Ҳамасола бо як интизории ифтихорбахш Паёми Пешвои миллат, Президенти муҳтарами кишвар ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ва тамоми аҳли ҷомеаи Тоҷикистони азиз, ки дар он тамоми самтҳои ҳаёти мамлакат бо як маҳорати баланди мантиқӣ воқеъбинона ироа мегардад, ба ҳукми анъана даромадааст. Паём бо тамоми мафҳум ҳисоботи мукаммалест аз дастовардҳои иқтисодию иҷтимоӣ, илмию фарҳангӣ, муносибатҳои хориҷии дар сатҳи ҷаҳонӣ эътирофгардидаи ҳукумат, ки ба ҳайси як ибораи онро пурра ифодакунандаи «Самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар» пешниҳод мегардад.
Дар ҳар Паёми Пешвои миллат бо осонӣ метавон дар муқоиса бо Паёмҳои қаблӣ рушди босуръати тамоми самтҳои зарурии барои давлати соҳибистиқлоли мутараққӣ хосро мушоҳида кард. Аз ин манзар Паёми имсола, ки пурра дар заминаи дастовардҳои ғурурбахши миллӣ таҳлилу баррасӣ гардидааст, нишондиҳандаи навбатиест, на фақат аз рушди устувору бемайлони ҷумҳурӣ воқеъбинона дарак медиҳад, инчунин барномаи ниҳоят амиқест, ки дар маҷмӯъ бешак дурнамои рушди ҷумҳуриро муайян намудааст.
Аз ин рӯ, ҳар самти масоили дар Паём ҷойдошта худ таҳлили мукаммали илмии соҳавиро тақозо дорад, ки аз тарафи мутахассисон дар маърази омӯзиш қарор ёфта, роҳҳои иҷрои онҳо дар заминаи дастовардҳои илмию технологияи пешқадами замонавӣ амиқан муайян гардидаву ба ҳадафи ниҳоӣ расонда мешаванд.
Мӯҳтавои суханронии камина, бо назардошти вақти муайян гардида, аз баррасии нисбатан маҳдуди ҷойгоҳи маорифу илми ҷумҳурӣ дар Паёми Президенти муҳтарами кишвар бо чанде аз нишондиҳандаҳои муқоисавӣ беш буда наметавонад, чунки таҳлили воқеан тадқиқоти мукаммали илмиро тақозо дорад. Бо боварии том гуфта метавон, ки ин масъала дар мадди назари мутахассисони соҳа ҷой хоҳад гирифт.
Мусаллам аст, ки илму маориф бо ташаббуси бевоситаи Президенти муҳтарам дар маркази сиёсати давлат қарор гирифтаанд. Нуқтаҳои доир ба ин масъала дар Паём омада, бори дигар муносибати воқеан хирадмандонаи Пешвои миллатро нисбат ба илму маориф бо аёнияти том нишон медиҳад.
«Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат, – таъкид менамоянд Президенти муҳтарам, – то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям. Зеро хуб медонам, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад».
Ҳамин аст, ки ҳар сол маблағгузории ин соҳа мунтазам зиёд шуда, беш аз 21 фоизи хароҷоти буҷети давлатро ташкил медиҳад. Аз рӯйи нишондиҳандаи дар Паём омада, имсол аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025-ум 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳ соли қабл, яъне соли 2015-ум, панҷуним баробар зиёд мебошад.
Мавриди ёдоварӣ ва муқоиса аст, ки даҳ сол қабл аз ин, соли 2016 барои рушди соҳаи маориф 3 миллиарду 150 миллион ҷудо карда шуда буд, ки нисбат ба соли 2015 10 фоиз ва дар муқоиса бо даҳсолаи пеш аз он 13 баробар зиёд шуда буд. Ин худ нишондиҳандаест аз ҳар сол ба тариқи назаррас зиёд кардани маблағгузорӣ ба соҳаи маориф.
Бояд қайд кард, ки барои муайян намудани ҳаҷми маблағгузории соҳа торафт зиёд шудани шумораи хонандагон ба ҳисоб гирифта мешавад. Чӣ тавре дар Паём омадааст: «Тибқи таҳлилҳо, 25 соли оянда шумораи хонандагон дар Тоҷикистон ба чор миллион нафар мерасад.
Бинобар ин, мо бояд барои ҳарчи бештар омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани низоми таҳсилот, яъне омодагӣ ба гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим, аз ҳоло чораҷӯйӣ намоем».
Барои иҷрои саривақтии ин ҳадаф Ҳукумати мамлакат вазифадор карда шудааст, ки Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030-ро ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ намуда, нақшаи иҷрои онро пешниҳод намояд. Дар ин ҷода Сарвари давлат дар мадди аввал иҷрои нақшаи бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзиро, ки дар Паёми соли 2019 барои солҳои 2020–2040 ироа шуда буд, ба масъулини соҳа аз нав хотиррасон намуданд.
Барои шиносоӣ ба раванди ин нақша Президенти муҳтарам ба Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Академияи миллии илмҳо ва Палатаи ҳисоб супориш доданд, ки натиҷаҳои шашсолаи татбиқи чорабиниҳои тасдиқгардидаро ҳамаҷониба таҳлил карда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиву монеаҳои ҷойдошта тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Аз рӯйи таъкиди дар Паём омадаи Сарвари давлат барои ба фазои ягонаи таҳсилоти байналмилалӣ ворид гардидани Тоҷикистон, ки солҳои 2004–2014 амалӣ гардонда шуда буд, Дастгоҳи иҷроияи Президент доир ба иҷрои ин масъала маълумоти муфассал пешниҳод намояд. Чунин маълумот доир ба вазъи омӯзиши забонҳои хориҷӣ, хосатан русӣ ва англисӣ, ба Ҳукумати мамлакат хулосаҳои асоснок пешниҳод карда шаванд.
Дар асоси таҳлили воқеан асосноки илмӣ Сарвари давлат бори дигар таъкид менамоянд, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад. Агар мо хоҳем, ки давлати пешрафта, Ватани обод ва зиндагии осуда дошта бошем, бояд кӯшиш кунем, ки фарзандонамон соҳиби саводу дониш ва касбу ҳунар шаванд. Мо ҳамеша бояд дар хотир дошта бошем, ки дар ҳолати бесавод мондани ҷавонону наврасон ҷомеа ба таассубу хурофот ва ҷаҳолат гирифтор мешавад, ки чунин ҳолат оқибатҳои даҳшатбор дорад.
Сарвари давлат ба ҳалли масъалаҳои муҳимми илмии рушди ҷомеаро таъминкунанда ба миён гузошта, аз ҷумла таъкид намуданд, ки омӯзиши пиряхҳо яке аз самтҳои муҳимми илми ватанӣ ва ҷузъи сиёсати давлатии мо мебошад.
Ба ҷомеаи ҷаҳонӣ маълум аст, ки маҳз бо ибтикору пешниҳоди Президенти Тоҷикистон ва бо қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва солҳои 2025–2034 «Даҳсолаи илмҳои криосфера» эълон гардиданд. Вобаста ба ин Сарвари давлат сохторҳои дахлдорро даъват намуданд, ки фаъолияти илмӣ ва амалиро дар ин самт густариш дода, дастовардҳои худро дар арсаи байналмилалӣ васеъ муаррифӣ намоянд. Аз он лиҳоз бояд дар назар дошт, ки мавзӯи ҳифзи пиряхҳо, омӯзиши илмҳои криосфера ва амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим аҳаммияти стратегӣ ва ҷаҳонӣ дорад.
Маҳз аз рӯйи чунин назардошт, муҳтарам Президенти кишвар пешниҳод намуданд, ки муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо» ба Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо» табдил дода шавад.
Дар Паём бедор кардани хотираи таърихӣ, ки чун омили муҳимтарини худшиносии миллӣ ҳисоб меёбад, хеле бамаврид ва асоснок ишора ёфтааст. Дар ин ҷода пешоҳангии фарҳанги миллиро бояд амиқан эҳсос намуд.
Чӣ тавре Пешвои миллат таъкид намуданд, дар даҳ соли охир дар ҷумҳурӣ 150 иншооти соҳаи фарҳанг сохта, ба истифода дода шуда, 350 иншооти дигари соҳа аз таъмиру азнавсозӣ гузаштаанд, ки ин аз таваҷҷуҳи Ҳукумат, хосатан Президенти кишвар гувоҳӣ медиҳад. Идомаи сохтмони бузургтарин иншооти соҳа – Театри миллӣ, ки ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ ба истифода дода мешавад, туҳфаи назарраси Ҳукумати мамлакат ба мардуми кишвар ҳисоб хоҳад ёфт.
Ҳамчунин зарурати баланд бардоштани сатҳи маърифатӣ ва завқи бадеии мардуми кишвар, хусусан ҷавонону наврасон, равшан эҳсос мешавад. Аз ҷониби муассисаҳои соҳаи фарҳанг дар даҳ соли охир 900 номгӯй адабиёти бадеиву бачагона ба нашр расида, тибқи дастури Роҳбари давлат китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ бо теъдоди 3 миллиону 200 ҳазор нусха ба чоп расида, ҳамчун туҳфа ройгон дастраси аҳолии мамлакат гардонида шуданд, ки нишондиҳандаи дастоварди фарҳанги ҷумҳурӣ мебошад.
Дар баробари ин, дар Паём ишора меравад, ки гарчанде ёдгориҳои бостонӣ нишондиҳандаи муҳими арзишҳои таърихи миллат ҳисоб меёбанд ва зиёда аз 70 фоизи ин меросро ташкил медиҳанд, вале нисбат ба ҳифзи онҳо то андозае беэътиноӣ зоҳир мегардад. То имрӯз дар кишвар мавҷуд набудани қонуни соҳаи бостоншиносӣ нишондиҳандаи чунин беэътиноист. Бо назардошти ин, таъкид намуданд Пешвои миллат, масъулини соҳаро зарур аст, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дар муҳлати кӯтоҳтарин таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Аз эътирофи ёдгориҳои таърихии кишвар дар сатҳи байналмилалӣ ёдовар шуда, Президент дар Паём овардаанд, ки соли 2025 бо саъю талошҳои роҳбарияти давлат ва мутахассисони соҳа 11 ёдгории мероси фарҳангии Хуттали қадим (дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Восеъ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлон) ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд. Дар ин радиф, аз ҷониби ЮНЕСКО қабул шудани қатъномаҳо дар мавриди эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» ва бузургдошти 1050-солагии Робияи Балхӣ дар солҳои 2026–2027 далели ҷойгоҳи хоссаи меросу арзишҳои фарҳангиву маънавии тоҷикон дар тамаддуни умумибашарӣ мебошад. Дар ҳамин радиф, таъкид намуданд Президенти кишвар, танзими ҳамоишҳо зери унвони «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» (аввалин эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният) боиси ифтихору сарбаландии миллати ориёии мо мебошад. Ин моро водор месозад, ки барои ҳифзи арзишҳои моддиву ғайримоддии миллати худ муаррифии шоистаи онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома диҳем. Аз ҷумла, ба Феҳристи шахсиятҳои барҷастаи фарҳангии ЮНЕСКО ворид намудани Борбади Марвазӣ бояд чораҳои зарурӣ андешида шавад.
Бо ишора ба гузаштаи боифтихори фарҳангии тоҷикон Президенти мамлакат ибрози ақида намуда, аз ҷумла қайд карданд, ки гузаштагони некноми мо – ориёиҳо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, ойину суннатҳои бою рангоранги башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, инчунин анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидонаро ба мерос гузоштаанд. Мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдоди худ онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем. Анъанаҳои давлатдории гузаштагони ориёии мо, ки дар таърихи башарият нақши мондагору таъсиргузор бозида, асоси ҳувият ва асолати мо – тоҷикон мебошанд, моро водор месозанд, ки онҳоро ҳифз намоем.
Маҳз бо назардошти чунин зарурат Президенти мамлакат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур доданд, ки ҷиҳати дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе бунёд намудани Кохи Наврӯз, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ, чораҷӯйӣ намоянд.
Ҳамчунин, бо дарназардошти фалсафаю ҳикмати ҷовидонаи Наврӯз, суннату анъанаҳои башардӯстонаи он ва истифодаи онҳо барои тарбияи наслҳои оянда, дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд карда шавад. Пешвои миллат бо итминони комил қайд намуданд, ки амалӣ намудани иқдомоти зикршуда далели раднопазири таъриху фарҳанги беш аз шашҳазорсолаи мо – тоҷикон мегардад.
Бо назардошти ин иқдом, ки аз ҳар ҷиҳат барои ҳифз ва дар сатҳи ҷаҳонӣ бо далелҳои мӯътамади маъхазӣ тақвият бахшидани ҳақиқати таърихи тамаддунофарии тоҷикон ҳамчун бошандагони азалии ин минтақа равона шудааст ва аз тарафи бузургтарин ховаршиносони сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст, торафт бештар эҳсос мешавад. Маҳз раванди суръатфзои ҷаҳонишавӣ ва талоши соҳибшавӣ ба арзишҳои таърихии мутлақо хоси ин халқ моро водор месозад, ки ҳифзи ин арзишҳоро дар заминаи маъхазҳои раднопазир қатъиян ба роҳ монем.
Бо эҳсоси оқилона ва олимонаи чунин зарурат Пешвои миллат Академияи миллии илмҳо, дигар муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва лоиҳакашӣ вазифадор намуданд, ки бо ҷалби олимону донишмандон консепсияи марказҳои зикршударо дар асоси анъанаҳои меъморӣ ва шаҳрсозиву шаҳрдории бостонии тоҷикон таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Чӣ тавре ҳозирини муҳтарам иттилоъ доранд, лоиҳаи чунин консепсия аз ҷониби мутахассисон таҳия шуда, ба муҳокимаи кормандони ба ин иқдоми бисёрсамтаи воқеан илмию фарҳангӣ иртиботдошта пешниҳод гардидааст.
Омили муҳими рушди босуръати соҳаи маорифу илм таъминоти иҷтимоии соҳа, фарогири тамоми қишрҳои ҷомеа, ҳисоб меёбад. Беҳдошти таъминоти иҷтимоӣ ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосатан Пешвои миллат – Президенти мамлакат қарор дорад. Барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолии ҷумҳурӣ дар Паём чунин супориши Президент омадааст:
Аз 1-уми сентябри соли 2026:
– маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд;
– музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад;
– ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба андозаи 1300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.
Дар баробари ин, бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ аз 1-уми сентябри соли 2026 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ дар сатҳи таварруми соли 2025, вале на кам аз 15 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия (зиёд) карда шаванд.
Ҳамаи ин нишондиҳандаҳои ҳамасола зиёд намудани маошу нафақа ва идрорпулӣ (стипендия)-и донишҷӯён ва таъминоти қишрҳои осебпазири ҷомеа ба ин ё он дараҷа ба кормандони маорифу илм иртиботи бевосита доранд.
Дар Паёми имсола, мисли паёмҳои қаблии Президенти кишвар, омадааст, ки баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад ва дар ин ҷода минбаъд низ тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Дар Паём доир ба баланд бардоштани мақоми ҷавонон ва занон дар ҷомеа, ҳарчи бештар ба доираи илму таълим ворид кардани онҳо дастурҳои муфиду ибратбахш пешниҳод карда шуда, аз ҷумла ба пешниҳоди чораҷӯйиҳо оид ба ҳалли масъалаҳои ҳаёти кӯдакон ва наврасону ҷавонон ва фароҳам овардани шароиту имкониятҳои боз ҳам беҳтари таҳсил ва кору фаъолият барои онҳо таъкид шудааст.
Ҳамчунин Президенти мамлакат доир ба дар оянда баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ибрози назар намуда, қайд карданд, ки масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон ва тарбия кардану ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъйин намудани бонувону духтарони лаёқатманд дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор дорад ва ин сиёсат дар оянда низ идома хоҳад ёфт. Сарвари давлат бо боварии том изҳор доштанд, ки занону бонувони мамлакат барои тарбияи фарзандон дар рӯҳияи омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунар, риояи қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои мардуми бостонии тоҷик, аз ҷумла сарфаю сариштакорӣ ва пӯшидани либосҳои миллӣ, саъю кӯшиши бештар ба харҷ медиҳанд.
Хулоса, дар Паёми имсолаи Президенти мамлакат масъалаҳое, ки бевосита ва бавосита ба илму таълим иртибот доранд, мавқеи марказиро ишғол намудаанд. Ин боварии Сарвари давлат бешак ба ҳисси масъулиятшиносии олимону омӯзгорон дар кишвари азизамон такони тоза мебахшад.
Ҳайдаршо Пирумшо, д.и.т., профессори ДСРТ