Top.Mail.Ru
Ӯзбекистон – Тоҷикистон: Ба сӯи таҳкими эътимоди мутақобила ва рушди муштарак
Новости

Ӯзбекистон – Тоҷикистон: Ба сӯи таҳкими эътимоди мутақобила ва рушди муштарак

Имрӯз, Ӯзбекистон бо кушодани роҳ ба ҷаҳон, сиёсати хориҷии прагматикӣ, ки ба принсипҳои ҳамсоягии нек ва дӯстӣ асос ёфтааст, пеш мебарад. Ба шарофати дастгирии васеи роҳбарони ҳамсоя аз ташаббусҳои Президент Шавкат Мирзиёев, ки ба рушди муносибатҳои дӯстона, ҳамсоягии нек ва мутақобилан судманд бо кишварҳои минтақа равона шудаанд, муколамаи сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ ба таври назаррас тақвият ёфта, эътимоди мутақобила рушд ёфтааст.

Дар ин сиёсат муносибатҳои Ӯзбекистон бо Тоҷикистон - кишваре, ки мардуми ӯзбек бо он аз қадимулайём робитаҳои дӯстона ва хешовандӣ доштанд, мавқеи махсусро ишғол мекунанд. Сарфи назар аз забонҳои гуногун доштан ин ду халқро дини муштарак, идҳо, анъанаҳо ва расму оинҳои ягона муттаҳид мекунанд. Тасодуф нест, ки онҳоро "як халқе, ки бо ду забон гап мезанад" меноманд.

Ба шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи роҳбарони ду кишвар, дар таърихи муносибатҳои дуҷонибаи боби нав кушода мешавад. Дар солҳои охир дар ҳама соҳаҳои ҳамкорӣ тамоюли мусбати устувор мушоҳида мешавад. Имрӯз муносибатҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон мунтазам рушд мекунанд ва ба сатҳи шарикии стратегӣ расидаанд. Равобити дуҷониба хусусияти гуногунҷабҳа пайдо кардааст, ки на танҳо соҳаҳои сиёсат, балки иқтисодиёту фарҳанг ва дипломатияро низ дар бар мегирад. Қаринияти таърихии байни ду халқ, ки бар пояи таърих, фарҳанг ва арзишҳои муштараки маънавӣ ташаккул ёфтааст, ба ин муносибатҳо аҳаммияти хоса медиҳад. Анъанаҳои чандинасраи эҳтироми мутақобила ва ҳамсоягии нек рушди минбаъдаи ҳамкорӣ заминаи мустаҳкаме мебошад. Дар ин замина, муштаракияти тамаддунӣ омили муҳимест, ки ба наздикшавии боз ҳам бештари ду халқ мусоидат мекунад.

Дар марҳилаи кунунӣ муносибатҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон хусусияти сифатан нав пайдо мекунанд. Дар ин раванд иродаи мустаҳками сиёсӣ, муколамаи боэътимод ва дурнамои стратегии роҳбарони ду кишвар - Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон - муҳиманд. Чаҳорчӯби ҳуқуқии ҳамкории дуҷонибаро як қатор ҳуҷҷатҳои калидӣ, аз ҷумла Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 январи соли 1993, Аҳдномаи дӯстии абадӣ байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июни соли 2000 ва Аҳдномаи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 августи соли 2018 ташкил медиҳанд.

Дар шароити мураккаб ва зуд тағйирёбандаи сиёсӣ муносибатҳои иттифоқум байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон аҳаммияти махсусан калон доранд. Ба шарофати иродаи сиёсӣ ва ҳамкории амалии роҳбарони давлатҳо робитаҳои дуҷониба мунтазам рушд мекунанд. Дар айни замон, масъалаҳои амнияти минтақавӣ амиқтар кардани ҳамкориро тақозо мекунанд. Вокунишҳои муштарак ба таҳдидҳои эҳтимолӣ ва ҳамоҳангсозии сиёсати хориҷӣ имрӯз муҳимтарин вазифаҳо мебошанд. Ҳамкории иқтисодӣ дар соҳаҳои саноат, истихроҷи маъдан, муҳандисии электротехникӣ, нақлиёт, саноати сабук, тандурустӣ, илм ва муҳандисии кишоварзӣ фаъолона рушд мекунад. Лоиҳаҳои муштарак барои навсозии инфрасохтори роҳ ва роҳи оҳан амалӣ карда мешаванд. Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 26-27 март ба кишвари мо сафари давлатӣ доштанд. Дар рафти ин сафар ду роҳбар музокироти хусусӣ ва аввалин ҷаласаи Шӯрои Олии байнидавлатро ба анҷом доданд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо самтҳои нави ҳамкорӣ, имкониятҳои эҳтимолиро таҳлил карда, як қатор қарорҳои муҳимро қабул карданд, ки ба тақвияти назарраси ҳамкории мутақобилан судманди Ӯзбекистон ва Тоҷикистон нигаронида шудаанд. Таваҷҷуҳи махсус ба чораҳо оид ба афзоиши тиҷорати мутақобила, ҳавасмандгардонии ҳамкории саноатӣ, тақвияти пайвастагии нақлиётӣ ва баланд бардоштани амнияти обӣ ва баркӣ равона карда шуд. Соли гузашта гардиши мол қариб ба 1 миллиард доллар расид, ки ин пеш аз ҳама аз ҳисоби таъминоти мутақобилаи маҳсулоти тайёр ба даст омадааст. Лоиҳаҳои сершумори ҳамкорӣ дар саноат, сохтмон, кишоварзӣ, нассоҷӣ, электротехника, дорусозӣ ва бисёр бахшҳои дигар бомуваффақият амалӣ карда мешаванд.

Дар айни замон, пойтахтҳои ду кишвар тавассути хизматрасонии ҳавоӣ, автобусӣ ва роҳи оҳан пайвастанд. Ҳаҷми боркашонӣ босуръат афзоиш меёбад. Имкониятҳо барои то соли 2028 то 2 миллиард доллар афзоиш додани тиҷорати мутақобила баррасӣ мешаванд. Ин бо созишномаҳо оид ба суръат бахшидан ба таъсиси минтақаи тиҷоратии Ойбек-Фотеҳобод, ҷорӣ кардани системаҳои сертификатсияи маҳсулоти рақамӣ ва мубодилаи иҷозатномаҳои E-Permit ва навсозии нуқтаҳои гузаргоҳи марзӣ мусоидат хоҳад кард. Ғайр аз ин, барномаи алоҳидаи ҳамкории саноатӣ, аз ҷумла лоиҳаҳо дар соҳаҳои истихроҷи маъдан, барк, кишоварзӣ, муҳандисии барқ, саноати сабук, сохтмон ва дигар бахшҳо, қабул карда мешавад. Дар ҷараёни сафари давлатӣ бинои нави сафорати Тоҷикистон дар Тошканд ифтитоҳ ёфт. Ин чорабинӣ бори дигар саъю кӯшиши мутақобиларо барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, шарикии стратегӣ ва иттифоқии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон тасдиқ кард. Сафари давлатии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон як қадами муҳим дар самти амалӣ кардани имкониятҳои ҳамкории дуҷониба буд.

Умуман, муносибатҳои иттифоқии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон на танҳо ба рушди ду кишвар, балки ба таҳкими субот ва ҳамкорӣ дар саросари Осиёи Марказӣ низ саҳми назаррас мегузоранд.

Кафедраи забони тоҷикии ДСРТ

×