Имрӯз дар сиёсати хориҷии Тоҷикистони соҳибистиқлол
низ мароми сулҳ, ҳамкориҳои иқтисодиву фарҳангӣ
ва дӯстиву бародарӣ аҳамияти аввалиндараҷа
доранд ва мо барои татбиқи пайгиронаи онҳо
кӯшиш менамоем.
Ба ин маънӣ, шеърҳои устод Турсунзода ҷавҳари
суннатҳои неку писандидаи сулҳпарваронаи
халқи моро ифода месозанд.
Иқтибос аз китоби «Чеҳраҳои мондагор»-и Пешвои миллат,
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Пайвандгари қалбҳову марзҳо
Шоири зиндаёд, ватансаро, устоди хушгуфтори сухан, намунаи барҷастатарини адабиёти муосири тоҷик – Мирзо Турсунзода 2 майи соли 1911 дар деҳаи Қаратоги ноҳияи Шаҳринав, дар оилаи камбизоати устои кандакори деҳот чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Мирзо аз овони кӯдакӣ ташнаи дониш буд. Хату саводро дар мадрасаи назди масҷиди ҳамсоя аз худ намуд. Ва вақте ки, баъди барқарор гардидани Ҳокимияти Советӣ дар Қаратоғ мактаб-интернат барои бачагони камбағал кушода шуд, ӯ яке аз аввалин хонандагони он гардид.
Пас аз як сол ӯро ба хонаи кӯдакони шаҳри Душанбе интиқол медиҳанд, ки шоир Лаҳутӣ яке аз устодони ӯ буд. Дар соли 1926 мактаби бачагон ба аввалин техникуми педагогии Тоҷикистон табдил дода шуд.
Мирзо хамчун донишҷӯйи беҳтарини техникуми педагогӣ барои давом додани таҳсил ба Дорулмуаллимони тоҷикии шаҳри Тошканд фиристода шуд. Мирзо хамагӣ 19-сола буд, ки баъди хатми таҳсил дар рӯзномаи «Комсомоли Точикистон» ба кор шуруъ карда, ба звенои(қатори) комсомолии адибони шуравии тоҷик А. Деҳотӣ, С. Улуғзода ва М. Миршакар дохил шуд: «Он вақт ман нуздаҳ-бистсола будам ва мо барои ҳаёти нав на танҳо бо шеър мубориза мебурдем.. » – ба ёд меовард Мирзо.
Фаъолияти адабии Мирзо Турсунзода аз соли 1929 бо насрнависӣ оғоз ёфт. Маҷмуаи нахустини ӯ «Байрақи зафар» (1932) ном дошта ду шеър ва даҳ ҳикояву очеркро дар бар кардааст. Мавзуи асосии ҳикояҳо, очеркҳои аввалини М Турсунзода бо воқеаҳои рӯзҳои аввали инқилоб, ҷанги гражданӣ, муборизаи синфӣ, корнамоиҳои ҷангӣ ва меҳнатии комсомолон, озодии занон, муваффақиятҳои сохтмони социалистӣ алоқаманданд.
Шеъру достонҳои «Ба эҷодкорам» (1934), «Манзараҳои Хуҷанд» (1935), «Офтоби Мамлакат» (1936), «Хазон ва баҳор» (1937), «Суруди ҷавонӣ» (1937), «Мамлакати тиллоӣ» (1938), «Оҳанрабо» (1939), «Халқи далер» (1939), «Чаманистон» (1940), «Водии Ҳисор» (1940), «Мо аз Хоруғ омадем» (1940) гувоҳи садоқати шоир ба сарзамини аҷдодӣ ва миллати тамаддунофар мебошанд. Маҷмӯаи дуюми шоир – «Шеърҳо» (1939) мухаммас, мусаддас, ғазал, маснавӣ, тарҷеъбанд, марсия барин жанрҳои шеъриро фароҳам оварда, фаъолияти адабии шоирро дар солҳои 30-40 юм ҷамъбаст мекунад.
Мирзо Турсунзодаро метавон пешсафи шоирони ватансарои тоҷик номид. Дар эҷодиёти ӯ аз шеърҳои «Мамлакати тиллоӣ» (1938) ва «Оҳанрабо» (1939) то ашъори солҳои охир мафҳуми Ватан дар тимсоли рӯдҳову кӯҳсор, чашмаву дараҳо, шаҳру деҳот, саҳрову биёбон ва кӯчаву хиёбонҳои Тоҷикистон шахсиятҳои алоҳидаи кишвар, саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик қарор доштааст.
Ман намедонам чӣ сон тасвир созам бо сухан
Рангу бӯйи беназири дилкашатро, эй Ватан?!
Тараннуми Ватан дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода дар алоқамандӣ ва тавъам бо рушди маҳорати эҷодии шоир падид омадаанд. Вай перомуни зебоии диёр ва муҳаббат ба он бо самимияту садоқати баланди шеърҳои зиёде гуфтааст.
Ватан, дар ҳар куҷо омад ба сар форам ҳавои ту,
Ман аз он сӯйи уқёнус бишнидам садои ту.
Агарчи дар миён туфону мавҷи баҳрҳо буданд,
Вале омад ба гӯши ман садои рӯдҳои ту.
Дар солҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватанӣ Мирзо Турсунзода дар қатори дигар адибону фарҳангиёни даврони шӯравӣ эҷодиёти худро пурра ба муқобили душман ва ҳимояи Ватани азиз равона менамояд. Аввалин шеъри давраиҷангии шоир–«Хайр, модари азиз» 24 -уми июни соли 1941 навишта шудааст, ки он аз муколамаи писару модар иборат аст:
«Модарам, меравам аз пеши ту ман,
Ба дифои шарафу шаъни Ватан...»
Гуфт: «Рав, ҷанги далерона бикун,
Ҷанг бо лашкари бегона бикун.
Бош фарзанди сазовори падар,
Лоиқи ин Ватан, ин хонаву дар».
Оид ба шеърҳои «Ба ёди капитан», «Хоҳарон» (1941), «Сарчашмаи шуҷоат», «Ҳеҷ гоҳ», «Ба ҷанг» (1944), «Писари Ватан» (1942) ва «Аруси Москва» (1945), яъне шеърҳои дар давр ин эҷодшудаи шоир нависандаи бузурги тоҷик Фотеҳ Ниёзӣ (Нависандаи халқии Тоҷикистон) ёдовар шуда мегӯяд: Ашъори Мирзо дар фронт то чи андоза тавоно садо медод, ки аскарон дар окопҳо (хандақҳо) «Писари Ватан»-ро хонда, нерӯи нав мегирифтанд.
Достони «Писари Ватан» (1942) як асарест, ки тар пайгирии «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ бо оҳанги ҳамосӣ эҷод шуда, саршор аз рӯҳи миллӣ мебошад:
Падар мезад нишаста пеши фарзанд,
Варақ зарин китоби панду ҳикмат.
Ба ӯ мехонд дарси навҷавонӣ,
Саросар достони қаҳрамонӣ.
Дар ҳамин айём буд, ки вай аз ашъори ҳамосасарои тавоно Фирдавсии ватанпарвар чунин байтҳоро ба ҳамватанонаш ёдовар мешавад:
Нахоҳам тани зинда бе ному нанг,
Битозам чу боди дамон сӯйи ҷанг,
Кунам рӯйи кишвар ҳама бесилоҳ,
Синонам гузар гирад аз чарху моҳ.
Ҳама роҳу расми паланг оварам,
Сари саркашон зери санг оварам.
Ашъори баъдиҷангиаш дар маҷмуаи «Туҳфаи ҷавонӣ» (1947) фароҳам омадаанд.
Эҷодкорона аз худ кардани анъанаҳои пешқадами назми шифоҳӣ ва классикии тоҷик, баҳрабардорӣ аз комёбиҳои адибони халқҳои бародар ва омӯхтани таҷрибаи устодони назми рус омили асосии такмили маҳорату маданияти баланди шоирии ӯ гардидаанд.
Эҳсоси набзи замон, дарёфти мавзӯъҳои тоза ва ифодаи фикрҳои бикр, ибрози андешаҳои матлуб, забони фасеҳу равон, тасвироти рангин ва оҳанги нарми лирикӣ сабки махсуси суханварии ӯро ташкил додаанд.
Намунаи барҷастаи корбасти пурсамари чунин сабку ривияҳои гуногуни шоир силсилаи шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон» (1947) аст, ки зодаи таассуроти сафари ӯ ба Ҳиндустон мебошад.
Беҳуда нест, ки соли 1948 барои қисми якуми силсилаи мазкур («Қиссаи Ҳиндустон», «Рӯди Ганг», «Меҳмони мағрибӣ», «Тара Чандри», «Боғи муаллақ», «Дар ёди кас») шоир сазовори Ҷоизаи давлатии СССР гардидааст.
Баъдан, пайиҳам, маҷмуаҳои ашъори ӯ «Пайғом» (1949), «Ман аз Шарқи Озод» (1950), «Мавҷи табрикҳо» (1951), «Қиссаи Ҳиндустон» ва «Қиссаи машҳур» (1954), «Асарҳои мунтахаб» (1955), «Чароғи абадӣ» (1958, ба ҳуруфи арабӣ) ва ғ. аз чоп баромадаанд, ки дар қатори мавзӯъҳои муҳимми дохилӣ дар онҳо мавзӯоти гуногуни байналхалқӣ, махсусан, сулҳу амният ва дӯстии байни халқҳо, мавқеи намоён ишғол намудаанд.
Достони «Ҳасани аробакаш» (1954) ба таҳқиқи бадеии масъалаи дар ҷараёни сохтмони ҳаёти нав тадриҷан тағйир ёфтани шуъуру ҷаҳонбинии мардуми тоҷик, дар мубориза бо боқимондаҳои дунёи куҳна ғалаба кардани русуми нави зиндагӣ ва табдили авзоъи қаҳрамони асосӣ бахшида шудааст.
Дар силсилаи шеърҳои «Садои Осиё» (1957) муҳимтарин воқеаҳои ҳаёти байналхалқӣ дар давраи бедорӣ ва марҳалаи нави ҳаракатҳои озодихоҳии миллӣ, давраи бедорӣ ва шикасти бунёди мустамликадорӣ, ба истиқлолият соҳиб шудани бисёр халкҳои мазлуми Осиёву Африқо тасвир ёфта, шуҳрати байналмилалӣ пайдо кардаанд.
Муаллиф, соли 1960, барои достони «Ҳасани аробакаш» ва силсилаи шеърҳои «Садои Осиё» сазовори Ҷоизаи Ленинӣ гардидааст.
Соли 1960 достони нави лирикии ӯ «Ҷони ширин» (дар моҳномаи «Шарқи Сурх») чоп шуда, барқосо дар миёни хонандагон маҳбубияти тамом касб кардааст.
Барои ин асари нотакрораш устод Тусунзода соли 1963 сазовори Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Ҷоизаи комсомоли ленинии Тоҷикистон гардидааст.
Гулчини офаридаҳои устод дар маҷмӯаҳои «Ҷони ширин» (1965), «Асри ман» (1974) ва чаҳор ҷилди «Куллиёт» (1971-1985) интишор ёфтаанд.
Достони «Аз Ганг то Кремл» (1970) ва силсилаи шеърҳои «Посбони оташ» (1977) аз шоҳкориҳои солҳои охири адибанд, ки аз ҷониби хонандагон хеле хуш пазируфта шудаанд.
Устод Турсунзода як қатор асарҳои саҳнавӣ таълиф намуда, дар равнақу ривоҷи драматургияи тоҷик низ ҳиссаи сазовор гузоштааст, ки пйесаҳои «Ҳукм» (алманахи «Тӯҳфа», 1934), «Роҳатхон» (1935), драмаи манзуми «Хусраву Ширин» (1936, дар ҳамқаламии Абдусалом Деҳотӣ), матни операи «Шӯриши Восеъ» (дар ҳамқаламии Абусалом Деҳотӣ навишта шуда, соли 1941 дар заминаи он якумин либреттои тоҷикиро ба майдон овардаанд), либреттои операҳои «Тоҳиру Зуҳро» (1944) ва «Арӯс» (1945) аз он ҷумлаанд.
Соли 1965 киностудияи «Тоҷикфилм» аз рӯи сенарияи ӯ филми бадеии «Ҳасани аробакаш»-ро ба навор гирифта, филмҳои ҳунарии «Бо амри дил» ва «Субҳи Ганг» низ дар заминаи филмномаҳои ӯ созмон ёфтаанд.
Дар ҷодаи ҷамъоварӣ ва нашри осори шифоҳии мардум ҳам хизмати шоиста кардааст.
Яке аз аввалин маҷмуаҳои эҷодиёти шифоҳии халқ – «Намунаи фолклори тоҷик» (1940, 1945, 1957) бо cаъю ширкати бевоситаи ӯ нашр гардидааст.
Дойир ба масъалаҳои гуногуни адабиёт, драматургия ва театри тоҷик як силсила мақолаву рисолаи адабию танқидӣ ва дар мавзӯъҳои сулҳу амният ва дӯстии халқҳо як қатор мақолаҳои публитсистӣ навиштааст, ки дар шаклу қолабҳои гуногун интишор ёфтаанд ва дастуру раҳнамои дастандаркорони соҳати ҳунарварӣ будаанд. Асарҳои алоҳидаи А.С.Пушкин, Т.Г.Шевченко, Н.А.Некрасов, Ҷамбул, Ш.Руставели, Ш.Рашидов, Зулфия ва дигаронро басо моҳирона ба тоҷикӣ гардондааст.
Аксари навиштаҳои устод Турсунзода ба бисёр забонҳои мардуми шӯравӣ ва халқҳои мутамаддини олам борҳо тарҷумаву чоп шуда, дар пешрафти умуми адабиёти шӯравию ҷаҳон ва соҳиби шуҳрати оламгир шудани адабиёти тоҷик ҳиссаи беназир гузоштаанд.
Устод Турсунзода дар давоми умри пурбаракаташ ба бисёр кишварҳои Осиё, Африқо, Аврупо, Амрико сафар ва дар чандин форуми конгрессу конфаронсҳои бонуфузи байналхалқӣ фаъолона ширкат ва пурҳарорат суханронӣ кардааст.
Ходими маъруфи давлатию ҷамъиятӣ, вакили мардумӣ дар порлумони ҷумҳурӣ ва шӯравӣ, раиси Кумитаи ҳамдилӣ бо халқҳои Осиёву Африқо, узви Кумитаи шӯравии сулҳ ва садорату котиботи Иттифоқи нависандагони шӯравӣ, раиси Кумитаи ҷумҳуриявии муҳофизати сулҳ, Кумитаи Мукофоти Ленинӣ ва раиси Кумитаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ будааст.
Бо чор ордени Ленин, ордену медалҳои «Инқилоби Октябр», «Байрақи сурхи меҳнат», «Нишони фахрӣ», «Кирилл ва Мефодий», «Ҷамол Абдулносир» ва Медали тиллои Кумитаи шӯравии муҳофизати сулҳ мукофотонида шудааст.
Барандаи Мукофоти байналхалқии Ҷавоҳирлаъл Неҳру (1967).
Соли 1961 нахустини сазовори унвони ифтихории Шоири халқии Тоҷикистон гардидааст.
Барои хизматҳои бузурги адибию ҷамъиятияш соли 1967 сазовори унвони олии Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, соли 2001 шарафёби унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон гардонида шудааст.
Аз соли 1934 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
24 сентябри соли 1977 аз олам даргузашт.
Мақбараи шарифи ӯ дар «Мазористони Лучоб» қарор дорад.
Мудири кафедраи забони тоҷикии ДСРТ д.и.ф., дотсент Сайфуллоева З.А.