Айёми баҳор омад, Наврӯз муборак бод,
Илҳоми баҳор омад, Наврӯз муборак бод,
Кардем видоъ бо дай, нӯшед зи ҷоми май,
Шодӣ ба канор омад, Наврӯз муборак бод.
Наврӯз яке аз қадимтарин ва муқаддастарин ҷашнҳои тамаддуни башарӣ ба шумор меравад, ки таърихи он ба ҳазорон сол қабл рост меояд. Ин ҷашн рамзи эҳёи табиат, оғози фасли баҳор, тантанаи зиндагии нав ва пирӯзии некӣ бар бадӣ мебошад. Барои халқҳои дорои тамаддуни ориёӣ, аз ҷумла мардуми тоҷик, Наврӯз на танҳо як ҷашни суннатӣ, балки як падидаи муҳими фарҳангӣ, маънавӣ ва иҷтимоӣ маҳсуб мегардад.
Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз мақоми хос пайдо карда, ба яке аз ҷашнҳои муҳими миллӣ ва байналмилалӣ табдил ёфтааст. Бо талошҳои зиёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашни бостонӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардид. 19 феврали соли 2010 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қарор қабул намуд, ки 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон карда шавад. Пеш аз ин, 30 сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба Феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии башарият ворид карда шуд.
Ин иқдомҳо далели равшани он мебошанд, ки Наврӯз дорои арзиши умумибашарӣ буда, ҳамчун рамзи сулҳ, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии байни халқҳо хизмат менамояд.
Таърихи Наврӯз бо тамаддуни бостонии халқҳои ориёӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Дар сарчашмаҳои таърихӣ зикр мешавад, ки Наврӯз ҳамчун оғози соли нави астрономӣ ва кишоварзӣ дар давраҳои қадим таҷлил мегардид. Ин ҷашн ба рӯзи баробаршавии шабу рӯз дар фасли баҳор рост меояд, ки он рамзи эҳёи табиат ва оғози давраи нави зиндагӣ мебошад.
Дар адабиёти классикии форсу тоҷик низ ба Наврӯз ишораҳои зиёде мавҷуданд. Аз ҷумла, шоири бузурги форс-тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ дар асари безаволи худ — Шоҳнома — ба пайдоиш ва аҳамияти Наврӯз ишора намуда, онро ба замони подшоҳи афсонавии Ҷамшед нисбат медиҳад. Дар ин асар Наврӯз ҳамчун рӯзи тантанаи адолат, пирӯзии некӣ ва оғози зиндагии нав тасвир шудааст.
Ҳамчунин, дар асарҳои мутафаққирони бузурги Шарқ, аз ҷумла Абурайҳони Берунӣ ва дигар олимон, Наврӯз ҳамчун ҷашни табиат ва оғози фаъолияти кишоварзӣ шарҳ дода шудааст. Ин ҷашн на танҳо як маросими фарҳангӣ, балки як падидаи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ низ ба ҳисоб мерафт, зеро оғози корҳои кишоварзӣ бо фарорасии фасли баҳор алоқаманд буд.
Наврӯз дар фарҳанги мардуми тоҷик ҷойгоҳи хеле баланд дорад. Ин ҷашн рамзи покизагӣ, навсозӣ ва эҳёи маънавӣ мебошад. Дар арафаи Наврӯз мардум хонаҳои худро тоза намуда, ба корҳои ободонӣ машғул мешаванд. Ин амал рамзи поксозии зиндагӣ аз ҳама гуна бадиҳо ва оғози ҳаёти нав мебошад.
Яке аз анъанаҳои муҳими Наврӯз омода намудани таомҳои миллӣ, бахусус суманак мебошад. Суманак рамзи фаровонӣ, баракат ва умеди нек ба соли нав ба ҳисоб меравад. Тайёр намудани суманак бо иштироки занон ва духтарон сурат гирифта, бо сурудҳои мардумӣ ва орзуву ниятҳои нек ҳамроҳ мешавад.
Илова бар ин, дар рӯзҳои Наврӯз бозиҳои гуногуни миллӣ, аз қабили бузкашӣ, гӯштингирӣ ва дигар мусобиқаҳои варзишӣ баргузор мегарданд. Ин чорабиниҳо барои таҳкими дӯстӣ, ҳамбастагӣ ва руҳияи ватандӯстии мардум нақши муҳим мебозанд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ Наврӯз ҳамчун ҷузъи муҳими сиёсати фарҳангии давлат мавқеи хос пайдо кардааст. Бо ташаббус ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, эҳё ва рушди арзишҳои миллӣ ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ борҳо таъкид намудаанд, ки Наврӯз рамзи худшиносии миллӣ ва пайванди наслҳо мебошад. Ба гуфтаи Сарвари давлат: «Наврӯз ҷашни эҳёи табиат ва оғози зиндагии нав буда, мардумро ба сулҳу дӯстӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва меҳнату созандагӣ ҳидоят менамояд».
Ҳамчунин, Пешвои миллат таъкид менамоянд, ки Наврӯз ҳамчун мероси гаронбаҳои ниёгон барои таҳкими арзишҳои миллӣ ва рушди фарҳанги ҷомеа аҳамияти бузург дорад. Бо ташабуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол дар кишвар чорабиниҳои бошукӯҳи наврӯзӣ баргузор мегарданд, ки онҳо ба рушди фарҳанг ва муаррифии анъанаҳои миллӣ мусоидат мекунанд.
Бо ташаббуси Тоҷикистон ва дигар кишварҳо Наврӯз ба платформаи муҳими ҳамкориҳои фарҳангӣ ва дипломатияи мардумӣ табдил ёфтааст. Баргузории чорабиниҳои байналмилалии наврӯзӣ барои таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории байни халқҳо мусоидат мекунад.
Дар ин замина Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намуданд, ки «Фалсафаи Наврӯз мардумонро ба сулҳ, дӯстӣ, эҳтироми якдигар ва ҳамзистии осоишта даъват менамояд». Ин андешаҳо нишон медиҳанд, ки Наврӯз метавонад ҳамчун воситаи муҳими таҳкими сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар сатҳи байналмилалӣ хизмат намояд.
Дар маҷмӯъ, Наврӯз ҳамчун ҷашни бостонӣ ва арзиши гаронбаҳои фарҳангӣ дар ташаккули худшиносии миллӣ, таҳкими ваҳдати ҷомеа ва рушди муносибатҳои байналмилалӣ нақши муҳим мебозад. Ин ҷашн моро ба арзишҳои нек, аз ҷумла дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми табиат ва меҳнатдӯстӣ ҳидоят менамояд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз на танҳо ҳамчун ҷашни миллӣ, балки ҳамчун рамзи сулҳу ваҳдати ҷомеа ва эҳтироми мероси таърихиву фарҳангии ниёгон таҷлил мегардад. Бо сиёсати фарҳангпарваронаи давлат ва талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз мақоми шоиста пайдо намуда, ба яке аз рамзҳои муҳими худшиносии миллӣ табдил ёфтааст.
Аз ин рӯ, ҳифз ва рушди анъанаҳои наврӯзӣ вазифаи муҳими ҳар як шаҳрванд ба ҳисоб меравад. Бигзор Наврӯз ҳамеша рамзи сулҳ, ваҳдат, дӯстӣ ва пешрафти ҷомеаи инсонӣ бошад.
Муродҷонов Х.М., мутахассиси пешбари Маркази таблиғоти саводнокии молиявӣ ва бехатарии молиявии ДСРТ