Мушкилоти имлои мо решаи таърихӣ дошта, ба ду бор тағйири хат-аввал аз форсӣ ба лотинӣ, баъд аз лотинӣ ба кирилӣ вобаста мебошад. Баҳс дар бораи имло низ солҳои зиёд аст, ки идома дошта, дар ин замина тағйиру такмиле низ сурат гирифт. Бо вуҷуди дигаргуниҳое, ки дар имлои забони тоҷикӣ ворид шуд, мушкилоти ин соҳа ҳамчунон боқист. Бисёре аз мушкилот натиҷаи ислоҳотест, ки дар вақташ даруст насанҷида амалӣ гардидааст.
Ба ин далел, масъалаҳое ҳаст, ки бояд мариди таваҷҷуҳи мутахассисон, қарор гиранд. Вақте ки маводи матбуот ва матни осори адабӣ, китобҳои дарсӣ ва эълону навиштаҷоти атрофро мехонед, риоя накрдани талаботҳои қонуни имло равшан ҳис мешавад. Ҳамчунин масъалаҳои бунёдие пеши назар меоянд, ки ҳалли фаврии онҳо талаби айём аст. Ба истилоҳ, мо аз ҳарфҳои бегона-ц, щ, ы ва ь халос хӯрдем, вале мавқеи ётбарсарҳо, дигар кардани тартиби ҳарфҳо дар алифбо, зарурати ҳамчун овози таърихии мустақил қабул кардани ҳарфи –ъ- ҳанӯз боқист. Нақши таърихию овозии йотбарсарҳо низ ҳанӯз мушаххас нест. Вақте аз номҳои таърихӣ ва исмҳои хос мисли Муиззӣ овози –ъ-ро берун меандозем, гоҳо маънии калима дигар мешавад. Мавқеъ ва тарзи навишти бандакҷонишинҳои соҳибӣ низ ба сохтори овозии забони тоҷикӣ хос нест. Махсусан вақте ки ин бандакҷонишинҳо дар матни насру назм меоянд ва зарбу оҳанги мувофиқи вазни он аз байн меравад, дигар ҳоҷати гап ҳам намемонад.
Масъалаи дигар мавқеи и-йи кӯтоҳ ва ӣ-йи дароз дар имлои забони тоҷикӣ мебошад. Чандин сол пеш шодравон А. Мирзоев пешниҳод карда буд, ки овозҳои зикршуда дар имло дохил карда шаванд. Ҳарфи ин донишманди фақид ба эътибор гирифта нашуд, вале ҳоло дар фейсбук гуруҳе имлои худашонро вазъ карданд, ки дар аввал ва мобайн калимаро бо –ӣ-йи дароз ва ҳамаи калимаҳоеро, ки ъайн доранд, бо ҳарфи –ъ менависанд. Мо бояд сари ин масъала ҷиддӣ биандешем ва суол гузорем, ки оё фосила гирифтан аз овозҳои решаии калима вазни шеъри моро то куҷо тахриб кардааст? Ин овоз ҳамчун ҳамсадои ҳалқии комилҳуқуқ дар забони мо таърих ва ҷойгоҳ дошту дорад.
Зимнан бояд гуфт, ки дар ислоҳи имло мо сайри таърихии калимаҳо ва ба тағйирот дучор шудани онҳоро ба эътибор нагирифта наметавонем, вале ҳодисаҳое ҳастанд, ки бояд сари он биандешид. Ҳоло фақат як мисол меоварам: мо бар асари ғалат хондан имрӯз соҳиби калимаи –хизмат шудем, вале асли саҳеҳ ва таърихии он –хидмат аст. Ҳамин гуна “калимасозиҳо” дар имлои имрӯза хеле зиёданд. Ҳамчунин санади дигарро бояд ба эътибор гирифт: падидаҳои забонҳои бегона бояд ба меъёр ва талаботи забони модарӣ мувофиқ карда шаванд. Шакли асли исмҳои хос ва баъзе исмҳои ҷинс на дар заминаи забони русӣ, балки забони асл дар имлои тоҷикӣ ҷой гиранд, мисли Ҳайнрих Ҳайне, на Генрих Гейне. Тарзи навишти таркибҳои изофӣ, сифати феълӣ, пасояндҳо, ҷонишинҳои навъи –ҳар хел, ҳар кадом, ҳаргуна, ҳар гоҳ, сифатҳои феълӣ ва ғайра низ аз мушкилоти ҳанӯз ҳалнашудаи имлои забони тоҷикӣ мебошанд.
Ҳамин гуна баҳс дар сари –уйи кӯтоҳ ва ӯ-йи дароз низ вуҷуд дорад. Дар имлои ҳозира тағйиротҳое ворид шуд, вале дастури имло дар рӯи коғаз монд. Дар навиштору таҳрирҳо мо чизи дигарро мебинему мехонем. Дар ин замина дастандаркорони соҳа бояд анъанаҳои ҳазорсолаи забони форсии тоҷикиро ба эътибор гиранд, вагарна мо аз асолати овозии забони устувору ҳушоҳанг тадриҷан фосила гирифта истодаем, ки оқибаташ хуб намешавад.
Хусусиятҳои хоси забони тоҷикӣ, аз ҷумла савтиёти он, баъзе қоидаҳои нодурусти имло, бенизомии алифбо, мавқеи гоҳо иштибоҳии корбурди пешоянду пасвандҳо, худсариҳо дар навишти баъзе калимаҳо моро водор мекунад, ки баҳси ин мавзӯъро идома дода, ба ҳалли саҳеҳ ва ояндабинонаи он ноил шавем. Воқеияти вазъи имрӯзаи имло инро талаб мекунад.
Хулоса, мо сари имлое бояд биандешем, ки сабуктар, барои ҷомеа фаҳмою дастрас бошад ва кори таълимро осон кунад. Имрӯз вазъи имлои маводи дар матбуот чопшуда, китобҳо, навиштаҷоти дару деворҳои шаҳр бояд моро нигарон созад. Агар гӯям, ки имрӯз мақолаеро ёфтан муҳол аст, ки беғалат чоп шуда бошад, воҳима накардаам. Аз ҳар саҳифаи китобҳо даҳҳо хато меёбед. Ин ҳолат муаллимону хонандагонро дар байни қоидаҳои духӯра, носаҳеҳ ва пурихтилофи имло раҳгум занондааст. Ҳанӯз сари вақт аст, ки доир ба мушкилоти имло ҷиддӣ биандешем, вагарна фардо дер мешавад.
Мудири кафедраи забони тоҷикии
Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон
н.и.ф., дотсент
Сайфуллоева З.А.