Новости

Андарзномае, ки беҳ аз дурру гуҳар аст

Андарзномае, ки беҳ аз дурру гуҳар аст

Гирдоварӣ ва нашри суханони ҳикматомез аз ҷониби профессор С. С. Ятимов таҷрибаи аввал нест. Гузаштагони мо маҳз ба хотири инсонсоз будан ба ин кор аз замонҳои қадим даст зада, онро василаи таъсиргузори ислоҳи ахлоқ ва аъмоли инсон ба шумор овардаанд. Шояд ба ҳамин далел аст, ки ҷузъи муҳимми осори адибони гузаштаро панду ҳикмат ташкил медиҳад. Аз Авасто сар карда, то Рӯдакию Фирдавсӣ ва Саъдию Ҳофиз ва адибони баъдии замонҳои мухталиф, ҳама танҳо бо ҳадафи инсонсозӣ, ба қавли Хусрави Деҳлавӣ “Зи андарзу насиҳат руқъае чанд ба домони” мо пайванд кардаанд, ки бунмояи худшиносиву худсозӣ будааст.

Инак, китоби пурарзиши “Андарзнома”, ки идомабахши суннати ҳикматшиносӣ ва ҳикматписандии гузаштагону имрӯзиёни мост, ба эҳтимоми профессор С. С. Ятимов ба чоп расид. Ин ҳодисаи муҳими адабию фарҳангӣ буда, дар матни воқеиятҳои ҷаҳони имрӯз, ки дар тағйиру дигаргуниҳои ахлоқ ва ҷаҳонбинии инсон таъсири зиёд дорад, мураттаб гардидааст. Ба ин далел, арзиши замонии ин китоби ҳикмат, ки ба тарз ва биниши тоза таҳия шудааст, бузург буда, пеш аз ҳама, намоёнгари нияти неки мураттиб мебошад. Мураттиб хостааст, ба қавли саҳеҳ ва воқеии Восифӣ “Ба қудрати комила ва ҳикмати шомилаи” мутафаккирони ҳар давру замон ва халқу миллатҳои гуногун “чаҳорбоғи фасҳулфазои олами сифлиро ба чор девори аносир мӯҳкам ва мазбут гардонад”, ки кори хайр, созанда ва мондагор дар ин рӯзгори пуршебу фароз мебошад.

Ҳамин тавр, вижагии асосии ин китоб дар он аст, ки мураттиб андешаҳои ахлоқии андешамандони замонҳои мухталиф ва миллатҳои гуногунро дар алоқамандии танготанг бо воқеиятҳои имрӯз гирдоварӣ ва нашр кардааст. Мураттиб дар интихобу таҳияи ин осор ба он бовар будааст, ки андешаҳо ва панду андарзҳои ҳакимонаи адибони тоҷик ва миллатҳои дигар, ҳарчанд дар замонҳои гуногун эҷод шуда бошанд ҳам, арзиши ахлоқии хешро то имрӯз ҳифз кардаанд ва дар парвариши ахлоқи насли имрӯзу оянда судманд ва таъсиргузор хоҳанд буд. Аз ин ҷост, ки андарзҳо бо назардошти ҳадафи ғоявию таълимӣ ва таъсиргузории он дар тағйири бунмояҳои ахлоқии инсон дастабандӣ шуда ва дар китоб фароҳам омадаанд.

Дастабандии андарзҳо низ дар матни воқеиятҳои имрӯз ва ҳадафи ғоявии мураттиб анҷом гирифта, ба саранвишти миллат ва ахлоқу ояндабинии он сахт пайванд мехӯрад, ки қобили эътироф ва дастгирӣ мебошад. Ба ин тартиб, андарзҳо дар ин китоб ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мураттаб шуда, аз бисту ду қисм ба ҳам омадаанд, ки ҳар кадоме мавзӯъ ва ғояи хосро дар бар мегирад. Мураттиб андарзҳоро ба тақозои муҳимии мавзӯъ ва ғоя ба тартиб оварда, таҳти унвонҳои “Миллат, ҳуваияти миллӣ, халқ”, “Фард, шахсият, одамият”, “Хирад, дониш, илм, маънавият”, “Давлат, сиёсат, тобеият”, “Ишқ, муҳаббат, дӯстӣ, душманӣ”, “Сухан ва забон”, “Сиришт, тинат ва ниҳоди одамӣ”, “Сирру асрор, ваъда ва вафодорӣ”, “Азиши дунё ва тақдиргароӣ”, “Дард ва ғаму андӯҳ”, “Мақсаду манфиат”, “Сипоҳ, артиш ва ватандорӣ”, “Ҳаёт, умр, марг, ҷовидонӣ”, “Таълиму тарбия”, “Зулму ситам ва ҷаҳолат”, “Рафтор, одобу ахлоқ”, “Некиву бадӣ ва подоши он”, “Саъй, талош, кӯшиш”, “Касбу ҳунар, меҳнатдӯстӣ, танбалӣ”, “Ҷом, май, соқӣ”, “Шоҳбайтҳои писандида” ва “Зарбулмасал” фароҳам овардааст. Ҳамчунин дар қисмати русию англисии китоб низ андарзҳо ба ҳамин тартиб аз рӯи моҳияти замониву идеологӣ ва маънавию ахлоқӣ гирдоварӣ ва номгузорӣ шудаанд, ки хонандаро барои дарёфти ҳадафи мавриди назараш ба таври мушаххас раҳнамоӣ мекунад.

Мавзӯи ахлоқ ва ҳувияти инсонӣ дар тӯли замонҳо мавриди назари аҳли адаб ва донишмандони соҳаҳои гуногуни илм, аз ҷумла фалсафа, ахлоқ ва ҳатто фиқҳ қарор доштааст. Дар ин китоб мураттиб бо назардошти ҳамин таҷриба андарзҳоеро интихоб кардааст, ки паҳлуҳои гуногуни ахлоқи инсонро дар бар мегиранд. Аз хондани андарзҳои ин китоби арзишманд хонанда ба хулоса меояд, ки шахсияти инсон аз назари адибону донишмандон ва сиёсатшиносону аҳли тақво дар ҳеҷ замоне якрангу якнавохт ба тасвир наомада, балки бо тамоми мураккабиҳо ва тазодҳояш воқеъгароёна ва воқеънигорона бозбинӣ шудааст. Яке аз омилҳое, ки ин гуна осори пурҳикмат ва раҳнамо, новобаста ба сиёсатҳои шоеъ, намемирад ва ҳамеша дар хидмати хонанда қарор мегирад, маҳз дар арзиши инсонсозии онҳост, ки маҳаки интихоб ва нашри мураттиб низ будааст.

Ин китоб бори дигар собит мекунад, ки панду андарзҳои ҳакимона, андешаҳои созандаи ахлоқӣ ва он чи ки аҳли илму адаби миллатҳои гуноногун дар замонҳои мухталиф эҷод кардаанд, имрӯз ҳам дорои арзишҳои воло буда, дар парвариши маънавии инсонҳо таъсиргузоранд.

Осори андарзии дар ин китоб фароҳамомада, ки ахлоқи ҳамидаро ситоиш ва разиларо накӯҳиш менамояд, аз назари мавзӯъ, мӯтаво, бадеият ва ғоя арзиши бузурги таълимиву тарбиявӣ ва зебоишиносӣ доранд. Аксарияти ин гуна осор заминаҳои воқеӣ дошта, диду водиди муаллифонро аз воқеиятҳое, ки ба сарнавишти ҳар инсон пайванд мехӯранд, тасвир ва бозгӯ намудаанд. Аксари андарзҳо хулоса ё ҳукми ниҳоии муаллифон дар боби моҳияти амалу кирдори инсон буда, масъалаҳои миллатдӯстиву худшиносии миллӣ, мардумсолорӣ, мавқеияти фард ва шахсият дар ҷомеъа, одаму одамгарӣ, моҳияти асосӣ ва воқеии муносибати инсон ба дин, эътимодмандӣ ва мавқеи рӯҳониён дар ҷомеъа, хирадварзӣ, маънавиёт, илм, дониш, мавқеи сиёсии инсон, тобеъияти ӯ ба сиёсат, муҳаббат ва дӯстиву душманӣ, нақши сухан ва забон дар ҷомеъа, дунёи маънавӣ, сирру асрор, ваъда ва вафодории инсон ва монанди инҳоро дар бар мегирад. Ин масъалаҳо сухан ва ҳукми охирину қотеъи адибон, олимон, сиёсатшиносон ва халқ мебошанд, ки ҳиммату ҷавонмардӣ, сухандониву мавридшиносӣ, накӯгӯиву накӯҷӯӣ, ҳунарварзиву донишандӯзӣ, диловарию шуҷоат, сахову эҳсон, ҳамдиливу ҳамраъйӣ ва ғайраро асосан ба воситаи хулосаи сухани соҳибони андарз ифода мекунад. Аксари андарзҳои ба нашр расида то ҳадде нақши даҳоро бар ӯҳда дошта, диққати хонандаро бо моҳияти меъёрӣ ва зебоии тарзи ифода ба худ ҷалб мекунанд.

Аз ин назар, нашри ин китоби арзишманд, ки бозхости маънавии хонандагони сершуморро қонеъ мекунад, басе судманд ва саривақтӣ буда, армуғони шоистаи мураттиб ба ҳаводорони каломи ҳикматомези наҷотбахши инсон аст, ки ба наҳве хонандаро дар масири душвор ва каҷдору марези зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад. Чунон ки ишора кардем, ин гуна китобҳои андарзӣ зиёд ба чоп расидаанд, вале ҷойи ин китоб ҷудогона аст. Ин аввалин китоби андарзиест, ки масъалаҳои муҳимми ахлоқиро дар алоқамандӣ бо манфиатҳои дарозумри миллат матраҳ карда, хонандагонро ба зиндагии шоиста ва манфиатбахш ҳидоят мекунад. Ҳамчунин ба забонҳои русиву англисӣ овардани қаринаҳои тоҷикии андарзҳо якнавъ бозгӯи “таҷрибаи мураттиби он барои боз ҳам хубтар аз худ кардани забонҳо” мебошад, ки ҳамчун таҷрибаи судманд барои хонандаи ҳушёру собитқадам арзишманд ва раҳнамо боқӣ мемонад.

Ниҳоят, соҳибони суханони ҳикматомези дар ин китоб ҷамъомада намояндагони касбу кори гуногун, яъне яке шоиру нависанда, дигаре файласуфу равоншинос, савумӣ аҳли нуҷум ва фиқҳшиноси исломӣ ва гурӯҳе дигар аҳли сиёсату ҳуқуқ мебошанд, ки ҳар кадоме дар ҷомеъа мавқеи шоистаи худ ва ҳуқуқи раҳнамоии ҷомеаи инсониро дорад. Ин яке аз омилҳоест, ки бояд хонандаро ба дарёфт ва хондани ин китоб ҷалб кунад. Муҳимтар аз ҳамаи инҳо, хонандаи огоҳ дар тобеъият ба андарзҳои дар ин китоб гирдомада, метавонад аз низоми арзишии ахлоқи инсон ва ҷомеъа ҳаммонанди як ҷомеъашиноси ҳозиқу равоншиноси огоҳ ва муаллими дилсӯз, бо фарогирии андарзҳои ҳакимона ва ишороту рамзҳои мутафаккирона ба таҳзиби ахлоқ, худсозӣ, хударзишмандӣ ва посдории нафси хеш, тақвият ва такмили ирода ва шуҷоати инсонӣ пардозад, ки ба қавли Ҳофизи бузургвор “беҳ аз дурру гуҳар мебошад”.

Мудири кафедраи забони тоҷикии
Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон
н.и.ф., дотсент 
Сайфуллоева З.А.

×