Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025, ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ ва стратегӣ ба ҳисоб рафта, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва вазифаҳои афзалиятноки давлатро барои марҳалаи минбаъда муайян менамояд.
Мазмуни Паём фарогири масъалаҳои калидии рушди устувори давлат, таҳкими суботи сиёсӣ, рушди иқтисоди миллӣ, рақамикунонии идоракунии давлатӣ, саноатикунонии босуръат, таъмини амнияти энергетикӣ, рушди сармояи инсонӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ мебошад. Дар Паём таъкид гардид, ки соли 2025 барои Ҷумҳурии Тоҷикистон соли дастовардҳои назарраси сиёсӣ ва дипломатӣ арзёбӣ мешавад. Баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар фазои озоду шаффоф нишонаи таҳкими низоми демократӣ ва рушди устувори давлатдорӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, инчунин ба имзо расидани шартномаҳо ва эъломия оид ба дӯстии абадӣ миёни кишварҳои минтақа заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ барои густариши ҳамкориҳои минтақавиро фароҳам овард.
Ин раванд ба таҳкими субот ва амнияти минтақавӣ мусоидат менамояд. Ҳамзамон, ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла қабули қатъномаҳои марбут ба ҳифзи пиряхҳо, криосфера ва нақши зеҳни сунъӣ дар рушди устувор дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, нишонаи эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз сиёсати созандаи кишвар мебошад.
Дар Паёми худ Президенти кишвар ба натиҷаҳои амалисозии Стратегияи миллии рушд то соли 2030 таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Дар даҳсолаи охир маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар афзоиш ёфта, суръати рушди иқтисодӣ ба ҳисоби миёна 7,6 фоизро ташкил додааст. Ҳаҷми сармоягузорӣ аз ҳамаи манбаъҳо беш аз 670 миллиард сомониро ташкил дода, сатҳи камбизоатӣ то 19 фоиз коҳиш ёфтааст.
Дар баробари ин, даромади пулии аҳолӣ беш аз шаш баробар афзоиш ёфта, нишондиҳандаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дарозумрии аҳолӣ, беҳтар гардидаанд.
Қабули Барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар барои солҳои 2026–2030 ҳамчун марҳалаи ниҳоии татбиқи Стратегияи миллӣ, имконият фароҳам меорад, ки ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар панҷ соли оянда ду баробар афзоиш ёбад ва сатҳи камбизоатӣ то 10 фоиз коҳиш дода шавад.
Дар Паём рушди иқтисоди рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян гардид. Пешрафти технологияҳои рақамӣ тақозо менамояд, ки идоракунии давлатӣ, молия, хизматрасониҳои давлатӣ ва бахшҳои иқтисодӣ бо истифода аз технологияҳои муосир такмил дода шаванд.
Таъкид гардид, ки гузариш ба иқтисоди рақамӣ, ҷорӣ намудани пардохтҳои ғайринақдӣ, рушди инфрасохтори телекоммуникатсионӣ ва таҳияи Стратегияи рушди соҳаи алоқа то соли 2040 аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим ба ҳисоб мераванд.
Ҷорӣ гардидани низоми рақамии биллингӣ дар соҳаи энергетика ҳамчун намунаи самараноки коҳиши талафот ва баланд бардоштани шаффофияти идоракунӣ арзёбӣ гардид, ки аҳаммияти коҳиш додани таъсири омили инсонӣ дар муносибатҳои иқтисодиро нишон медиҳад.
Дар доираи сиёсати саноатикунонии босуръат тайи солҳои охир беш аз 2600 корхонаи саноатӣ бунёд гардида, даҳҳо ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудаанд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба таври назаррас афзоиш ёфта, соҳаи маъдан ва коркарди ашёи хом ба яке аз самтҳои муҳими рушди иқтисоди миллӣ табдил ёфтааст.
Барои солҳои 2026–2030 таҳияи Барномаи нави саноатикунонии босуръат ва рушди истеҳсоли металлҳои ранга, нодиру қиматбаҳо ва ашёи хоми стратегӣ ҳамчун вазифаи муҳим муайян гардид.
Дар Паём масъалаи таъмини истиқлоли энергетикӣ ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ баррасӣ гардид. Дар солҳои охир ба соҳаи энергетика сармоягузории калон равона гардида, иқтидорҳои истеҳсоли неруи барқ ба таври назаррас зиёд карда шудаанд.
Идомаи сохтмони неругоҳи барқи обии «Роғун», бунёди неругоҳҳои офтобӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосири идоракунии энергетикӣ барои таъмини талаботи афзояндаи иқтисод ва аҳолӣ аҳаммияти калидӣ доранд. Дар Паём бахши хусусӣ ҳамчун қувваи пешбарандаи рушди иқтисоди миллӣ арзёбӣ гардида, таъкид шуд, ки ҳиссаи он дар истеҳсоли молҳо 80 фоиз ва шуғли аҳолӣ 70 фоизро ташкил медиҳад.
Ҳукумати мамлакат вазифадор карда шуд, ки барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, осон намудани дастрасӣ ба захираҳои молиявӣ, технологияҳо ва хизматрасониҳои давлатӣ чораҳои муассир андешад. Инчунин, ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ва рушди соҳибкории истеҳсолӣ ҳамчун самти афзалиятнок муайян гардид.
Дар Паём ба масъалаҳои рушди соҳаи маориф, илм, тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус дода шуд. Таъкид гардид, ки рушди сармояи инсонӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва мутобиқ намудани омодасозии кадрҳо ба талаботи иқтисоди рақамӣ аз вазифаҳои муҳимми давлатӣ мебошад.
Ҳамзамон, таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди кишоварзӣ ва истифодаи самараноки захираҳои замину об ҳамчун омили асосии рушди устувори иҷтимоӣ арзёбӣ гардиданд. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ санади муҳими стратегӣ буда, дурнамои рушди давлатро дар шароити муосири ҷаҳонӣ муайян менамояд.
Мазмуни Паём ба таҳкими истиқлолияти давлатӣ, рушди устувори иқтисодӣ, рақамикунонии идоракунии давлатӣ, саноатикунонии босуръат, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ равона гардидааст.
Татбиқи саривақтӣ ва самараноки вазифаҳои дар Паём муайяншуда имкон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ таҳким бахшида, ба кишвари пешрафта, рақобатпазир ва дорои иқтисоди устувор табдил ёбад.
Муродҷонов Х.М., мутахассиси пешбари Маркази таблиғоти саводнокии молиявӣ ва бехатарии молиявии ДСРТ