Top.Mail.Ru
Паёми Пешвои миллат – раҳнамои рушди илм, маориф ва нақши зан дар ҷомеа
Новости

Паёми Пешвои миллат – раҳнамои рушди илм, маориф ва нақши зан дар ҷомеа

Паёми солонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ на танҳо як ҳуҷҷати барномавӣ, балки раҳнамои саодат ва ояндаи дурахшони ҳар як сокини кишвар аст.

Дар Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон ҳамоиши илмии назарявӣ доир ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои меҳварии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 16 декабри 2025 баргузор гардид.

Дар Паём Сарвари давлат барои аҳли маориф махсусан барои устодону донишҷуёни Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон аҳммияти хосса дорад. Пешвои миллат дар суханронии худ бори дигар таъкид намуданд, ки рушди давлат мустақиман ба сатҳи донишу маърифати ҷавонон ва омода намудани кадрҳои баландихтисос вобаста аст. Дар ин замина Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон ҳамчун боргоҳи илму адаб ва пайвандгари дӯстии миёни Тоҷикистону Россия вазифадор аст, ки дар татбиқи ҳадафҳои созандаи паём саҳми босазо гузорад.

«Ояндаи кишвар мустақиман аз тарбияи насли босавод, андешаманд ва аз таассубу хурофот озод вобаста аст», - изҳор доштанд Сарвари Давлат.

«Масъулияти зан дар маъориф»

Суханони Пешвои миллат, махсусан барои занону бонувони дар соҳаи маориф фаъолиятдошта руҳбахш буд, чунки дар Паём доир ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа Пешвои миллат суханони нек гуфта, нақши занро дар ҷомеаи кунунии Тоҷикистон ба таври шоиста арзёбӣ карданд. Пешвои миллат ба масъалаи ҷалби бештари занону бонувон ба корҳои давлатӣ, илм ва соҳибкорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Ҳамчун устодон ва кормандони Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон мо бояд дарк кунем ,ки вазифаи мо танҳо таълим нест , балки тарбияи кадрҳои насли ҷавони имрӯза буда, барои ба ин ҳадафи бузургу созанда расидан дар назид мо чунин вазифаҳоро мегузорад:

1) Истифодаи техналогияи рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ бояд дар барномаҳои таълимии мо мавқии устувор пайдо кунанд.

2) Мубориза ба хурофот: Олимону омӯзгорон - аз ҳисоби  занону бонувон бояд дар сафи пеши мубориза бар зидди бегонапарастӣ ва ифродгароӣ бошанд.

Барои мо устодону омӯзгорони Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон муҳим аст, ки дар заминаи Паёми Пешвои миллат барои тақвияти пояҳои моддӣ- техникии Донишгоҳ талош варзем.

Дар партави дастурҳои Сарвари давлат лабораторияҳои химия, физика ва биологияи Донишгоҳ бояд на танҳо барои дарсҳои назариявӣ, балки ҳамчун марказҳои инновационӣ хизмат кунанд. 

Донишҷуён бояд дар лабораторияҳо усулҳои муосири мониторинги экологиро омӯзанд. Дар баробари ин ҷалби донишҷӯдухтарон ба коркарди маводҳои космитикӣ ва доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон бо истифода аз технологияҳои нав ба роҳ монда шавад. Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 16-уми декабри соли 2025 барои ҷомеаи илмию омӯзгории кишвар, бавижа барои мо замони фаъоли Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон ҳамчун як «қутбнамо» ба сӯи фардои дурахшон хизмат мекунад. 

Таъкидҳои Сарвари давлат оид ба рушди илмҳои дақиқ ва табиатшиноси моро вазифадор мекунад, ки сатҳи таълимро дар лабораторияҳои химия, физика ва биология ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ созем. Ин на танҳои талаби замон, балки кафолати амнияти технологӣ ва иқтисодии кишвар аст. Сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар самти дастгирии занон ба мо имкон медиҳад, ки на танҳо ҳамчун омӯзгор, балки ҳамчун олимони навовар дар рушди “Иқтисоди сабз” ва инноватсияҳо саҳми созгор гузорем. Мо устодону омӯзгорони Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон бояд бо истифода аз имкониятҳои муосири техникӣ ва такя ба арзишҳои миллӣ, насли ҷавонро тарбия намоем, ки қодир бошанд дар шароити ҷаҳонишавӣ манфиатҳои миллиамонро дифоъ кунад.  

Дар фарҷоми сухан мехоҳам таъкид намоям, ки Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мо – коллективи занони эҷодкори Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон танҳо як барномаи корӣ набуда, балки як манбаи илҳом ва эътимод ба ояндаи дурахшон аст.

Президенти кишвар бори дигар собит намуданд, ки илм ва маориф калиди асосии дари саодати миллат мебошад. Бинобар ин, аз фурсати муносиб истифода намуда, ба ҳамаи занону бонувони фаъоли кишвари азизамон  – Тоҷикистон дар ҷодаи амалӣ намудани дастурҳои Сарвари давлат ва тарбияи насли наврас барору комёбиҳо таманно дорам.

Дилафрӯз Азизова, раиси шурои занони Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон, муаллимаи кафедраи математика ва физика

×