Top.Mail.Ru
Терроризм ва ифротгароӣ – зухуроти номатлуби замони муосир
Новости

Терроризм ва ифротгароӣ – зухуроти номатлуби замони муосир

Дар давраи ҷаҳонишавии муосир терроризм ва ифротгароӣ аз ҷумлаи хатарҳои ҷиддии глобалӣ ба шумор рафта, ба амнияти миллӣ, суботи сиёсӣ, рушди иҷтимоӣ ва устувории фарҳангии давлатҳо таъсири манфии амиқ мерасонанд. Ин ду падида ҳамчун зуҳуроти мураккаби иҷтимоӣ-сиёсӣ қобилияти халалдор намудани сохти давлатдорӣ, вайрон сохтани тартиботи ҳуқуқӣ, барангехтани низоъҳои миллӣ, динӣ ва иҷтимоӣ ва ба вуҷуд овардани фазои даҳшату ноамниро доро мебошанд.

Терроризм маҷмӯи амалҳои ба ҷомеа хавфоваре мебошад, ки бо истифодаи зӯрию зӯроварӣ, тарсонидан, расонидани зарари ҷисмонӣ, ва ё маҷбур сохтани мақомоти давлатӣ ба қабули қарорҳои хилоф бо мақсади ба даст овардани манфиатҳои сиёсӣ ё идеологӣ сурат мегирад. Ин амалҳо боиси маҳдуд шудани ҳуқуқу озодиҳои инсон, халалдоршавии амнияти ҷамъиятӣ ва ба миён омадани оқибатҳои вазнин мегарданд.

Ифротгароӣ дар мафҳуми илмӣ ҳамчун ҷараёни иҷтимоӣ-сиёсие муайян мегардад, ки дар он гурӯҳҳои алоҳида ё шахсони ҷудогона бо такя ба ақидаҳои тундрав, мафкураи яктарафа ва таҳаммулнопазирӣ нисбат ба дигар афкор ва қишрҳои ҷомеа, барои тағйири сохти қонунии давлат ё тартиботи ҷамъиятӣ бо ҳар роҳ, аз ҷумла бо зӯроварӣ, талош меварзанд. Ифротгароӣ метавонад динӣ, сиёсӣ, миллиӣ, иҷтимоӣ ё фарҳангӣ бошад, аммо хатарноктарин шакли он ифротгароии динӣ ба ҳисоб меравад. Ин шакл бо истифодаи арзишҳои динӣ ба манфиати гурӯҳҳои тундрав равона гардида, ҳадафи асосии он заифсозии пояҳои давлатдорӣ, халалдор кардани ваҳдати миллӣ ва барангехтани ихтилофоти мазҳабӣ мебошад.

Террор дар давраҳои гуногуни таърихӣ ҳамчун яке аз василаҳои асосии муборизаи сиёсӣ истифода шудааст. Дар давраи инқилобҳо ва аксулинқилобҳо гурӯҳҳои гуногуни сиёсӣ бо истифода аз зӯроварӣ талош мекарданд, ки рақибони худро нобуд созанд. Гарчанде мафҳуми «террор» дар аҳди қадим ҳанӯз шакли расмии имрӯза надошт, таърих нишон медиҳад, ки гурӯҳҳои сиёсӣ аз ин васила барои даҳшатофарӣ ва ба даст овардани нуфуз истифода мебурданд. Чунончӣ, баъзе мутафаккирони бостон, аз ҷумла Ксенофон, террорро ҳамчун воситаи муассири мубориза донистаанд.

Ифротгароии динӣ, ки имрӯз бештар паҳн мегардад, паёмади тағйироти геополитикӣ, афзоиши рақобати абарқудратҳо, инчунин истифодаи дини мубини Ислом аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатҷӯ ба манфиатҳои сиёсии худ мебошад. Ин гурӯҳҳо тавассути таълимоти таҳрифшуда, ваъдаҳои бардурӯғ ва истифодаи муҳити иҷтимоӣ-иқтисодӣ ҷавононро ба дом мекашанд. Онҳо бо фиреби идеологӣ амалҳои террористиву зиддидавлатиро «қаҳрамонӣ» ё «ҷиҳод» нишон дода, мақсад доранд нуфузи миллӣ ва суботи давлатдории кишварҳоро таназзул диҳанд.

Беҳатарии миллии Тоҷикистон низ зери таъсири чунин хатарҳо қарор дорад. Душманони миллат бо таблиғоти беасос талош мекунанд миёни шаҳрвандон нисбат ба давлат нобоварӣ паҳн созанд, сатҳи ваҳдати иҷтимоиро паст кунанд ва ҷавононро ба ҳаракатҳои тундрав ҷалб намоянд. Ин дар ҳолест, ки аксарияти онҳо худ аз саҳнаи сиёсӣ канора гирифта, дар паноҳи кишварҳои дигар зиндагонӣ мекунанд ва бар зидди давлату миллат амал менамоянд. Худшиносии миллӣ, маърифати ҳуқуқӣ, ҷаҳонбинии илмӣ ва донистани таърихи миллат аз омилҳои асосии пешгирии гаравидан ба ифротгароӣ мебошанд. Нодонистани таърих, бетаваҷҷуҳӣ нисбат ба арзишҳои миллӣ ва бехабарӣ аз дастовардҳои фарҳангӣ инсонро ба бегонапарастӣ ва таъсирпазирии идеологияҳои хатарнок мебарад.

Муҳаққиқон ва коршиносон таъкид мекунанд, ки нақши маориф, фарҳанг, тарбия ва васоити ахбори умум дар коҳиши ифротгароӣ бениҳоят муҳим аст. Вақте арзишҳои маънавию ахлоқӣ заиф мешаванд, зеҳни ҷавонон зуд ба таъсири таблиғоти тундравона гирифтор мегардад. Аз ин рӯ, таҳкими маориф, баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ-сиёсӣ ва рушди тафаккури интиқодӣ дар насли ҷавон ҷузъи ҷудонашавандаи амнияти миллӣ мебошад.

Дар шароити мураккаби геополитикӣ зарур аст, ки аҳолӣ, хусусан ҷавонон, ба ҳифзи арзишҳои миллӣ, риояи фарҳанги давлатдорӣ, эҳтироми истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва муқаддасоти динӣ ҷалб карда шаванд.

Имрӯз маводи таблиғотии гурӯҳҳои ифротӣ собит месозад, ки онҳо талош доранд дар байни мардум нисбат ба давлату ҳукумат нобоварӣ эҷод кунанд ва миёни шаҳрвандон тафриқа андозанд. Ин гурӯҳҳо худашон аз ширкат дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар канорагирӣ намуда, баръакс аз хориҷа амалҳои таҳрифкоронаро таблиғ мекунанд. Онҳо бо шиорҳои сохтаи «динӣ» ҷавононро фирефта, ба амалҳои зиддидавлатӣ, ифротгароӣ ва терроризм даъват мекунанд ва ин амалҳои нопокро «қаҳрамонӣ» ва «фидокорӣ» нишон медиҳанд. Дар асл, ҳадафи онҳо паст задани нуфузи миллӣ ва иҷрои супоришҳои сарпарастони бегона мебошад.

Истиқлолият ва давлатдории миллӣ арзишҳое ҳастанд, ки пос доштани онҳо қарз ва масъулияти ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад. Фаҳмиши дурусти таърих, худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба дастовардҳои маънавӣ ва фарҳангӣ барои ҳифзи ин арзишҳо зарур аст. Баръакс, беэътиноӣ ба таърихи миллат, бехабарӣ аз арзишҳои фарҳангӣ ва нодонистани аҳамияти истиқлол шахсро ба бегонапарастӣ ва нодида гирифтани дастовардҳои миллӣ мебарад.

Нақши фарҳанг, маърифат, таълим ва тарбия дар пешгирии ифротгароӣ бисёр муҳим аст. Аз ин рӯ, гурӯҳҳои манфиатҷӯй аввалин навбат ба арзишҳои маънавию фарҳангӣ ҳамла мекунанд: ахлоқро заиф месозанд, тафаккури ҷавононро таҳриф мекунанд ва сипас онҳоро ба амалҳои хатарнок мекашанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки камбизоатӣ, набудани маърифати ҳуқуқӣ, паст будани худшиносӣ, набудани тарбияи дурусти миллӣ ва сатҳи нокифояи таҳсилоти ҷавонон аз омилҳои асосии ба доми гурӯҳҳои ифротӣ афтодани ҷавонон мебошанд. Аз ин рӯ, вазифаи шаҳрвандӣ ва таърихии мо — ҳифзи истиқлолият, осоиштагӣ ва амнияти ҷомеа аз таҳдиди ин нерӯҳои харобкорӣ мебошад.

Дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ ва тағйироти босуръати сиёсиву иқтисодӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, ҳифзи симои миллӣ ва мазҳабӣ, боло бурдани сатҳи фарҳангӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва огоҳии сиёсӣ, хусусан миёни ҷавонон, аҳамияти бузург дорад. Аз ин рӯ, тарбияи ватандӯстонаи насли наврас, рушди худшиносии миллӣ, ҷалби ҷавонон ба корҳои созанда, ҳифзи дастовардҳои миллӣ ва мустаҳкам намудани ваҳдати миллӣ хеле муҳим аст. Хулоса мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ танҳо бо роҳи ҳамгироии ҷомеа, сиёсати дурусти давлатӣ, таҳкими маориф, баланд бардоштани сатҳи фарҳанг ва худогоҳии миллӣ имконпазир аст.

Абдуллоева А.Т., н.и.и., дотсенти кафедраи иқтисоди ҷаҳонии ДДҲБСТ (Хуҷанд, Тоҷикистон)

×