Новости

Муждаи комёбии нав

Муждаи комёбии нав

6 феврали соли 2024 дар Кохи Суруш маросими ҷоизасупорӣ ба иштироккунандагони озмуни «Ҷавонони лаёқатманд» дар соҳаи адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, барномасозӣ, эҳёи ҳунарҳои миллӣ, техника, технология ва навоварӣ (инноватсия) баргузор шуд, ки бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил ёфт. Дар чорабинии мазкур муовини аввали Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, сардори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода ва дигарон ширкат варзиданд.

Хурсандибахш ва боиси ифтихор аст, ки дар ин маъракаи пурнуфузи ҷоизасупорӣ донишҷӯи курси 3-юми факултети таърих ва муносибатҳои байналхалқиии Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон, нависандаи боистеъдоди ҷавон Сайидо Шарифӣ барои дар соли 2023 барои дастовардҳо дар соҳаи адабиёт бо Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мукофотпулии калон сарфароз гароднида шуд. Мо ба ин ҷавони лаёқатманд, ки соли ҷорӣ инчунин дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ» дар номинатсияи «Эҷоди наср» иштирок хоҳад кард, ва муаррифгари Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон хоҳад шуд, комёбиҳои шоён ва сарфарозиҳо таманно дорем.

Аҳли устодони кафедраи забони тоҷикии ДСРТ

426261108_772170964961179_7830054526651153142_n.jpg
424914834_772171071627835_3776958514423849085_n.jpg
425766996_772171608294448_24296369221543986_n.jpg
IMG_0208.jpg
IMG_0213.jpg
425728518_772202674958008_9070357236581864316_n.jpg
×