Top.Mail.Ru
Паём – қутбнамои фардои дурахшони давлату сарафрозии абадии миллат
Новости

Паём – қутбнамои фардои дурахшони давлату сарафрозии абадии миллат

Фарҳанги Паём пайки хушест, ки дер боз интизораш будем ва он ҳамсони як табассуми хуршед аст, ки қалбҳоро равшан карда, ҷодаҳои зиндагиро файзбахш мекунад. Аз ҷониби дигар, фарҳанги Паём дар зеҳни мо фаҳмишеро чун захира ва ҳифзи арзишҳои фарҳангию маънавӣ  низ ба вуҷуд меорад.

Бознигарӣ ба фарҳанги Паём то пуштибонӣ аз фарҳанг дар Паём дархури масъалаҳоест, ки ҳар фарди зиёиро ба дунёи андеша мехонад. Чунки тамоми масъалаҳое, ки дар Паём баррасӣ мешаванд, дастгоҳи бузурги давлатдории тоҷиконро аз сиёсат сар карда, то иқтисоду иҷтимоъ, меъмориву шаҳрдорӣ, таъриху тамаддун, маърифату фарҳанг ва адабиёт фаро мегирад.

Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 16-уми декабри соли 2025 ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, инъикоскунандаи ҳаёти воқеии мардуми тоҷик буда, аз муҳимтарин омили пешрафту тараққиёти давлати мо дар замони истиқлол ба шумор меравад. Аз ин рӯ, ба Паём мо бояд аз ду зовия нигоҳ кунем: 1) Паём аз татбиқи масъалаҳои дар Паёми қаблӣ тарҳрезигардида ва 2) масъалагузорӣ барои иҷрои нақшаҳои бузург дар соли ҷадид ва ҳамзамон масъалаҳое, ки дар айёми ҳаллу фасл шудани вазифаҳои иҷрошуда, ба миён омаданд ва ин таҷрибаҳо дидгоҳҳои наверо дар такмили ҳамон масъалаҳои ҳалгардида ба вуҷуд оварда, роҳҳои нави расидан ба ҳадаф пешгӯӣ мекунад. Агар аз Паём то Паём ба иҷроиши масъалаҳои тарҳрезигардида назар кунем, мебинем, ки қариб ҳамаи масъалаҳои татбиқгашта ба фарҳанги муносибат алоқаманд мебошанд ва вақте Пешвои миллат аз муносибати фарҳангӣ дар ҳар масъалае  изҳори нигаронӣ мекунад, ба амиқназарӣ моро водор мекунад. Бисёр масъалаҳое, ки дар Паём баррасӣ шуданд, аз иқдомҳои бузург то хурдтарин ҷузъиёт, дар вусъату паҳно бахшидани муносиботи фарҳангии мо далолат мекарданд ва ҳадафи мо аз ин гуфтор, ишора ба масъалаҳоест, ки метавонанд дар тавсеа додани фарҳанги миллии мо ҷойгоҳи муқаддам дошта бошанд .

Чи тавре Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, миллати тоҷик дорои тамаддуни бузург буда, таърихи беш аз 6 000-сола дорад ва ин шавоҳиди таърихномаҳост ва онро набофтаанд. Яъне танҳо ҳамин сухани ҳакимонаи Пешвои миллат моро водор мекунад, ба тамоми масъалаҳои фарогири Паём ба назари жарф нигарем. Дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои бузурги маишӣ, аз қабили роҳу нақбҳо, меъмориҳои таърихӣ, бунёди нерӯгоҳҳои барқӣ, муассисаҳои таълимӣ, иншоотҳои бузурги аср, корхонаҳои саноатӣ ва ғ. нақши худро гузорем. Тамоми дастовардҳои замони истиқлол дар қатори арзишҳои миллии мо маҳсуб мешаванд ва роҳи ҳифзи онҳо боз ҳам чи тавре Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ таъкид намуданд, муносибати фарҳангиро талаб мекунад. Агар мо дар муносибат ба тамоми чизҳое, ки хушрӯзии мо ба он вобастааст, беаҳаммият набошем ва тавонем дигаронро ҳам ба он ташвиқ кунем, метавонем дастгири мардум бошем. Албатта, сарчашмаи чунин муносибат бояд аввал дар хона бошад. Агар мо худамон ба сарфаи обу барқ, тозагии гирду атроф таваҷҷуҳ дошта бошем, фарзанди мо низ ин амалро дар ҷамъият риоя мекунад ва ҳадди аққал эҳтиромаш ба ҳамон курсие, ки таълимгоҳ мешинад, зоҳир мегардад ва ӯ бояд донад,ки баъди ӯ дигарон низ аз ин курсӣ бояд истифода кунанд ва ин масъулият дар дигар ҳамсабақон низ бетаъсир намемонад. Имрӯз мо бояд ба қадри сарзамини биҳиштии худ бирасем. Дар ҷаҳон мамлакатҳое ҳастанд, ки аз рӯйи ҳудуди ҷуғрофӣ чанд маротиба аз давлати мо хурдтар ҳастанд, аммо аз рӯйи фисади аҳолӣ ду се маротиб зиёданд. Истеҳсолоте, ки дар кишвари мо ҳаст, қариб бо онҳо фарқ намекунад ва аз лиҳози иқтисодӣ чунон пешрафта ҳастанд, ки омили асосии пешрафти онҳо, пеш аз ҳама, риояи муносиботи фарҳангӣ мебошад. Мо, хушбахтона, дар мамлакате умр ба сар мебарем, ки тамоми иқтидорҳои табииро дорем, фақат лозим аст, ки  фарҳанги истифода аз онро дуруст ба роҳ монем. Чуноне ки Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, мо миллате ҳастем, ки тамаддуни бузург дорем ва аз қадим шаҳрдор будем ва бо фарҳанги хос аз давлату миллати худ дарак медодем.

Бунёди Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе аз бузургтарин иқдомҳои фарҳангии Пешвои миллат дар замони бархурдҳои фарҳангӣ мебошад, ки дар ҳифзи асолати фарҳангии мардуми тоҷик нақши муҳим дорад.

Аз дигар масъалаҳои муҳимме, ки дар Паёми Пешвои миллат садо дод, татбиқи нақшаҳое буданд, ки аз Паём то Паём иҷро шуданд ва аз муҳимтарин падидаҳои фарҳангии миллати тоҷик ба шумор мераванд. Махсусан, дар ин миён тақдими “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ ба ҳар як хонадони тоҷик, татбиқи сиёсати фарҳангии Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмонро шаҳодат медиҳад. Чи тавре Президенти кишвар таъкид намуданд, тақдими “Шоҳнома” ба мардуми тоҷик аз шумори нақшаҳои бузурге дар радифи тақдими китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафур ва “Қуръон”-и азимушшаън бо забони тоҷикӣ ба мардуми китобдӯсту фарҳангии тоҷик мебошад. Ин иқдомҳо аз мактаби бузурги давлатдории Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад. Чи тавре Пешвои миллат ҳамеша таъкид мекунанд, давлат бе унсурҳои муҳимми худ побарҷо буда наметавонад ва мо ба қадри давлату миллати худ вақте мерасем, ки аз таъриху фарҳанги худ огоҳии комил дошта бошем. Яъне ҳар нафаре метавонад хидмати содиқонаи давлату миллатро ба ҷо орад, ки таърихи гузаштаи худро хуб медонад ва дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ҷоннисорӣ мекунад, дилаш ба миллату давлат месӯзад. Ҳадафмандӣ дар ин се китоби бузург бо худшиносӣ, тамаддундорию фарҳангсолорӣ ва дурӣ ҷустан аз ҳар гуна хурофоту ҷаҳолатпарастӣ сурат мегирад. Агар китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафур моро ба асли худ ошно месозад, “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ ғурури ватандориву меҳанпарастӣ ва асолати миллиро ба мо меомӯзад ва “Қуръони карим” бошад, ҳақиқатро дар чашми мо рӯшан карда, аз ҳар гуна хурофот моро нигоҳ медорад.

Чуноне ки Пешвои миллат таъкид намуданд, имрӯз дар назди мо корҳои бузургтаре истодааст, ки онҳоро бояд анҷом диҳем ва бояд роҳҳои ҳалли проблемаҳои глабалиро пайдо кунем, то зиндагии халқи тоҷикро хуб ба роҳ монем. Мардумро дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ раҳнамоӣ кунем ва битавонем бо иттиҳоду ҳамбастагӣ Ватанро ҳифз намоем. Вақте ки мо сарҷамъ ҳастем, мутаҳҳид ҳастем, бузургии мо аз яроқҳои ҳастаӣ бузургтар аст. Дар баробари ин Пешвои муаззами миллат бо қалби саршори муҳаббат нисбат ба Ватан ва ҳисси баланди инсондӯстӣ махсус таъкид намуданд, ки “Ман ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони маҳбубамон итминони комил дорам. Мо бо мардуми заҳматкаш тамоми нияту мақсадҳои некамонро дар ояндаи наздик амалӣ менамоем ва Тоҷикистонро ба як кишвари пешрафтаву сарсабз табдил медиҳем”.  

Дар Паём Пешвои миллат соли 2026-ро ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ – Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияти худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон намуданд. Бинобари ин, моро мебояд, ки ба шарофати ин иқдоми неку созанда  аз як гиребон сар бароварда дар паҳлуи Пешвои миллат қарор гирифта, барои дар амал татбиқ намудани сиёсати давлату Ҳукумат кӯшиш намоем.

Амлоев Аминҷон Ятимович, н. и. ф., дотсенти кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи Славянии Россия ва Тоҷикистон

×