Давлат ҳамчун субъекти асосии муносибатҳои байналмилалӣ ва Ваҳдати миллӣ баромад намуда, рукни асосии нигоҳдошти он ба ҳисоб меравад. Бо чунин дарки баланд, Ваҳдати миллӣ дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон ҳамчун омили созандаю таҳкимбахши Истиклолияти давлати эътироф шудааст. Тоҷикистони азизамон 9-уми сентябри соли 1991 Истиклолияти давлатиро ба даст овард ва дар соли 1992 бо таъсири омилҳои субъективӣ ва объективӣ гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ гашт, ки на танҳо зарари моддӣ, балки талафоти ҷониву ҳисороти маънавиро низ ба вучуд овард. Дар натиҷа иқтисодиёти давлат фалаҷ ва миллат парешон гашт, ки омили асосии он парокандагӣ ва таъмин набудани Ваҳдати миллӣ дар ин сарзамин буд. Маҳалгароӣ бошад, дар радифи дигар сабабҳои оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари тозаистиқлоли мо яке аз омили ҷудо намудани миллат барои гурӯҳҳои аҷнабӣ, яъне ҷосусони хориҷӣ истифода мегардид, ки аз он моҳирона истифода намуда, ин миллати куҳанбунёди тамаддунофарро ба оташи ҷанги бародаркуш ё ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор намуданд. Дар ибтидои Истиклолият эътирофу пазироии Тоҷикистон аз ҷониби кишварҳою созмонҳои байналмилалии минтақавию ҷаҳонӣ вобастагӣ дошт. Дар чунин шароит, ба ақидаи мо, бе хотима бахшидани ҷанги шаҳрвандӣ, минбаъд Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун субъекти комилҳуқуқи байналмилалӣ нигоҳ доштан аз имкон берун буд.
Бинобар ин, Ваҳдати миллӣ дар таърихи тоҷикон мавқеи муҳим дошта, зарур аст, ки онро мо, насли имрӯза, арҷгузорӣ намоем. Зеро маҳз ваҳдат буд, ки миллатро аз вартаи нобудшавӣ наҷот дод. Дар замони имрӯзаи ҷаҳонишавӣ ва муборизаҳои шадиди давлатҳои абарқудрати дунë, мафҳуми Ваҳдат хело арзишманд гардидаст. Лозим ба ёдоварист, ки имрӯз баъзе аз давлатҳои дунё бо сабаби ба ваҳдат наомадан ва набудани якдигарфаҳӣ дар гирдоби моҷароҳҳову низоъҳои даҳшатбор қарор доранд. Аксари кишварҳои дигари дунё бошанд, мекӯшанд, ки як оромии сиёсӣ дошта бошанд, то ки манфиатҳо ва ҳуқуқу озодиҳои хешро ҳифз намоянд ва ба гирдоби бетартибиҳо наафтанд. Имрӯз мо шоҳиди бенизомиҳо дар аксар давлатҳои чаҳон, аз қабили Сурия, Ироқ, Украина, Ливия, Судон ва Афғонистон мебошем. Мо шоҳиди он ҳастем, ки чӣ қадар қувваю тавоноӣ ва заҳматҳо масраф мегардад, ки давлатҳои номбурда ба Ваҳдат оянд ва орзуву омоли деринашонро амалӣ намоянд, вале бе натиҷа ба анҷом мерасанд. Маҳз саъю талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки СУЛҲУ ВАҲДАТ дар ҷомеаи Тоҷикистон ба даст оварда шуд. Албатта, дар он солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ гуфтушунид намудани ҷонибҳои ба ҳам мухолиф кори хело ҳам мушкил ба ҳисоб мерафт. Зеро он солҳо гурӯҳҳое буданд, ки ба ҳокимяти конститутсионӣ итоат намекарданд ва ҳар лаҳза мумкин буд, ки ба муқобили давлат исëни навбатиро бавуҷуд оранд. Маҳз дар ҳамин давраи ҳассос мебоист, ки байни роҳбарони гурӯҳҳои мухолиф созиш кард. Чи тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, аз ин пеш ҳашт давраи гуфтушуниди байни Ҳукумат ва гурӯҳи мухолифин бе натиҷа ба анҷом пазируфта шуда буд. Ҳар боре, ки гуфтушунид ба амал меомад, бо таъсири кувваҳои бадхоҳи хориҷӣ ва дохилии давлат бе натиҷа ба анҷом мерасид. Қувваҳои носолими Тоҷикистон ба раванди гуфтушунидҳо халал ворид мекарданд, то ки ба ҷараёни оштишавӣ таъсири манфӣ расонида шавад. Ба ҳамаи ин мушкилиҳо нигоҳ накарда, санаи 27 - уми июни 1997 Созишномаи умумии Истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.
Воқеан, 27-уми июни соли 1997 дар таърихи Тоҷикистон саҳифаи наверо боз кард, ки оғози дигаргуниҳои куллӣ ва ба ҳам омадани миллати тоҷик гашт. Натиҷаи сулҳ ва ваҳдати миллӣ буд, ки бехатар ба Ватан тамоми гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ бозгардонида шуда, азнавсозии сохторҳои низоми давлатӣ, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи амалкунанда, ворид намудани ислоҳот ва иловаҳо ба Қонун дар бораи интихобот, Қонун дар бораи ҳизбҳои сиëсӣ, ки фаъолияти ҳизбҳои сиëсиро расмӣ мегардонад, Қонун дар бораи авфи умумӣ ва дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон ба вуқуъ омад, ки ҷанги шаҳрвандии 1880 рӯз ( яъне беш аз 5 сол ) идомадоштаро на чун кинаю адоват, балки ҳамчун моли таърих баҳри омӯзиш ва сабақ гирифтан дар мусоидат ба таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва худшиносии миллӣ боқӣ гузошт.
Аз ин нигоҳ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013 оид ба сулҳу салоҳ, ваҳдату ягонагӣ ироа гардида, дар он ваҳдату ризояти миллӣ ҳамчун дастоварди нодиртарини мардуми Тоҷикистон яке аз ҳадафҳои асосии марҳилаи имрӯзаи рушди давлатдории Тоҷикистон эътироф шудааст. Эътирофи байналмилалии кишвар дар оғози истиқлолият бо раванди шикасти ИҶШС вобастагӣ дошт, вале ваҳдати миллӣ ҳамчун маҳаки асосӣ вобаста ба манфиатҳои миллӣ дар муносибатҳои байналмилалии муосир ворид гардидани Ҷумхурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқии байналмилалӣ нақш дорад. Тавассути ваҳдати миллӣ ва амалисозии барномаҳои гуногунҷабҳаи давлатӣ, кишвари мо дар марҳилаи кутоҳи рушди соҳибистиқлолии худ аз шумораи давлатҳои иқтисодашон суструшдкунанда берун омада, дар роҳи баровардани эҳтиёҷоти шаҳрвандон баҳри дастрасӣ ва таъмини шароити арзандаи зиндагӣ заминаи устувор гузошт. Умуман устувории Ваҳдати миллӣ омили асосии имконияти ҳалли проблемаҳои сиёсӣ, иктисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ дар ҷомеаро фароҳам меорад. Ва агар Ваҳдати миллӣ дар кишвар ( чи кишвари бузург чи хурд) ҳукмфармо набошад, новобаста аз сатҳи рушд давлат гирифтори буҳрон ва шикаст мешавад. Ба ин воқеаҳои охир дар давлатҳои бузург ба монанди Ироқ, Ливия, Сурия, Миср ва Украина мисол шуда метавонанд. Аз ин нигоҳ ваҳдати миллӣ аз манфиатҳои миллӣ ҷудонопазир аст, ки дар навбати худ он баҳри таҳкими манзалати байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста бо манфиатҳои миллӣ ( ё давлатӣ) аз марҳилаҳои зерин иборат аст :
· ҳимоя ва мустаҳкам намудани соҳибистиқлолии давлатӣ;
· таъмини амнияти миллӣ;
· фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди устувори иқтисодӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум
· таъмини истиклолияти энергетикӣ;
· дастёб шудан ба амнияти озуқаворӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани сарзамин;
· ҳимояи хуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд, инчунин эътибор вa манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар дохил на хориҷӣ кишвар гувоҳ аст.
Ваҳдати миллӣ заминаи устувори ҷомеаи навини Тоҷикистонро гузошт, ки чун субъекти фаъоли муносибатҳои байналмилалӣ дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои байналмилалию минтақавӣ дар пазироии як қатор ташаббусу пешниҳодҳои кишвар бо сарварии Асосгузори сулҳу Вахдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифода мешавад. Чунончи, эълони Соли байналмилалии оби тоза дар соли 2003, тасдиқи Даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаëт барои солҳои 2005 - 2015», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор » барои соҳои 2018-2028, Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ ”Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда барои солҳои 2027-2036”. Имрӯз Тоҷикистонро зиёда аз 160 кишвар мешиносад ва 128 давлати дунё бо Тоҷикистон робитаи дипломатӣ доранд, ки он натиҷаи сулҳу субот ва ваҳдати миллии кишвар аст. Ҳамин тариқ ваҳдати миллӣ дар радифи таҳкими истиқлолияти давлатӣ, баҳамоии миллат ва рушди он, баланд бардоштани манзалати инчунин байналмилалӣ заминаи устувор гузоштааст. Роҳбари давлати тоҷикон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои қобилияти нотакрории ваҳдатофарӣ ва саҳми арзанда доштан дар таъмини сулҳи Тоҷикистон ва таҳкими амнияти минтақа дар соли 2005 ба ҷоизаи олӣ - медали тиллоӣ «Барои таҳкими сулҳ ва ризоияти байни халқҳо»-и Федератсияи байналмилалии сулҳ ва ризоият байни сарони ИДМ яке аз нахустинҳо шуда, мушарраф гардидааст, ки он ифодагари эътирофи байналмилалии сарвари давлат ва ҳукумати он мебошад. Воқеан, дар симои шахсияти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари давлати Тоҷикистон, ҷомеаи башарӣ шахси «вусъатбахши дӯстона ва ҳамкории байни мардумонро эътироф кард, ки барои хидматҳои арзандааш дар таъмини сулҳи минтақаю байналмилалӣ бо садҳо унвону нишонаҳои олии давлатҳо ва созмонҳои гуногуни ҷаҳон сарфароз гардонида шудаанд.
Ҳамаи ин эътирофу сарфарозиҳо ва нуфузи байналмилалии Тоҷикистон натиҷаи заҳмату талошҳои пайгиронаи роҳбари давлати Тоҷикистон, ки дар баҳамоии ҷомеаи Тоҷикистон ва амнияти минтақа, яъне таъмини Ваҳдати миллиро чун маҳаки нигоҳдорандаю таҳкимбахши истиқлолияти давлатӣ мусоидат намудааст, сарчашма мегирад.
Ба ҳамаи ҳамватанон, аз ҷумла ҷавонон, ки неруи тавонои давлату миллат мебошанд, даъват ба амал оварда, сулҳу субот, оромии кишвар, пос доштани арзишҳои миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ, инчунин сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, дар фазои тинҷию амонӣ, зиндагӣ, кор ва фаъолият намоем ва Ватани азизи хешро дӯст дорем, марзу буми онро ҳифз намоем, Ваҳдати миллии худро, ҳамчун арзиши олӣ дониста, онро бегазанд ба наслҳои оянда интиқол дода, рисолати инсонии худро ба ҷо орем.
Донишманд ва файласуфи англис Френсис Бэкон гуфта буд, ки «Се ҷиз миллатро бузург ва фараҳманд месозад: хоки ҳосилхез, саноати фаъол ва ҳаракати озоди одамон ва мол». Олими дигар Сервантес чунин қайд карда буд, ки сарвари оқилу доно, таърихи куҳани миллӣ ва сулҳу суботи миллатро аз нобудшавӣ наҷот медиҳад.
Дарки ҳамин гуфтаҳо, кӯшишҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки баҳри барқарор намудани сулҳу субот дар кишвар, ободӣ, баланд бардоштани сатҳи зисти аҳолӣ, вусъати робитаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва инсонӣ ва дар сатҳи муносибатҳои баланди байналмиллалӣ баровардани Тоҷикистон равона гардидааст.
Аз Табронӣ, Байҳақӣ ва Суюти ривоятҳое ҳастанд, ки Расули Акрам (с.а.в) мефармояд. Подшоҳи одил дар рӯи замин, сояи Худованд аст. Ҳар касе, ки чунин подшоҳро эҳтиром кунад, Худоро эҳтиром намудааст.
Дар ташаккули ҳаёти ҳуқуқии халқу миллатҳо шахсиятҳои таърихие ҳастанд, ки ном, фаъолият ва низоми ҳуқуқии онҳо пайванди ногусастанӣ дорад. Дар шаклгирии низоми муосир аст, ки на танҳо дар таҳаввули таърихи навини миллати тоҷик, ҳуқуқии тоҷикон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи он шахсиятҳои таърихи ҳастин имрӯзу фардои Тоҷикистон, давлатдорӣ ва ҳуқуқии муосири давлати соҳибихтиёрамон, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳанги ҳуқуқии ниёгон, таҳия ва қабули қонунҳои миллӣ хизматҳои шоиста намудааст.
Агар ба гуфтаи зикршудаи Френсис Бэкон аҳаммият диҳем, пас маълум хоҳад шуд, ки сиёсати Президенти кишвар дар даврони Истиқлолият баҳри аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани ҷумҳуриямон ва таъмини ҳаракати озоди одамон ва мол ҳадафи стратегӣ барои миллати тоҷик ва аҳаммияти байналмилалӣ дошта, на танҳо барои Тоҷикистон, балки ба кишварҳои ҳамсоя низ шароити мусоидро барои гардиши мол ва вусъати тиҷорат ба вуҷуд овард. Дар ин самт Сарвари давлат ҳанӯз аз давраҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар Точикистон барои ҳалли мушкилиҳои ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ ба мулоқотҳои дуҷониба ва бисёрҷониба фаъолияти дипломатиро оғоз карда буд. Баъд аз истиқрори сулҳ то инҷониб ин фаъолият хеле васеътар ва пурсамартар гардида истодааст.
Чунин самти фаъолияти Сарвари давлат аз вусъати робитаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва инсонӣ ва дар сатҳи муносибатҳои баланди байналмилалӣ баровардани сиёсати дохилии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад. Дигар самти фаъолияти Сарвари давлат, ки дар тули 35 соли Истиқлолияти давлатӣ дар сатҳи баланд ба иҷро расид, ин ислоҳоти конститутсионӣ ва рушди низоми ҳуқуқӣ таҳти роҳбарии бунёдгузори давлати миллӣ, низоми ҳуқуқи кишварро ба низоми ҳуқуқиик кишварро ба низоми ҳуқуқии давлати комилан мустақили миллӣ табдил дод.
Тасдиқи гуфтаҳои боло, ин дар даврони 35 соли Истиқлолияти кишвари азизамон, қабул намудани Конститутсияи кишвар, Қонунҳои конститутсионӣ, Кодексҳо, Қонунҳои авф, Қонунҳои буҷет, Санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, Санадҳои ҳамкории иқтисодии Авруосиё, Санадҳои ҳуқуқии байналмилалии дуҷониба (аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни дигар давлатҳои иттифоқ аввалин шуда соли 1998 санади байналмилалии суди ҷиноятии байналмилалиро қабул кард, ки он ҷониби Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1999 ратификатсия карда шуд), Қонунҳои соҳавӣ ва зиёда аз 20 ҳазор қарорҳои Ҳукумат мебошад.
Ин ҳама комёбиҳо аз заҳмати тӯлонии сарвари давлат давоми 35 соли Истиқлолияти давлатӣ гувоҳӣ медиҳад. Агар мо дар бораи фаъолияти ҳама самтҳои фаолияти Сарвари давлат сухан ронем, ҳафтаҳо, моҳо ва солҳо кам аст.
Барои ҳамин ҳам, яке аз саҳмҳои асосӣ ва таърихии Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони Истиқлолият аз инҳо иборат буд:
1. Миллатро аз нобудшавӣ наҷот доданд;
2. Ба ҷанги шаҳрвандии хонамонсӯз хотима бахшиданд;
3. Сулҳу субот, оромиро барқарор намуданд;
4. Гурезагонро ба Ватан баргардониданд;
5. Тоҷикон ва Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуданд;
6. Сиёсати дохилии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ карданд;
7. Кишварро ободтару зеботар гардониданд;
8. Мутахассисони барҷастаро тайёр намуданд;
9. Ғами халқу миллатро хурданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошанд. Дар тӯли 35 соли охир ҳамаи комёбиҳои Тоҷикистон бо шарофати меҳнати бунёдкоронаи ин марди абарқудрат дар ҷодаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба дастовардҳои пурҳашамат ноил гардиданд. Аз рӯзи аввали расидан ба қудрати сиёсӣ то ба имрӯз Президенти кишвар ҳамеша кӯшиш бар он намуда истодаанд, ки давлатдории миллиро тақвият бахшанд, осоишу сулҳу субот ва ҳаёти арзандаро барои миллати тоҷик фароҳам оваранд. Давлатамон рӯз то рӯз рӯ ба тараққӣ ниҳода истодааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби, Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон яке аз фарзандони баруманди миллати тоҷик мебошад. Пеш аз ҳама он кас тавонистанд, ки миллатро аз вартаи нобудшавӣ наҷот бахшанд. Бо эҳсоси амиқи масъулиятшиносӣ Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи баланд бурдани эътибори муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати омӯзиш ва парвариши насли наврас ҳамаҷониба ҷаҳду талош менамоянд. Давлати тозаистиқлоли тоҷиконро қадам ба қадам ба сӯи рушди босубот мебаранд. Баҳри ба як сарзамини ободу шукуфон табдил додани Тоҷикистон Худованд ба тоҷикон Пешвои хирадманду тавоноеро ато намуд.
Таърих гувоҳ аст, ки Эмомалӣ Раҳмон он рисолате, ки бар дӯши ӯ ниҳода шуда буд, аз ӯҳдаи он баромада, миллатро аз нобудшавию парокандагӣ эмин нигоҳ доштанд. Маҳз хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар кишвари мо барқарор шудани сулҳу субот, оромӣ ва ризоияти миллӣ барпо шуд. Он кас ҳамчун Пешво тавонистанд, ки Ваҳдати миллатро ба даст оваранд. Имрӯз ҳар як шаҳрванди кишвар аз он ифтихор мекунад, ки соҳиби Ватани озоду обод ва давлати мустақил мебошад. Қаҳрамони Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз қадамҳои нахустинашон барои устувор намудани пояҳои давлат ва таъмини сулҳ синаашонро сипар карданд.
Сарвари кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати пешгирифтаи худ бар он мекӯшанд, ки иқтисоди кишварамон боз ҳам рушди баланд дошта бошад ва Тоҷикистон ба қатори кишварҳои пешрафта ворид гардад. Дар назди миллатамон хизматҳои Президенти кишвар хеле бузург буда, мо тамоми тоҷикони дунёро зарур аст, ба қадри ин заҳматҳои шоён ва сулҳу осоиштагӣ расем. Вобаста ба ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкими қонуниятро дар арзёбии меҳнатҳои шоёни зикршуда роҳандозӣ намуд. Дар ин росто дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» қабул карда шуд. Қонуни мазкур аз ҷониби тамоми қишрҳои ҷомеа хуб пазируфта шуд. Маълум гардид, ки ҳар як шаҳрванди кишвар, ҳам пиру ҳам барно ин иқдомро дастгирӣ намуда, сиёсати пешгирифтаи Сарвари кишварамонро ҳамаҷониба тарафдорӣ намуданд, чунки Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин унвон арзанда мебошанд.
Дар кишвар барои тараққиёти саҳаҳои иҷтимоӣ – маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷиҳати амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат, барои баланд бардоштани мақому манзалати занон дар ҷомеа, тарбияи ҷавонон ва ба ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ фаъолона ҷалб намудани онҳо, тарбияи аҳолӣ дар рӯҳияи ватандустию худогоҳӣ, муҳаббату садоқат ба марзу буми хеш, тарбияи ахлоқию маънавии одамон корҳои зиёд анҷом мепазиранд.
Итминони комил дорем, ки мардуми заҳматкаш, менатдӯст, ободгар ва шарифи кишварамон тамоми саъю кӯшиши худро ба иҷрои вазифаҳои муайяннамудаи Пешвои миллат, ҳифзу ҳимояи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати мардум, таъмини амнияти милиию давлатӣ, суботи сиёсӣ, рушди иқтисодиёт равона хоҳанд кард ва дар афзоши неру ва иқтидори Тоҷикистони азиз саҳми арзанда хоҳанд гузошт.
Саҳифаҳои таърих гувоҳи он аст, ки дар даврони рӯзгори нобасомонӣ ва шикастарӯҳӣ, тақдир башорати баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҳадяи таърих ва пайки наҷот ба миллати тоҷик ато кард. Дар он рузҳои басо мушкил барои мардуми тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти роҳбариро ба дӯш гирифта, дар дили мардум умед ва бовариро ба сулҳу ваҳдат ҷо намуданд.
Дар таърихи навини халқи тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияте мебошанд, ки на танҳо дар ташккули таҳаввули таърихи давлатдорӣ, балки эҳёи падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳанги ниёгонамон хизматҳои бузург кардаанд. Маҳз кӯшишу талошҳои пайвастаи Пешвои милат аст, ки мо соҳиби давлат шудему мавриди эътирофу эҳтироми ҷаҳониён қарор гирифтем. Имрӯз мардуми шарифу бо нангу номуси тоҷик, махсусан ҷавонони варзишгарони саодатманду сарбаланди тоҷик дар симои Пешвои миллат наҷотбахш, ҳомӣ, пуштибон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллиро мебинанд.
Сулҳу ваҳдат вожаҳое мебошанд, ки ҳамеша дилписанду дилнишин ва бо лаҳни шево садо дода, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозад.
Сулҳ – оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро таҷассум мекунад.
Ваҳдат бошад, ба ҳам омадан, сар аз як гиребон берун овардан, ҳамдигарфаҳму поктинату миллатдӯст будан мебошад.
Ибораи ваҳдати миллӣ барои мардуми шарифи Тоҷикистон муққадас аст, зеро дар он ормонҳои ҳазорсолаи халқамон таҷассум ёфтааст. Воқеан, Ваҳдат барои мо азиз аст, зеро тинҷиву осоиштагӣ, сарбаландию хушбахтӣ, сериву пурии халқ ва рушду шукуфонии кишвар ба он зич иртибот доранд.
Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон ҷонибдори мамлакатҳои ҳамзамони берунмарзӣ мақоми онро дар миқёси ҷаҳон баланд нигаҳ медорад. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халки тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Милали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст. Худошиносӣ ва худогоҳи миллӣ ба мисоли пандест, ки аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар сарчашма мегирад. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем. Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ оварда, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад.
Ҳақиқатан, Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешкуфад, иқтисоқиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад.
Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷам омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст.
Пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор ба ҳадди бузург мустаҳкам гашта, зеро онро фарзанди бузурги ин сар замин устуворӣ бахшида, такягоҳ аст.
Маҳз хиради азалӣ ва фарҳанги сулҳофари миллати шарафманди тоҷик буд, ки баъди ҳазорсол мо имкон пайдо намудем, то ба ҷомеаи башарӣ ва асолати ҳувияти миллиӣ худ ворид гардем ва дар он мақоми шоиставу сазовори худро соҳиб шуда, манфиатҳои миллиамонро ҳимоя намоем. Мо бояд ин имконияти дар ҳақиқат таърихиро бисёр масъулона ва басо оқилона истифода намуда, истиқлоли Ватан ягонагӣ ва Ваҳдати миллиро таҳкими ҳамақониба бахшем. Ин исботи воқеии он хоҳад гардид, ки мо ворисони арзандаи гузаштагони некноми хеш мебошем.
Ҳамаи суханҳои дар боло гуфташуда дар ҳаққи Сарвари давлат саҳифаҳои таърихӣ буда, худи он кас бошанд, Асосгузори сулҳ, бунёдгузори давлати миллӣ, наҷотдиҳанда ва муттаҳидкунандаи миллати тоҷик ва Пешвои миллат мебошанд. Ба он натиҷаҳое, ки Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони 35 соли Истиқлолият ноил гардиданд, дар таърихи давлатдории тоҷикон аввалин буда, аз заҳматҳои пай дар пайи пурмашаққати он кас шаҳодат медиҳад. Чӣ тавре ки таърих гувоҳӣ медиҳад, мардуми тоҷик аз хизматҳои тулонии Пешвои миллат миннатдор буда, ӯро дӯст медоранд ва ҳидоятҳои он касро ҳамарӯза сармашқи кори худ ҳисобида ояндаи худро мехоҳанд зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон бисозанд.
Азимзода Назир Бозор – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор