Top.Mail.Ru
Парчами ковиёни мо – шуҳрату нангу номи мо
Новости

Парчами ковиёни мо – шуҳрату нангу номи мо

(Бахшида ба рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Шуморо бо сарбаландиву ифтихори беандоза бахшида ба Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самими дил табрику таҳният менамоям, ки ин рӯзи пуршарафи таърихӣ дар ҷомеаи соҳибиистиқлоламон ҷойгоҳи хоса дорад.

Парчам аз замонҳои хеле қадим яке аз рамзҳои асосии давлатдории мо тоҷикон ба шумор меравад. Тавре ки аз саҳифаҳои таърихи ғановатманди халқамон бармеояд, яке аз парчамдорони нахустини халқи мо Коваи оҳангар буд, ки барои барҳам задани пояи ҷабру бедод ба даст овардани озодиву истиқлол талошу мубориза бурдааст. Парчам дар тули садсолаҳои зиёд мояи ифтихору ғурури гузаштагони мо буда, дар қатори рамзу аркони давлатдории онҳо мақому манзалати пурарҷ доштааст.

Вақте ки мо имрӯз – дар асри бисту як ба таърихи гузаштаи халқамон назар меандозем, возеҳ мебинем, ки ниёгонамон дар зери парчам саф кашида, барои ҳимояи марзу буми хеш чӣ ҷонбозиҳо кардаанд.

Таърихи пайдоиши парчам ҳамчун рамзи миллӣ ва давлатдорӣ ба давраҳои дур рафта мерасад. Пайдоиши парчам дар ҳаёти мардуми Ориёнзамин ба замонҳои хеле қадим ишора мекунад. Масалан, дар заминаи ҷустуҷӯҳо бостоншиносон дар дахмаи қисмати шарқии шаҳри қадимии Эрон ливои хурди филизиеро пайдо намуданд, ки таърихи он ба ҳазораи сеи пеш аз милод рост меояд. Ин бозёфт, ки дар он расми шер ва тулуи офтоб акс ёфта буд, яке аз қадимтарин ливо дар таърихи башарӣ ба шумор меравад.

Дар воқеъ, то замони бавуҷудойии парчам дар шакли имрўзааш, дар оғоз ливо ҳамчун рамз ё нишони даъват ба муттаҳидӣ ва мубориза истифода мешуд. Вале он на дар шакли имрӯзааш, ки аз матоъ ва аломатҳои тасвиршуда иборат аст, амал мекард, балки ашёҳои гуногунро дар бар гирифта, муносибати одамонро ба ин ва ё он ҷамъият, масалан, ба қабила, қушун, равияҳои динӣ ва ғайра ифода мекард.

Ҳанӯз дар гузашта рушди рамзҳои  ливо ва такмилёбии унсурҳои он ба тақвияти корҳои ҷангӣ мусоидат менамуд. Парчам чун қоида, дар муборизаҳо маркази қушун ва ё макони ҷойгиршавии пешвои ҷангро ифода мекард. Ба даст даровардани парчами душман, одатан, рақибро аз лиҳози маънавӣ шикаст медод, зеро аз даст рафтани парчам ифодагари он буд, ки пешво мурдааст ва ё ў асир гирифта шудааст.

Дар замони мо парчам ба ҷузъи асосии фаъолияти ташкилотҳо табдил ёфтааст. Ҳама гуна гирдиҳамоӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, бозиҳо, интихобот ва маъракаҳои таблиғотию ташвиқотӣ бо истифодаи ин унсури дастрас, ибтидоӣ ва дар айни замон, маълумотдиҳандаву муаррификунандаи миллат сурат мегиранд.

Беш аз ҳама, парчамҳо ба сифати ҷузъи зебоӣ истифода шуда, кӯчаю хиёбонҳо ва гулгаштҳо бо рангҳои парчам оро дода мешаванд. Ҳамчун ифодаи қурбонии роҳи Ватан сарбозони фавтида бо парчам дафн карда мешаванд.

Парчами Тоҷикистон

14 октябри соли 1924 Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфт ва бо қарори Президиуми Кумитаи марказии иҷроияи он аз 23 феврали соли 1924 Парчами давлатӣ қабул карда шуд, ки аз матои сурх иборат буда, дар кунҷи он нишони давлатӣ бо навиштаҷоти «Пролетарҳои ҳамаи мамлакатҳо, як шавед» акс ёфта буд.

16 октябри соли 1929 Ҷумҳурии  Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон табдил ва 5 декабри соли 1929 бевосита ба ҳайати ИҶШС шомил карда шуд. Моҳи апрели ҳамон сол парчам дар таҳрири нав қабул шуд. Баъди қабули парчам аз соли 1929 то соли соли 1953 ба он ҳафт маротиба таҳрир ворид карда шуд. Аз соли 1953 бе таҳрир то соли 1991 арзи вуҷуд кард.

Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 Истиқлоли давлатии худро эълон намуд ва баъди панҷ моҳ ҳамчун ҷумҳурии мустақил узви комилҳуқуқи СММ гардид.

Ҳар як ранги Парчами кишвари мо ифодакунандаи муҳтавои таърихи гузашта ва имрӯзаи халқи тоҷик буд. Яъне ранги сурх – озодӣ, сафед – оромӣ, сабз – ободии давлат ва миллатро бозгў мекард, ки рӯзи 24 ноябри соли 1992 дар қасри «Арбоб»-и шаҳри Хуҷанд дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нишон ва Парчами нави давлатӣ қабул гардиданд.

Ба ин ҷиҳат бояд арҷ гузошт, ки бори аввал дар тули зиёда аз 70 соли мавҷудияти Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурӣ бори аввал парчами ин кишвар ба сифати рамзи истиқлоли давлатӣ тавзеҳ дода мешавад ва ё аввалин маротиба калимаи «ИСТИҚЛОЛ» дар тафсир ва ё шарҳи парчам ворид шуд. То ин дам парчамҳои қаблӣ танҳо рамзи фарқкунандагии давлатиро иҷро мекарданд, ки Тоҷикистонро ҳамчун ҷумҳурии тобеъ аз 14 ҷумҳурии дигари Иттиҳоди Шуравӣ дар фарқият қарор медоданд. Парчами нав  акнун Тоҷикистонро на чун давлати тобеъ, балки ҳамчун ҷумҳурии мустақил миёни зиёда аз 200 давлати дунё ба назар намоён мекард.

Моҳи сентябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе ба муносибати 20-солагии Истиқлоли давлатӣ баландтарин парчам дар ҷаҳон (165 метр) бунёд шуд, ки он ба китоби «Рекордҳои Гиннес» ворид карда шуд. Дар чунин шакл ва андоза бунёди парчам ифодаи ғурури сатҳи давлатдорӣ ва ё худнамоӣ набуда, он ифодаи давлатдории қадимии халқи тоҷик мебошад, ки ба ҳар як метри он як давраи таърихии нашъу намои миллию сиёсии тоҷикон рост меояд. Қуллаи парчам қуллаи баланди ташкили давлатдории мустақиле мебошад, ки онро тоҷикон бо баҳои талафоти беназири моддию маънавӣ аз тули таърих ба даст овардаанд.

Аз ин рӯ, бузургдошти Парчами давлатӣ – арҷгузорӣ ба таҷрибаи давлатдории гузаштагони миллати тоҷик маҳсуб ёфта, ҳимоя ва қадрдонии он ба кӯшишҳои ҳар як фарди ҷомеа тавъам мебошад.

Тибқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11-уми декабри соли 1999, №892 бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст: ҳар сол рузи 24-уми ноябрро дар тамоми ҷумҳури ҳамчун Рўзи Парчами миллӣ ҷашн мегиранд.

Ҷашни Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иди миллӣ ба худшиносӣ, боло рафтани ҳисси ифтихори милливу ватандорист.

Хушбахтона, баъди садсолаҳо мардуми тоҷик бо шарофати соҳибистиқлолӣ аз нав соҳиби парчами миллӣ – рамзи давлати мустақилу соҳибихтиёр гардид.

Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути парчами он муаррифӣ мегардад. Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ ва гузашта аз ин, эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ мебошад, зеро парчам дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди Миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти милливу давлатӣ маҳсуб мешавад.

Маҳз, бо туфайли ҷашни Рӯзи парчам дарёфтам, ки чандин ҳазор сол пеш миллати соҳибтамаддуни мо соҳибпарчам буд ва бо эҳтироми хоса онро ба дурру гавҳар меоростанд, натанҳо ифтихорам афзуд, балки масъулиятам низ ҳамчун шаҳрванди кишвари соҳибдавлату соҳибтамаддун афзуд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ фармудаанд, ки «Парчами имрӯзаи давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад».

Бо дарназардошти мақому манзилат ва моҳияти парчам дар тарбияи ҳисси худогоҳиву худшиносӣ ва ватандӯстии мардум ва насли ояндаи кишвар Президенти маҳбубамон Боғи Парчами миллӣ-ро бо афрохтани Парчами бузургтарин мавриди истифода қарор доданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми телевизионии худ ба муносибати Рӯзи парчам аз 23-юми ноябри соли 2010 рангҳои парчами миллиро «ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ» дониста, гуфтаанд:

«Ранги сурх – рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз – нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад».

Ин парчам на танҳо ба мо шукӯҳу сарбаландӣ мебахшад, балки эҳсоси Ватандориро дар мо бедор ва поянда нигоҳ дошта, меҳру муҳаббат ба Ватанро дар ниҳоди мо фурӯзон месозад.

Дар фарљоми сухан Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи шумо устодону донишҷӯёнро бо Рӯзи Парчами давлатии кишвари соҳибистиқлоламон муборакбод намуда, ба шумоён ояндаи неку дурахшон худшиносӣ, миллӣ дӯстдории Ватану миллат арҷгузорӣ ба муқадасоти миллӣ ва рӯзҳои пур аз фараҳу шодӣ ва дар идомаи кору фаъолияти илмиву эҷодӣ ва тарбиявиатон комёбиҳои беназир таманно дорам.

Бигузор Парчами Тоҷикстони азиз доимо парафшон бошаду мо тоҷикон зери ин парчам бо якдигар муттаҳид шуда, баҳри боз ҷам ҳамеша парафшон будани Парчами давлати худ дар кураи рӯйи замин саҳмгузор бошем.

      

        Сайфуллоева З. А. – н. и. ф., дотсент,
         мудири кафедраи забони тоҷикии ДСРТ

IMG_9388.jpg
333fcc27030981822b76e27423308fd2_XL.jpg
×