Бо дарназардошти воқеияти кунунӣ ва бо мақсади таъмини амнияти устувор ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир мо омодаем ҳамкориҳои густурдаро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва кишварҳои шарик тақвият бахшем.
Эмомалӣ Раҳмон
Яке аз масъалаҳои муҳимтарине, ки дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат мавриди баррасӣ қарор гирифт, ин масъалаи муқовимати оштинопазир ва пайваста бо терроризму экстремизм ба ҳисоб меравад.
Тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар баромадҳояшон дар сатҳи дохиливу байналмилалӣ иброз медоранд, терроризм ва экстремизм ҳамчун содир намудани амалҳои чапгаро ва таҳдидкунандаи хавфу хатар натанҳо барои давлати алоҳида, балки барои тамоми сокинони сайёра ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, аз тамоми давлатҳои ҷаҳон пайваста даъват ба амал меоранд, ки доир ба ин масъала диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, тадбирҳои судманд ва ҳамкории густурдаи байналмилалиро дар ин самт ҷоннок намоянд.
Маврид ба ёдоварист, ки терроризм ва экстремизм ҳамчун мавкураи зӯроварӣ ва таъсиррасонӣ дар тамоми миқёси ҷаҳон ниҳоят рушд ёфта, хавфнокии баланди ҷамъиятӣ дорад ва барои бехатарии давлатҳо, минтақаҳои алоҳида ва дар маҷмуъ барои тамоми сокинони олам воқеан таҳдид менамояд.
Метавон гуфт, ки терроризм ва экстремизм дар шароити кунунӣ ҷинояти дорои хусусияти глобалӣ буда, мубориза бар зидди он ҳамкории зич ва мутақобилан судманди субъектони махсуси ваколатдор ва, умуман, тамоми ҷомеаи шаҳрвандиро тақозо менамояд. Содиршавии амалҳои террористӣ бо истифодаи яроқи ядроӣ, химиявӣ ва бактериологӣ, инчунин ба объектҳое, ки террористон онҳоро барои анҷом додани кирдори зўроварӣ интихоб мекунанд, имрўзҳо на танҳо чун ҷинояти дохилидавлатӣ, ки ба манфиатҳои шахсони алоҳида, ҷомеа ва давлат зарар мерасонад, балки чун ҷинояте баррасӣ мегардад, ки дар маҷмуъ метавонад ба тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ зиён оварад.
Дар робита ба ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат иброз намуданд, ки “Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро ба ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд”.
Дар тақвияти гуфтаҳои мазкур ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷиноятҳои хусусияти террористиву экстремистидошта ва ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотиву комуникатсионӣ содир карда мешаванд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис додани Маркази ягонаи иттилоотиро зарур шуморида, ба субъектҳои ваколатдор дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо терроризм ва экстремизм бо субъектҳои муносибатҳои байналмилалӣ ҳамкории судманд ва самаранокро роҳандозӣ намуда, ҷонибдорӣ сулҳу суботи сартосарӣ дар тамоми сайёраи замин ва пуштибонӣ аз тадбирҳои андешидаи Созмони Миллали Муттаҳид дар ин самт мебошад.
Бо ин мақсад дар кишвар сиёсати ҳуқуқии мукаммал тарҳрезӣ гардида, як қатор санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ба тасвиб расида, Тоҷикистон мизбони як зумра ҳамоишҳои сатҳи баланд оид ба муқовимат бо терроризм ва экстремизм гардид.
Аз ҷумла, ҳанӯз дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо мақсади таъмини ҳифзи сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, бо дарназардошти паҳн шудани терроризм ва бо мақсади пешгирии он 21-уми апрели соли 1997, таҳти № 707 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои пурзӯр кардани мубориза бо терроризм” ба тасвиб расид, ки дар робита ба он барномаи тақвияти мубориза бо терроризм барои солҳои 1998-2000, ки фаъолияти ҳамоҳанги мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти ҳокимияти давлатиро дар ин самт таъмин менамояд, таҳия ва тасдиқ гардид.
Минбаъд, низ дар ин самт тадбирҳои судманд роҳандозӣ карда шуда, як қатор санадҳои меъёри ҳуқуқӣ қабул карда шуд. Аз ҷумла, дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми июли соли 2000, №320 “Барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пурзӯр намудани мубориза бо терроризм дар солҳои 2000-2003” қабул гардид. Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12-уми ноябри соли 2012, таҳти №776 Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 қабул гардид.
Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми марти соли 2018, таҳти №1033 Консепсияи миллии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом барои солҳои 2018-2025 ба тасвиб расид.
23-юми декабри соли 2021, №1808 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо терроризм” ва 02 январи соли 2020, таҳти №1655 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо экстремизм” қабул гардиданд, ки марҳилаи нави танзими ҳуқуқиро дар ин самт ба роҳ монданд.
Ҳамзамон, бо мақсади пурзӯр намудани тадбирҳо дар самти муқовимат бо терроризм ва экстремизм Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор санадҳои байналмилалӣ ҳамроҳ гардида, меъёрҳои онро дар сатҳи қонунгузории миллӣ имплементатсия намуд.
Аз ҷумла, 21-уми сентябри соли 2000, №370 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи Шартномаи ҳамкории кишварҳои аъзои Идтиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мубориза бо терроризм” қабул гардид.
28-уми ноябри соли 2000, таҳти №433 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳамроҳшавӣ ба Конвенсияи байналмилалӣ”, “Дар бораи мубориза ба муқобили терроризми бомбавӣ”, ки соли 1997 аз тарафи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид ба тасвиб расид.
7-уми ноябри соли 2001 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия дар бораи ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризми байналмилалӣ, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ ва ҷинояткории муташаккил баста шуд.
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми январи соли 2002, таҳти №513 “Дар хусуси тасдиқи Конвенсияи Шанхай дар бораи мубориза бо терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротталабӣ қабул гардид.
2-юми сентябри соли 2003 Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм, сепаратизм ва экстремизм баста шуд.
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16-уми феврали соли 2013, таҳти № 313 “Дар бораи тасдиқи Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай бар зидди терроризм” қабул гардид.
Дар баробари ба тасвиб расидани як қатор санадҳои дохилидавлатӣ ва ратификатсияву имплементатсияи санадҳои байналмилалӣ кишвари мо дар самти муқовимат бо терроризм ва экстремизм мизбони як қатор ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ буд.
Яке аз ҳамин гуна ҳамоишҳои сатҳи баланд ин Раванди Душанбе ё худ Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат бо терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо” буд, ки 18-19 октябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки он ҷузъи таркибии “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм” ба шумор меравад, ки моҳи майи соли 2018 дар пайи баргузории нахустин Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо ниҳодҳои СММ, САҲА, ва ИА роҳандозӣ гардидааст.
Бояд қайд намуд, ки натиҷаҳои Конференсияи мазкур “Дар Эъломияи Душанбе оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат бо терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо” танзими ҳуқуқии худро пайдо намуд, ки минбаъд онро метавон ҳамчун меъёрҳои мукаммал дар ин самт истифода намуд.
Дар умум метавон иброз намуд, ки муқовимати оштинопазир бо терроризм ва экстремизм яке аз масъалаҳои мубрам ва қобили таваҷҷуҳ дар сиёсати дохилӣ ва берунии кишвари мо ба ҳисоб рафта, мубориза алаёҳи он вазифаи тамоми ниҳодҳои давлатӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад.
Хавфи ҷамъиятии терроризм ва проблемаҳои мукаммалсозии аломатҳои он дар қонунгузории зиддитеррористии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори кишварҳои дигари минтақа таҳдидҳои афзояндаи терроризмро ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи худ эҳсос менамояд.
Ҷиноятҳои хусусияти террористидошта, аз ҷиноятҳои мадҳуштарини даврони имрўза маҳсуб ёфта, мисли куштор, ҳуҷумҳои мусаллаҳонаи роҳзанӣ, таҷовуз ба номус ва ғайраҳо бо истифодаи яроқи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ва моддаҳои тарканда алоқаманди дошта, ба несту нобуд кардани амволи шаҳрвандон оварда расонида, волидайнро аз фарзандон, хешу ақрабо ва наздиконро аз ҳам ҷудо карда, кўдаконро ятиму саргардон мегардонад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лаҳзаҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ муборизаи оштинопазирро бо терроризм ва экстремизм дар саргаҳи сиёсати дохиливу хориҷии худ қарор дода, андешидани тадбирҳои судманд, ҳамкории муташакилонаи давлатҳо ва роҳандозӣ намудани амалиёти зиддитеррористиро дар ин самт зарур мешуморад.
Ҷониби Тоҷикистон пайваста дар сатҳи дохиливу хориҷӣ зарурати муборизаи оштинопазирро бо ин падидаи номатлуб иброз дошта, аз хавфнокии баланди ҷамъиятӣ доштани он кулли ҷомеаи байналмилалиро хабардор менамояд.
Аз ҷумла, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 4-уми июли соли 2023 дар ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ки таҳти раёсати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар шакли видеоконференсия баргузор шуд, иштирок намуда, доир ба масъалаҳои бахши амниятӣ ва таҳдидҳои афзояндаи терроризм, ифротгароӣ ва ҷудоихоҳӣ, инчунин тамоюли афзоиши гардиши ғайриқонунии маводи мухадир, ҷиноятҳои киберӣ ва ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ дар қаламрави Созмони мазкур ибрози ақида намуда, муҳиммияти татбиқи босамари “Барномаи ҳамкорӣ дар самти мубориза бо террорзим, ҷудоихоҳӣ ва ифротгароӣ то соли 2024”, ки соли 2021 дар шаҳри Душанбе қабул шуда буд, инчунин идомаи тадбирҳои маҷмӯӣ оид ба такмили заминаи меъёрию ҳуқуқӣ, ки таъсиси сохтори алоҳидаи зиддимухаддиротии Созмонро дар пойтахти Тоҷикистон дар назар дорад, таъкид намуданд.
Дар баробари ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар Паёмҳои худ доир ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат ба Маҷлиси Олӣ аз таҳдиду хатарҳои афзояндаи терроризм ёдовар шуда, андешидани тадбирҳои судмандро дар ин самт, аз ҷумла баланд бардоштани мафкураи зиддитеррористӣ, такмили санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва ҳамкории тамоми ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандиву субъектони муносибатҳои байналмилалиро шарти зарурӣ меҳисобад.
Вобаста ба ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ аз 23-юми декабри соли 2022 со ба Маҷлиси Олии мамлакат иброз намуданд, ки “Имрӯзҳо гуруҳҳои террористиву экстремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро ба ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд”.
Дар тақвияти гуфтаҳои мазкур ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷиноятҳои хусусияти террористиву экстремистидошта ва ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотиву комуникатсионӣ содир карда мешаванд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис додани Маркази ягонаи иттилоотиро зарур шуморида, ба субъектҳои ваколатдор дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Новобаста аз тадбирҳои судманди андешидаи субъектони ваколатдор терроризм имрӯз як ҷинояти мудҳиштарини фаромиллӣ боқӣ мондааст, ки дорои хавфи баланди ҷамъиятӣ буда, шаклҳои нав ба навро ба худ касб намудааст.
Таҳлили адабиёти илмӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ нишон медиҳад, ки мукаммалсозии аломатҳои терроризм дар қонунгузории зиддитеррористӣ дорои як қатор мушкилиҳо мебошад.
Аввал ин ки дар сатҳи қонунгузории зиддитеррористӣ мафҳуми ягонаи терроризм дода нашуда, он ба таври гуногун маънидод мегардид, ки дар фаҳмиши ягонаи терроризм мушкилиро ба бор меорад.
Масалан, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо терроризм” аз 23.12.2021, таҳти №1808 чунин мафҳуми терроризм, яъне “Терроризм – мафкураи зўроварӣ ва таъсиррасонӣ ба қабули қарори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ё созмонҳои байналмилалӣ, ки бо тарсонидани аҳолӣ ва ё дигар шаклҳои зўроварии ғайриқонунӣ алоқаманд мебошад” оварда шудааст.
Аз мафҳуми зерин бармеояд, ки терроризм дорои аломатҳои зерин мебошад:
- терроризм дар шакли мафкураи зӯроварӣ ва таъсиррасонӣ содир карда мешавад;
- мақсади терроризм қабули қарори ғайриқонунӣ аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ё созмонҳои байналмилалӣ ба ҳисоб меравад;
- терроризм бо тарсонидани аҳолӣ ва ё дигар шаклҳои зўроварии ғайриқонунӣ алоқаманд аст.
Маврид ба ёдоварист, ки дар мафҳуми мазкур мақсади терроризм ва шаклҳои содир намудани он ба таври мукаммал инъикос нагардидааст.
Ё ин ки дар моддаи 179 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон терроризм ба таври зеррин маънидод гардидааст. “Терроризм, яъне содир намудани таркиш, сўхтор, тирпарронӣ аз силоҳи оташфишон ё дигар кирдоре, ки боиси хавфи марги одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ба молу мулк ё ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок мегардад, агар ин кирдор бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои низомӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарор, инчунин таҳдиди анҷом додани кирдорҳои зикршуда бо ҳамин мақсадҳо”.
Дар “Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай бар зидди терроризм” ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 феврали соли 2011, таҳти №313 тасдиқ гардидааст, чунин мафҳуми терроризм оварда шудааст. “Терроризм- мафкураи зўроварӣ ва амалияи таъсиррасонӣ ба қабули қарорҳо аз тарафи мақомоти ҳокимият ё созмонҳои байналмилалӣ бо роҳи содир намудан ва ё таҳдиди содир намудани зўроварӣ ва ё амалиёти дигари ҷинояткоронаи вобаста ба тарсонидани аҳолӣ, ки ҳадафи он расонидани зарар ба шахсият, ҷомеа ва давлат мебошад”.
Таҳлили мафҳумҳои дар боло зикршуда нишон медиҳад, ки гарчанде дар онҳо ягонагӣ мавҷуд бошад ҳам, аммо як қатор гуногунфаҳмӣ дар онҳо дида мешавад. Ба монанди:
- шакли содиршавии терроризм;
- мақсади асосии терроризм;
- тарзу воситаҳои содир намудани терроризм.
Ба ақидаи мо мафҳуми нисбатан мукаммали терроризм ин ҳамон муқаррароти дар диспозитсияи моддаи 179 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида мебошад, ки тамоми паҳлуҳои онро дар бар мегирад.
Бояд қайд кард, ки ҷиноятҳои мазкур дар боби 21 КҶ ҶТ ҳамчун ҷиноятҳо ба муқобили амнияти ҷамъиятӣ, дар боби 29 КҶ ҶТ ҳамчун ҷиноятҳо ба муқобили асосҳои сохти конститутсионї ва амнияти давлат(м.310) ва боби 34(моддаи 401 иловаи 1) КҶ ҶТ ҳамчун ҷиноятҳо ба муқобили сулҳу амнияти инсоният муқаррар шуда, хавфнокии баланди ҷамъиятӣ доранд.
Бо мақсади фаҳмиши дурусти терроризм ва ҷиноятҳои хусусияти террористӣ дошта дар боби алоҳида ҷойгир намудани ҷиноятҳои мазкур ба мақсад мувофиқ мебошад.
Яке аз масъалаҳои мубраме, ки имрӯз дар сатҳи илмӣ қарор дорад, ин муайян намудани доираи ҷиноятҳое мебошад, ки хусусияти террористӣ доранд.
Дар адабиёти илмӣ ба таври дақиқ муайян карда нашудааст, ки кадом ҷиноятҳо дорои хусусияти террористӣ мебошад.
Ба ақидаи Антонян Ю.М. ба ҷиноятҳои хусусияти террористидошта ҷиноятҳое мансубанд, ки дорои хусусиятҳои кирдори террористӣ буда, ба мақсад ва ҳадафҳои терроризм алоқаманд буда, барои содир намудани терроризм мусоидат менамояд.
Давлатов З.Қ., магистранти соли 1-уми кафедраи таърихи умумӣ
ва ватании факултети таърих ва муносибатҳои байналмилалии ДСРТ