Top.Mail.Ru
Рушди илму маориф дар партави Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Новости

Рушди илму маориф дар партави Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ тамоми самтҳои асосии кишварро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода, ба мардуми ҷумҳурӣ барои идомаи босамари минбаъда пешниҳодҳои мушаххас ва хулосаву дастурҳои зарурӣ пешниҳод намуданд.

Аз ҷумла, ба соҳаи илму маориф диққати ниҳоят махсус дода, қайд намуданд, ки аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир намуда истодаанд, зеро рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад.

Сардори давлат таъкид намуданд, ки ба ин соҳаҳои муҳимму тақдирсоз сармоягузорӣ менамоянд, зеро ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат ба рушди ин соҳа алоқамандии зич дорад. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати мамлакат маблағгузории ин соҳаҳои калидиро мунтазам зиёд менамояд ва ҳар сол ҳаҷми умумии он беш аз 21 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.

Тибқи пешниҳоди Пешвои миллат барои соҳаи маориф дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025-ум 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳ соли қабл, яъне соли 2015-ум панҷуним баробар зиёд мебошад. Таъкид гардид, ки гузариш ба низоми сарикасӣ ё фармоиши давлатӣ тақозои замон мебошад.

Аз суханҳои Пешвои миллат бармеояд, ки тибқи таҳлилҳо 25 соли оянда шумораи хонандагон дар Тоҷикистон ба чор миллион нафар мерасад ва ин водор месозад, ки бояд барои ҳарчи бештар омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани низоми таҳсилот, яъне омодагӣ ба гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим, аз ҳоло чораҷӯйӣ намоем.

Сардори давлат бо ин мақсад Ҳукумати мамлакатро вазифадор намуданд, ки вазъи амалишавии Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030-ро ҳамаҷониба таҳлил ва баррасӣ намуда, онро тибқи ҳадафҳои нави дар ин самт гузошташуда такмил диҳад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки соли 2019 дар Паёми Роҳбари давлат солҳои 2020–2040 Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон шуда буд, ки аз он замон шаш сол сипарӣ гардид. Он кас идораву муассисаҳои дахлдорро вазифадор намуданд, ки натиҷаҳои шашсолаи татбиқи чорабиниҳои тасдиқгардидаро ҳамаҷониба таҳлил карда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиву монеаҳои ҷойдошта тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус русӣ ва англисӣ, диққати махсус дода шуд.

Сардори давлат таъкид намуданд, ки асри XXI – асри пешрафти илму техника ва технологияҳо мебошад ва давлатҳои мутамаддину тараққикардаи ҷаҳон ба дастовардҳои зиёд ноил шуда истодаанд. Имрӯз онҳо аз офтоб барқ истеҳсол мекунанд. Аз ин рӯ, мо бояд кӯшиш кунем, ки фарзандонамон соҳиби саводу дониш ва касбу ҳунар шаванд ва онҳо дар зиндагии ояндаи худ, яъне ҳаёти мустақилонаашон, азият накашанд.

Сардори давлат қайд намуданд, ки вақте наврасону ҷавонон бесавод мемонанд, ҷомеа ба таассубу хурофот ва ҷаҳолат гирифтор мешавад, ки чунин ҳолат оқибатҳои даҳшатбор дорад. Он кас ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузаштаро мисол оварда, таъкид намуданд, ки он тамоми соҳаҳо, хусусан илму маорифро даҳҳо сол ба ақиб партофт.

Дар Паёми имсолаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҷавонон ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа муаррифӣ шуданд ва он кас таъкид намуданд, ки маҳз ҷавонони замони истиқлол метавонанд арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои давлатдориро ҳифз намоянд.

Имрӯзҳо, ки ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ наздик шуда истодааст, Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 16 декабри соли 2025 ҳамчун ҳуҷҷати сафарбаркунанда баромад карда, ҷомеаро ба марҳилаи нави созандагӣ ва рақобатпазирӣ раҳнамоӣ менамояд.

Раҳимов Абдуваҳоб Раҳимович, н.и.ф., дотсенти кафедраи забони англисии ФТМБ ДСРТ


×