Top.Mail.Ru
Терроризм ва таҳдидҳои он ба амнияти миллӣ ва суботи сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Новости

Терроризм ва таҳдидҳои он ба амнияти миллӣ ва суботи сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолият бо зуҳуроти терроризм ва тундгароии динию сиёсӣ рӯ ба рӯ гардида буд. Ҳанӯз аз солҳои 1992 сар карда тундгароёни динию сиёсӣ, пеш аз ҳама, тундгароёни исломӣ барои муташанниҷ намудани авзои сиёсии мамлакат ва ташкил намудани давлати исломӣ дар муқобили ҳукумати конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон усулҳои террористии муборизаи сиёсиро истифода менамуданд. Дар ин давра на танҳо намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои қудратӣ, балки донишмандон ва равшанфикроне, ки ҷонибдори ҳукумати конститутсионӣ буданд, ҳадафи тундгароёни исломӣ қарор мегирифтанд. Қобили зикр аст, ки «дар ин давра тундгароёни диние, ки дар хориҷи кишвар қарор доштанд, ба гурӯҳҳои силоҳбадасти мухолифини исломии Тоҷикистон роҳу усулҳои фаъолияти террористиро меомӯзониданд. Дар баъзе аз мавридҳо худи онҳо дар амалиёти ҳарбӣ ва террористӣ бевосита иштирок менамуданд». Сол то сол таъсири ин падида ба суботи сиёсӣ ва амнияти миллии кишвар бештар гардида, дар солҳои минбаъда низ хавфу хатари ба амал омадани ҳуҷумҳои террористиро зиёд намудаанд. Ғайр аз ин, як қатор олимони ватанӣ таъкид бар он менамоянд, ки муташанниҷ гардидани авзои сиёсию геополитикии олам, пайдоиши субъектҳои нави геополитикӣ, бархӯрди манфиатҳои геополитикӣ, шиддат гирифтани ҷангҳои иттилоотию идеологӣ боиси тавсеа ёфтани фаъолияти ташкилотҳои террористию экстремистӣ мегардад. Бо дарназардошти чунин вазъият ва махсусан, дар шароити зуҳури терроризми байналмилалӣ ва зиёд гардидани шумораи ташкилотҳои террористию экстремистӣ ҳифзи суботи сиёсии ҷомеа ва таъмини сулҳу субот аз ҳарвақта дида муҳимтару заруртар гардидааст.

Вобаста ба таъсири терроризм ва хавфу хатари он тӯли ду даҳсолаи охир олимону муҳаққиқони ватанӣ андешаҳои гуногун баён намуда, дар маҷмӯъ, оқибатҳои ногувори ин падидаи номатлубро барои давлатдаории навини тоҷикон иброз доштаанд. Чунончӣ, Н.Ш. Раҳмонова дар таҳқиқоти худ иброз медорад, ки «амалияи вобаста ба ҷалби қишрҳои гуногуни ҷомеа ба равияҳои ифротӣ на танҳо дар ки-швари мо, балки дар дигар мамлакатҳо низ нишон медиҳад, ки танҳо қишри ҷавон бештар ба онҳо рӯ оварда истодааст, ки ин боиси таассуфу ташвиш аст. Зеро, вақте ки ифроту терроризм симои нав касб мекунад, ин метавонад ба пояҳои амнияту суботи кишварҳо зарбаи сахт зада, паҳншавии ин равияҳои номатлубу харобиоварро қувват бахшад. Истифодаи нерӯи ҷавонон дар амалӣ намудани ғояҳои хатарноки ифротӣ нишонаи костагии мафкуравӣ ва ғоявии онҳо буда, рафъи ин ҳолат ҳамбастагии фаъолияти тамоми ниҳодҳои низоми сиёсиро тақозо менамояд».

Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар ҳудудҳои мамлакат аз ҷониби ташкилотҳои террористӣ ва гурӯҳҳои силоҳбадасти ҷиноӣ дар муқобили олимону донишмандон, арбобони сиёсӣ, сиёсатмадорон ва ниҳодҳои давлатӣ пайваста амалҳои террористӣ ва ҳуҷумҳои мусаллаҳона анҷом дода мешуд. Ғайр аз ин, онҳо дар аксар маврид ба ғорати аҳолии осоишта ва таҷовус намудани занону духтарон машғул мегардиданд. Одамрабоӣ, асиргирӣ ва шиканҷа усулҳои маъмулии ин гурӯҳҳо маҳсуб меёфт. «Аз соли 1994 сар карда, вақте ки дар миёни намояндагони ҳокимияти давлатӣ ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик гуфтушунидҳои мусолиҳатомез оғоз гардиданд, террористон ва ташкилотҳои террористӣ бо роҳи муташанниҷ намудани авзои сиёсӣ ва тезу тунд гардонидани низоъ мехостанд ба раванди сулҳи тоҷикон халал ворид намоянд». Барои амалӣ намудани ин ҳадафи худ онҳо тарконидан, асир гирифтан, ҳуҷумҳои мусаллаҳона ва ғ.-ро истифода менамуданд. Дар ин давра ва солҳои баъдӣ чунин категорияи одамон ҳамчун объекти террористӣ интихоб гардида буданд: арбобони сиёсӣ, мансабдорони сатҳи болоӣ, вакилони мардумӣ, сиёсатмадорони шинохта, фаъолони ҷамъиятӣ ва донишмандону олимон, шаҳрвандони хориҷӣ, махсусан рӯзноманигорону намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва ғ. Чунин амалҳо чӣ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва чӣ дар солҳои баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ низ ба мушоҳида мерасид. Чунончӣ, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз ҷониби террористон бераҳмона ба қатл расонидани фарзандони обруманди миллати тоҷик, аз қабили муовини сарвазир М.Назаршоев, академик М.Осимӣ, профессорон М.Ғуломов ва Юсуфхон Исҳоқӣ, рӯзноманигори шинохта Отахон Латифӣ, прокурори генералии Тоҷикистон Н.Ҳувайдуллоев, спикери Шӯрои Олӣ С.Кенҷаев ва даҳҳо нафар нависандагону донишмандон, кормандони давлатию ҷамъиятӣ ба ин онҳо мисол шуда метавонанд. Мутассифона, баъди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва сурат гирифта буд, таҳдиди терроризм аз байн нарафт ва аз он давра то ба имрӯз дар ҳудудҳои мамлакат даҳҳо амали террористӣ рух додаанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 1992-1997 дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ зиёда аз 100 ҳазор нафар ҷони худро аз даст дода, бештар аз 100 ҳазор нафари дигар гуреза шуданд ва хисороти аз ин ҷанг расонидашуда 7 млрд долларро ташкил намудааст. Гузашта аз ин ҷанги шаҳрвандӣ рушди соҳаҳои гуногуни мамлакатро осебпазир намуда, кишварро ба даҳсола қафо кашид. Чунин ҳолатро ба инобат гирифта, муҳаққиқи рус Л.Е. Васильев иброз медорад, ки дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ ҳокимияти марказӣ чунон заиф гардида буд, ки қудрати пурра зери назорат қарор додани сарҳадҳои давлатӣ ва вазъи дохилии кишварро надошт. Чунин ҳолат ба тундгароёни исломӣ имконият медод, ки бо хориҷи мамлакат озодона робита барқарор намуда, дар минтақаҳои гуногуни кишвар лагерҳои ҳарбӣ ташкил намоянд. Ин буд, ки чӣ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва чӣ дар солҳои минбаъда вазъият дар дохили мамлакат ва минтақаи Осиёи Марказӣ муташанниҷ гардида буд». Бо андешаҳои мазкур қисман розӣ шудан мумкин аст. Зеро кафили сулҳу субот ва ҳолати ҳимоятшавандагии сарҳадоти давлатию тартиботи ҷамъиятӣ аз иқтидори зарурии сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вобастагӣ дорад. Аммо дар шароити муосир ба ғайр аз ин, инчунин омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ, идеологию фарҳангӣ низ дар ин самт таъсиргузоранд, ки дар самти мубориза бо терроризм ва тундгароӣ бояд пурра ба инобат гирифта шаванд.

Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва махсусан баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дастаҳои силоҳбадасти террористию экстремистӣ ба хоҷагии халқ ва суботи сиёсии кишвар зарару зиёни ҷиддӣ расонидаанд. Яке аз онҳо гурӯҳи муташаккили ҷиноятии Содиров Ризвон мебошад, ки бо ҳамроҳии бародарони худ Фатҳуддин, Валиҷон ва Баҳром Содировҳо якҷоя амал менамуданд. Ин дастаи мусаллаҳи ҷиноятӣ асосан ба одамрабоӣ, асиргирӣ ва ташкил намудани амалиётҳои террористӣ, аз ҷумла суиқасд ба ҷони арбобони сиёсӣ машғул мегардиданд. Декабри соли 1996 ин дастаи ҷиноятпеша якчанд нафар кормандони намояндагии СММ-ро гаравгон гирифта буданд. 5 феврали соли 1997 Баҳром Садиров — бародари Ризвон Садиров дар ноҳияи Обигарм 4 рӯзноманигори рус, 5 корманди намояндагии СММ ва 2 корманди Созмони байналмилалии Салиби сурхро гаравгон мегирад. Барои озод намудани онҳо талаб менамояд, ки ҳукумати Тоҷикистон барои ворид шудани неруҳои Ризвон Содиров аз ҳудудҳои Афғонистон ба ҳудудҳои Тоҷикистон роҳ кушояд. Моҳи ноябри соли 1997 Ризвон Садиров ду шаҳрванди Фаронсаро гаравгон гирифта, барои озод намудани онҳо озодии бародараш — Баҳром Садировро талаб намуда буд. 2 декабри соли 1997 сохторҳои қудратии мамлакат дар муқобили ин дастаи ҷиноятпеша амалиёти махсус гузаронида, Садиров Р.-ро безарар мегардонанд. Ғайр аз ин, 1 августи соли 1997 дастаи ҷиноятпешаи Садиров Ризвон ду писари муфтии Тоҷикистон Амонулло Неъматзодаро дуздида, бар ивази онҳо озод намудани бародараш Содиров Баҳром ва 100 ҳазор доллар талаб намуда буданд. 27 августи соли 1997 бошад худи Амонулло Неъматзодаро дастгир намуда, асир мегиранд. Рӯзе баъд аз ин ҳодиса сохторҳои қудратии мамлакат дар муқобили ин дастаи ҷиноятӣ амалиёти махсус анҷом дода, онҳоро озод менамоянд.

Яке аз дастаҳои силоҳбадасти ҷиноятпешае, ки дар ҳудудҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва солҳои минбаъда ҷиноятҳои вазнин ва амалҳои террористӣ содир намудааст, гурӯҳи ҷиноятпешаи силоҳбадасти Раҳимов Абдулло (Мулло Абдулло) мебошад. Моҳи сентябри соли 2010 ин гурӯҳи ҷиноятпеша дар дараи Камароби ноҳияи Рашт ба корвони ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ҳамлаи ногаҳонӣ анҷом дода, 25 хизматчии ҳарбиро ба ҳалокат мерасонад. Дар миёни ҳалокшудагон 7 нафар афсарон ва боқимонда аскарони қаторӣ буданд. Моҳи апрели соли 2011 мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон гурӯҳи террористиеро, ки Мулло Абдулло роҳбарӣ менамуд, аз байн бурданд.

3 сентябри соли 2010 узви Ҳизби исломии Туркистон (собиқ Ҳаракати исломии Ӯзбекистон) террористи худкуш Каримов Акмал дар назди шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд дар автомашинаи бомбагузошташуда худро метарконад, ки дар натиҷа 3 нафар ба ҳалокат расида, 25 корманди милитсия ҷароҳатҳои гуногун мебардоранд. Дар рафти анҷом додани чорабиниҳои ҷустуҷӯӣ барои муайян намудани иштирокдорони дигари ин амали террористӣ кормандони мақомоти амният се мошини дигари бо бомба муҷаҳҳазбударо пайдо намуда, безарар гардониданд, ки онҳоро низ террористон ният доштанд дар назди биноҳои дигари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаҳои давлатӣ тарконанд. Дертар бародари террористи худкуш Каримов Фирдавс, ки дар ҳавлии ӯ Каримов Акмал таҷҳизоти таркандаро омода намудааст, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад. Ғайр аз ин, дар робита бо ин амали террористӣ 47 нафар узви Ҳаракати исломии Ӯзбекистонро дастгир менамоянд, ки онҳо ният доштанд дар минтақаҳои дигари Тоҷикистон амалҳои террористӣ анҷом диҳанд.

Яке аз воқеаҳои дигари бо амалҳои террористӣ ва фаъолияти террористӣ алоқаманд ин кӯшиши ба амал овардани табаддулоти давлатӣ аз ҷониби ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ мебошад. Роҳбари ин ташкилоти террористӣ Муҳиддин Кабирӣ бо собиқ муовини вазири мудофиа Назарзода Абдуҳалим ба амал баровардин табаддулоти давлатиро пешакӣ маслиҳат ва тарҳрезӣ намуда, бо ин мақсад зиёда аз 20 дастаи силоҳбадасти ҳар кадомашон иборат аз 15-20 нафарӣ ташкил намуда, бо супориши онҳо шаби 4 сентябри соли 2015 ба қисмҳои низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва биноҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳуҷумҳои мусаллаҳона анҷом доданд, ки дар натиҷаи он 52 нафар ба ҳолкат мерасад. Баъди рух додани ин воқеа генерал Назарзода дар рафти амалиёти зиддитеррористӣ кушта мешавад ва зиёда аз 190 узви фаъоли ин гурӯҳи террористӣ дастгир гардида, ба муҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум мегарданд.

Дар вақти рух додани ин ҳодиса раиси собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ аллакай ба хориҷа паноҳ бурда буд. Айни замон низ ӯ дар хориҷа қарор дорад ва бо пешниҳоди Прокуратураи генералии Тоҷикистон ӯ дар рӯйхати сурхи Интерпол ворид карда шудааст. Муҳиддин Кабирӣ тӯли солҳои охир дар хориҷи кишвар ҳаммаслакони худро муттаҳид намуда, фаъолияти террористию экстремистии хешро идома дода истодаанд. Онҳо аз ҷониби як зумра бозигарони сиёсати ҷаҳонӣ аз лиҳози молӣ дастгирӣ ёфта, фаъолияти зиддиҳукуматии худро тариқи шабакаи Интернет фаъол намудаанд. Дар тӯли чаҳор соли охир онҳо дар шабакаи интернет садҳо видеороликҳои дорои хусусияти террористию экстремистиро ҷойгир намуда, мардумро барои сарнагун намудани ҳокимият кӯшоду равшан даъват менамоянд. Онҳо кӯшиш менамоянд, ки аз хориҷа истода вазъи сиёсию иҷтимоии кишварро ноором созанд. Ҳадафи аслии онҳо ташкил намудани давлати исломӣ мебошад. Бо ин мақсад онҳо дар шабакаи интернет сомонаҳои гуногуни иғвоангез ва дорои хусусияти террористию тундгароӣ ташкил намуда, барои вайрон намудани сохтори конститутсионии давлат ва халалдор намудани тартиботи ҷамъиятӣ кӯшиш намуда истодаанд. Як қатор муҳаққиқон иброз медоранд, ки Ҳизби наҳзати исломӣ ҳанӯз дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ аз давлатҳои хориҷӣ мунтазам кӯмаки молиявӣ дарёфт намуда, бо дастаҳои силоҳбадасти ҷиноятии Афғонистон робитаи қавӣ дошта, барояшон лагерҳои террористӣ муҳайё намуда буданд.

Қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба монанди давлатҳои дигар бо дарназардошти хавфу хатари афзояндаи терроризм ва тундгароии исломӣ рӯйхати ташкилотҳои террористию экстремистиро ташкил намуда, фаъолияти онҳоро дар қаламрави кишвар мамнуъ эълон намудааст. Аз ҷумла ташкилотҳои террористию экстремистии «Ал- Қоида», «Ҳаракати Толибон», «Ҳизби исломии Туркистон» (собиқ Ҳаракати исломии Ӯзбекистон), «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Бародарони мусулмон» ё худ «Ихвон-ул-Муслимин», «Давлати исломӣ», «Ҷабҳат-ан-Нусра», «Ҷамоати Ансоруллоҳ» аз ҷониби Додгоҳи Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилотҳои террористӣ дониста шуда, фаъолияти онҳо дар қаламрави Тоҷикистон мамнуъ эълон гардидааст. Ғайр аз ин соли 2015 бо қарори Додгоҳи Олии мамлакат Ҳизби наҳзати исломӣ низ ҳамчун ташкилоти террористӣ дониста шуда, фаъолияташ дар ҳудудҳои Тоҷикистон манъ карда мешавад. Дар хориҷи кишвар бо роҳбарии раиси ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати исломӣ иттиҳодияи Паймони миллии Тоҷикистон ташкил карда шудааст, ки ин иттиҳодия низ соли 2019 аз ҷониби Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти террористӣ эълон гардидааст.

«Ҷамоати Ансоруллоҳ» соли 2007 аз ҷониби яке аз аъзоёни собиқ Иттиҳоди мухолифини тоҷик Табаров Амриддин ташкил карда мешавад. Ин ташкилоти террористию экстремистӣ масъулияти ба амал баровардани ҳуҷуми террористии соли 2010-ро, ки дар назди бинои Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ш.Хуҷанд рух додаро, бар ӯҳда гирифта буд. Баҳори соли 2011 дар раванди амалиёти зиддитеррористие, ки дар муқобили гурӯҳи силоҳбадасти Мулло Абдулло анҷом дода шуд, дар байни узви ин гурӯҳ инчунин парчами «Ҷамоати Ансоруллоҳ» низ пайдо мегардад. Моҳи майи соли 2012 Додгоҳи Олии кившар «Ҷамоати Ансоруллоҳ»-ро ташкилоти экстремистию террористӣ эълон намуда, фаъолияти онро дар ҳудудҳои Тоҷикистон мамнуъ гардонид. Солҳои 2014-2015 ин ташкилоти террористӣ дар шабакаи Интернет ҷиҳоди исломиро ба таври васеъ тарғибу ташвиқ намуда, шаҳрвандони кишварро барои иштирок дар ҷангҳои Сирия сафарбар менамуд. Масалан, моҳи ноябри соли 2014 дар шаҳрҳои Конибодом ва Истаравшан 12 шаҳрванди Тоҷикистон бо ҷурми робита доштан бо «Ҷамоати Ансоруллоҳ» дастгир карда мешаванд. Онҳо аз Федератсияи Россия ба ватан баргашта, ният доштанд, ки ҳам худашон ва ҳам оилаҳои худро ба Сурия бубаранд.

Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолият масъалаи гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва террористӣ ҳукумати кишвар ва ҷомеаи Тоҷикистонро ба ташвиш овардааст. Аз ин рӯ, пайвастани ҷавонон ба ин гуна ҳаракатҳои сиёсию динӣ барои суботи сиёсии кишвар хатари ҷиддӣ эҷод намуда, хавфи ба амал омадани ҳуҷумҳои террористиро меафзояд. Муҳаққиқи ватанӣ Н.Ш. Раҳмонова иброз медорад, ки ба гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва инкишофи ҷиноятҳои муташаккил омилҳои зерин муосидат намудаанд:

-                   вазъи мураккаби сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистони тозаистиқлол баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ;

-                   ҷанги шаҳрвандӣ, ки дар натиҷаи он ҳокимияти марказӣ назорати қариб 30% ҳудудҳои ҷумҳуриро аз даст дода буд;

-                   набудани заминаҳои муосири ҳуқуқӣ баъди ба даст овардани истиқлолият;

-                   хушунатҳои маҳаллӣ-этникӣ барои ба даст овардани ҳокимияти давлатӣ;

-                   сатҳи пасти маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва ғ.

Омилҳои номбаргардида воқеан ҳам барои тавсеаи миқёси фаъолиятҳои ифротгароӣ ва террористӣ, махсусан барои гаравидани ҷавонон ба сафи ин гуна ташкилотҳо хеле таъсирнок буд, аммо дар солҳои аввали ба даст овардани истиқлолият, на дар солҳои охир. Зеро тӯли солҳои охир зери таъсири дигаргуниҳои иҷтимоию сиёсӣ, иқтисодию идеологӣ шаклҳои фаъолияти террористӣ ва ифротгароӣ ба дигаргунии ҷиддӣ рӯ ба рӯ шуда, ба омилҳои ба тавсеаи ғояҳои террористию тундгароӣ мусоидаткунанда як қатор масъалаҳои дигари ҳаёти ҷамъиятӣ ва равандҳои иҷтииоию сиёсиро ворид намудан мумкин аст. Масалан, айни замон яке аз омилҳои муассири гаравидани ҷавонон ба сафи ташкилотҳои террористию экстремистӣ ин муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла дар Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар намуда, дар баъзе аз мавридҳо ба доми террористону ифротгароён меафтанд.

Яке аз масъалаҳои ташвишовари Тоҷикистон, ки барои афзоиши терроризм мусоидат менамояд, ин шомилшавии ҷавонон ва шаҳрвандони кишвар ба сафи ташкилоти террористии

«Давлати исломӣ» мебошад. Муҳаққиқони масъалаи терроризм ва коршиносони ин соҳа иброз медоранд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан онҳое, ки ба ҷараёни динии Салафия пайвастаанд, бештар барои пайвастан ба сафи «Давлати исломӣ» кӯшиш менамоянд. Инчунин аз ҷониби ташкилоти террористию экстремистии «Ҷамоати Ансоруллоҳ» низ барои пайвастан ба сафи «Давлати исломӣ» таблиғот гузаронида мешавад. Ҷараёни динии Салафия дар Тоҷикистон аз ибтидои солҳои 2000 пайдо мешавад. Фаъолон ва мубалиғғони онро хатмкардаҳои мактабҳои олии баъзе кишварҳои Шарқи Наздик ташкил медоданд. Чунин нафарон барои таблиғи ғояҳои салафия (ваҳҳобия) аз ҷониби ниҳодҳои гуногуни ин кишварҳои исломӣ маблағгузорӣ мешуданд. Тибқи маълумоти васоити ахбори омма зиёда аз 20 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз ҷараёни Салафия пайравӣ менамуданд. Соли 2009 Додгоҳи Олии Тоҷикистон фаъолияти онро дар ҳудудҳои мамлакат мамнуъ эълон намуд. Аммо баъд аз оне, ки алоқамандии салафиҳо ва ваҳҳобиҳо бо Давлати исломӣ пурра ошкор гардид, таваҷҷуҳи мақомоти қудратии кишвар ба масъалаи пешгирӣ намудани гаравидани ҷавонон ба ин ҷараёни ифротгароиву тундгароӣ бештар шуд.

Бо дарназардошти хусусиятҳои терроризми замони муосир ва махсусан дигаргуниҳои сиёсию геополитикӣ гуфтан мумкин аст, ки мубориза бо терроризм бояд характери маҷмӯӣ дошта бошад. Яъне, дар самти мубориза бо ин падидаи номатлуб бояд ҳамаи имконият ва воситаҳои мавҷуда ба таври васеъ истифода бурда шавад. Чунин ҳолатро Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Р.А. низ таъкид намудааст. Ба ақидаи ӯ, «таҷрибаи ватанӣ оид ба мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм нишон дод, ки дар самти мубориза бо ин падидаҳои номатлуб маҳдуд гардидан бо истифодаи неруҳои қудратӣ самараи дилхоҳ намедиҳад. Дар ин самт коркард ва амалигардонии маҷмӯи чорабиниҳо ва таъсиррасониҳои ташкилӣ, идеологӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ ба омилҳои бавуҷудоварандаи руҳияи тундгароӣ ва ифротгароӣ дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа зарур мебошад». Сиёсатшиноси ватанӣ Г.Н. Зокиров низ дар мавриди мубориза бо терроризм чунин мавқеъро ҷонибдорӣ намуда, иброз медорад, ки «сиёсатмадорон, ходимони давлатӣ ва ҳама гуна маъмурони дигарро лозим аст, ки зӯриро фақат дар ҳолатҳои махсус истифода намоянд. Албатта, дар ҳолатҳои воқеигардии амалҳои террористӣ истифодаи зӯрӣ воситаи ягона ва самаранок аст. Вале аҳли ҷомеа ва муборизони зидди терроризм бояд чунин тарзи муносибатҳоеро ихтиёр намоянд, ки муносибатҳои байни умумиятҳо ва мақомоти давлатию ҷамъиятӣ ба сатҳи муқовимат нарасанд. Бинобар ин манбаъҳои пайдоишу инкишофи терроризмро бояд нобуд сохт».

Ҳамин тариқ, терроризм ва фаъолияти созмонҳои экстремистию террористӣ дар марҳилаи кунунии давлатдории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун таҳдиди воқеӣ ба суботи сиёсӣ ва амнияти миллии кишвар мебошанд.

Ашурзода Ҷ.Х., донишкадаи байналмилалии Левакант, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

×