, ки барои ҷон ба саломат бурдан ба хоки давлати ҳамсоя гузашта буданд, вохӯрдӣ кард. Дар аснои он вохӯрӣ бо чунин муроҷиатнома баромад намуд: “Ҳамватанони азиз! Шуморо ватанатон, хонаву даратон, хешу таборатон, ҳаққу ҳамсояатон интизор аст. Ман ба шумо кӯҳи зар ваъда намекунам, як коса обу як бурда ноне, ки дорем, бо ҳам мебинем. ”

Чи тавре ки гузашти вақт нишон дод, Пешвои миллат бо азми қавӣ, иродаи матин ва ҳисси баланди ватандӯстӣ дар мамлакатҳои бо мо дӯсту ҳамсоя бо мухолифон суҳбату мулоқотҳо гузаронида, 27-уми июни соли 1997 ҳуҷҷати муҳимму тақдирсоз – Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ миёни гурӯҳи мухолифон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Аз ин рӯзи саиду дилафрӯз дар саросари мамлакатамон сулҳ ҳукмфармост. Президенти кишварамон бо хотима бахшидани ҷанги шаҳрвандӣ бори дигар ба ҷаҳониён собит намуд, ки халқи тоҷик мардуми далер, шуҷо, ҳимматбаланд, ҳикматдӯст буда, дар ягон дару замон бо ягон миллату халқияте барои ғасби ҷою макон ва мусодираи моли дигар халқиятҳо наҷангидааст. Родмардони ватани мо, ба мисоли Спитамен, Деваштич, Темурмалик, Восеъ ва дигар фарзонафарзандони миллати тоҷик барои ҳифзи марзу бум, арзишҳои миллӣ, шаъну шарафи миллату пайдории мамлакатомон бар зиди аҷнабиён ҷангида, ин ватани аҷдодиамонро ҳифз намуда, қаҳрамонона ба ҳалокат расидаанд.

Имрӯз бо боварии том метавон гуфт, ки Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба монанди дигар қаҳрамонони миллат барои пойдории Истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими Ваҳдати миллӣ дар назди халқу Ватан рисолати ба дӯш доштаашро, ки аз таъмини сулҳу суббот ва аз вартаи ҳалокат раҳонидани Ватани азизамон иборат буд, бо сари баланд иҷро намуд. Ҷонфидоиву аз худ гузаштанҳо ва сина сипар кардани  Пешвои миллатро назора намуда, мисраъҳои зерин ба ёд мерасад:

Одамият чист? – Худро дур аз шар доштан,
Хайрхоҳи халқ будан, нафъи безар доштан...
Равзаи ризвони миллатро ба оби иҷтиҳод,
Ҳамчу боғи хулд доим тозаву тар доштан.

Бояд махсус қайд кард, ки миллати тоҷик дар ниҳоди худ нисбат ба миллатҳои дигар  ба ҷуз меҳр, эътиқоду эҳтиром чизи дигарро намепарварад. Саъдии Шерозӣ ба ин маънӣ фармудааст:

Дилро ба дил раҳест дар ин гунбади сипеҳр,
Аз рӯйи кин кину аз рӯйи меҳр меҳр.

Ба ибораи дигар:

Изҳори ҳамдардиро аз дида бояд омӯхт,
Ки ҳар узве ба дар ояд, ба ҳолаш дида мегиряд.

Маҳз ҳамин эҳсосоти наҷиби инсонӣ, яъне меҳру муҳаббат буд, ки мардуми тоҷик ба рӯзи нек ва рӯзгори обод расид. Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ ба ин маънӣ фармудааст:  

Осоиши ду гетӣ тафсири ин ду ҳарф аст,
Бо дӯстон мурувват, бо душманон мадоро.

Ҳамин панди ниёгон дар лаҳзаҳои душвортарин ба миллатамон чун машъали фурӯзон дар шаби тори ҳаводиси таърихӣ роҳкушо шуд. Самараи истиқлолияту давлати ноёби Ваҳдати миллӣ барои тамоми қишрҳои ҷомеа шароити хубу арзандаро дар самти рушду инкишофи модиву маънавӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангиву адабӣ фароҳам овард. Алалхусус барои рушди зеҳнии ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳои зарурӣ андешида шуд, зеро масъалаи тарбияи ватандӯстии ҷавонон ба савияи дониш, сатҳи ҷаҳонбинӣ ва маърифатнокии онҳо бастагии комил дорад.

Гузашта аз ин, агар мо ба таърихи 34-солаи Истиќлолияти кишвари мањбубамон назар афканем, маълум мегардад, ки халќи тољик дар таърихи начандон зиёд дастовардњои муњимми иќтисодиву сиёсї, илмию фарњангї ва техникиву истењсолиро ба даст овардаанд. Агар ба сањифањои таърихи давлатдории тољикон назар кунем, ба хуби эњсос мекунем, ки барои барќарор ва нигоњ доштани ин марзу бум садњо фарзандони фарзона љони худро нисор намудаанд. Имрўз љавононро зарур аст, ки корнамоињои фарзандони фарзонаи миллатро, ки барои њифзу озодии Ватан, нигоњ доштани шаъну шарафи миллати тољик ва якпорчагии он љонбозињо кардаанд, барои љомеаи шањрвандї ва љањони муосир муаррифї намоем. Вобаста ба ин, њисси ватандўстию хештаншиносии љавонон дар замони Истиќлолияти давлатї рушд ёфта, эњсоси баланди масъулият ва ба ќадри ин мероси ниёкони худ – Ватан мерасанд ва њар як зараи хоки онро азизу муќаддас мешуморанд.

Заминаи њамаи ин дастовардњо дастгирии доимии Пешвои миллат ва Њукумати Љумњурии Тољикистон мебошад, ки дар замони Истиќлолият бо ќабул гардидани Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи сиёсати давлатии љавонон» аз 13 марти соли 1992, Фармони Президенти Чумњурии Тољикистон аз 23 майи соли 1997 «Дар бораи тадбирњои бењтар намудани кор бо љавонон» ва дар њамин замина таъсис дода шудани Кумитаи кор бо љавонони назди Њукумати Љумњурии Тољикистон, ќабул гардидани Барномаи миллии «Чавонони Тољикистон» барои солњои 1999-2000 (5 октябри соли 1998), Барномаи миллии «Љавонони Тољикистон барои солњои 2001-2003» (соли 2001), таъсис додани Љоизаи ба номи Исмоили Сомонї (20 марти соли 1998), Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон «Дар бораи таъсиси стипендияњои Президенти Љумњурии Тољикистон барои хонандагони мактабњои тањсилоти њамагонї, литсейњо, гимназияњо, омўзишгоњњои касби-техникї, техникумњо ва коллељњо» (26 феврали соли 1998), таъсис додани рўзномаи «Чавонони Точикистон» (23 феврали соли 1998), 23 май эълон гардидани Рўзи љавонони Тољикистон, баргузор гаштани фестивалњои њамасолаи дўстии љавонон шањодати раднопазир дар солњои Истиќлолияти давлатї ба амал омадани таѓйироти куллї дар њаёти љавонони кишвар мањсуб меёбад.

Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста кӯшиш менамояд, ки барои ба талаботи стандартҳои ҷаҳони муосир ва бозори меҳнат ҷавобгӯ будани мутахассисони ҷавон тамоми шароитҳоро фароҳам оварда, саҳми босазои онҳоро дар рушди соҳаҳои ҳаётан муҳимми ҷомеа таъмин намояд. Пешвои миллат дар ҳама ҳолат ба ҷавонон такя намуда, ҷавононро қувваи бузурги пешбарандаи ҷамъият дониста, иштироки фаъолонаи онҳоро дар рушду инкишофи давлат ва мустаҳкам намудани пояи сулҳу ваҳдат муҳим мешуморанд. Дар баробари ин, ба ҷавонон пайваста таъкид менамоянд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сарҷамъу  иттифоқ бошед, зеро мо яроқи ҳастаӣ надорем, иттиҳоду сарҷамъии мо яроқи ҳастаии мост.

Бо дарназардошти суханҳои Пешвои муаззами миллат ҷавононро лозим аст, ки аз ҳарвақта дида ба Ватану давлати хеш содиқ бошанд. Дар зери сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат умр ба сар бурда, манфиатҳои миллату давлатро болотар аз ҳама гуна  манфиатҳо гузоранд. Зеро ояндаи дурахшони миллат аз амнияти миллӣ, пойдории сулҳу ваҳдат ва якпорчагии Ватани азизамон – Тоҷикистон вобастагӣ дорад.

Бо умеди пойдории Истиқлолияти давлатӣ, таҳкими Ваҳдати миллӣ, сарфарозии миллат ва тантанаи шукуҳу ҷалоли фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик ба суханҳоямон иктифо бахшида, аз забони шоир чунин гуфтанием:

Гар надорӣ дӯст мулки Тоҷикон.
Расму ойин таъриху фарҳанги он,
Хешро ту тоҷикистонӣ мадон,
Хешро ту тоҷикистонӣ махон.
Эй бародар, тоҷикистонӣ бишав.
Нурбахши оли Сомонӣ бишав...

Амлоев Аминҷон Ятимович – дотсенти кафедраи забони тоҷикии ДСРТ


×