Top.Mail.Ru
Муаллим – чароғи роҳ ва равшангари рӯзгор
Новости

Муаллим – чароғи роҳ ва равшангари рӯзгор

Муаллим… Ин вожа чӣ қадар пуррамз аст! Ҳар гоҳе, ки онро ба забон меорем, пеши назарамон чеҳраи нуронии касе меояд, ки дасти меҳрубону меҳнатпешааш моро аз ҷаҳли торикӣ ба биҳишти дониш мебарад.

Агар баҳор табиатро бедор созад, пас муаллим ақлу дили инсонро аз хоби нодонӣ бедор мекунад. Агар офтоб ҷаҳонро равшанӣ бахшад, пас муаллим бо чароғи илму маърифат роҳи зиндагии наврасону ҷавононро равшан месозад.

Ҳақ ба ҷониби бузургонамон аст, ки фармудаанд:

Ҷабри устод аз падар беш аст,
В-аз падар устод дар пеш аст.

Зеро, агар падар зиндагӣ бахшаду ҷисмро парвариш кунад, муаллим зиндагиро маънӣ медиҳад. Рӯҳу маънавиётро таҳия месозад.

Дар ҳақиқат ҳам, муаллимӣ яке аз касбҳои пурмасъулият ба шумор меравад ва дар ҷомеа мақоми арзандаву эҳтироми вижа дорад. Дар айни замон касби муаллимӣ яке аз пурмасъулияттарин ва муқаддастарин пешаҳо ба ҳисоб рафта, ҳар як ҷомеае, ки ба омӯзгор эҳтиром мегузорад, ояндаашро бо дастони пурнури ӯ равшану зебо месозад. Бинобар ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш таъкид карданд:

«Ояндаи давлат, миллат ва Ватанро маҳз омӯзгор месозад».

Муаллим шахсияти бузург ва нотакрорест, ки бо чароғи ақл ҷаҳони фикрии моро дигар мекунад. Аз домони ӯ деҳқону муҳандис, духтуру шоир, сиёсатмадору донишманд парварда мешаванд. Ҳар як дастоварди шогирд барояш беҳтарин мукофот аст. Давлати муаллим – муваффақияти шогирдон аст.

Аз ин рӯ, эҳтироми муаллим на танҳо қарзи инсонӣ, балки вазифаи муқаддаси ҳар як фарди бо нангу номуси ватан аст.

Дар ин рӯзи фархунда, ки ба бузургдошти меҳнати муаллим бахшида шудааст, ман бо самимитарин эҳсосот ба Шумо, омӯзгорони азиз, саломатии комилу бардавом, умри дароз, хонаободӣ ва комёбиҳои нав ба нав дар роҳи иҷрои ин вазифаи пуршараф таманно дорам.

Бо эҳтироми бепоён,
Дилафрӯз Азизова, раиси занони Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон

×