Top.Mail.Ru
Рӯзи Президент – рамзи ваҳдат, сулҳу субот ва рушд
Новости

Рӯзи Президент – рамзи ваҳдат, сулҳу субот ва рушд

Маврид ба зикр аст, ки бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин,  ба бунёди давлатдории миллӣ, низоми сиёсӣ, иқтисодиёти миллӣ, эҳёи арзишҳои фарҳангӣ ва қабули дигар рамзҳои давлатӣ, бавижа Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ ва Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ноил гардид, ки ин се унсур муқаддасоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

Бояд зикр намуд, ки тоҷикон дар фосилаи дарози таърих, маҳз, бо ақлу дониш ва заковати азалии худ дар корҳои давлатдорӣ нақши бориз гузошта, бо фарҳанг ва забону адабиёти ғанӣ тавонистанд дар қиболи ҳама гуна зулму истибдод истодагарӣ намоянд. Дар ин раванд, давраи ҳукмронии сулолаи Сомониён дар таърихи давлатдорӣ нақши намоён гузошта, таҷрибаи бунёди сохтори давлатӣ ва мақомоти идоракунии давлатӣ барои аксари кишварҳои он замон намунаи ибрат гардида буд. Тамаддуни ориёӣ, ки тоҷикон яке аз меросдорони асили фарҳанги он мебошанд, ба башарият дастовардҳои бузурги давлатдорӣ, илмӣ ва фарҳангиро тақдим намуд.

Бинобар ин, наслҳои имрӯза бояд ин мероси бузурги аҷдодиро ҳифз ва дар заминаи он ифтихор аз давлатдорӣ намуда, қадру қиммати давлати мустақили миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, шинохтани қадри гузаштагони хирадманди худро тарбия намоем. Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ мо имкон пайдо намудем, ки бо таърихи миллати куҳнабунёди худ беҳтару хубтар ошно шавем, решаҳои тамаддуни гузаштаи худро ҷустуҷӯ карда, онҳоро барои таҳкими ватандӯстию худшиносӣ, ифтихори миллии мардум ва тақвияти пояҳои давлати соҳибистиқлоламон истифода барем.

Ҷашнҳои Истиқлоли давлатӣ, Наврӯзи бостонӣ, Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба ҷашнҳои умумихалқӣ табдил ёфта, инчунин, соҳиби Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ, Артиши миллӣ, пули миллӣ ва узви ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидани кишвари азизамон аз дастовардҳо ва арзишҳои муқаддаси даврони соҳибистиқлолӣ буда, рамзи тантанаи давлатдории миллӣ ва ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани давлати миллии тоҷикон мебошад.

Ба хотири нақши бузурги Президент дар таҳкими давлатдорӣ ва сулҳу оромӣ, дар Тоҷикистон 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Ин сана рамзи ваҳдат, сарҷамъӣ ва масъулияти баланд дар назди Ватан мебошад. Тазаккур бояд дод, ки Президент дар таърихи навини тоҷикон асосгузори давлатдории миллӣ ва кафили сулҳу оромӣ ва рушди иқтисодии кишвар мебошад.

Маҳз, бо шарофати низоми президентӣ ва шахсияти Президент дар қаламрави кишвар тинҷиву амонӣ, якдигарфаҳмӣ,  рушди иқтисодӣ ва эҳёи суннатҳои миллӣ таъмин гардиданд. Барои рушди иқтисодии кишвар тамоми шароитҳои муҳайё гардида, соҳибкорону тоҷирон ва сармоягузорон фаъолияти хешро тибқи қонунҳои миллӣ ба пеш мебаранд.

Рӯзи Президент на танҳо ҷашни як шахсият, балки рамзи эҳтиром ба ниҳоди олии давлатдорӣ ва масъулияти роҳбари давлат дар назди халқ мебошад. Дар ин рӯзи ҷашн ҷомеа аз дастовардҳои кишвар зери роҳбарии Президент ёдовар шуда, ба ояндаи кишвари азизи худ бо нияти нек нигариста, омодагии хешро барои рушди мамлакат баён месозанд.

Тавре маълум аст, дар солҳои аввали соҳибистиқлолии кишварамон бо задухӯрдҳои зиёд мувоҷеҳ гардид, вале миллати тоҷик бо истифода аз ақлу хиради азалӣ ва фарҳанги тамаддунофари худ зери роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд ҳамаи он мушкилотро паси сар намуда, ба сӯйи ояндаи дурахшон бо дили пур қадам занад.

Таърих ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард, ки Роҳбари муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи ниҳоят кутоҳи таърихӣ тавонист, ки кишвари ҷангзада, мардуми сарсону саргардон ва иқтисодиёти таназзулёфтаро аз вартаи нестшавӣ раҳо созад ва заминаҳои рушди мамлакатро бунёд намуда, мардуми кишварро аз буҳронҳои сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангӣ берун оварад.  Мардуми тоҷик дар фазои сулҳу ваҳдат ва оромӣ кору зиндагӣ намуда, дар рушди кишвар саҳми арзанадаи хешро мегузоранд.

Дар ин робита, қайд намудан зарур аст, ки маҳз, бо саъйу талошҳои шабонарӯзии Президенти кишврамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аксарияти кишварҳои ҷаҳон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида, равобити дуҷониба ва бисёрҷонибаро боз ҳам қавитар намуда истодааст.

Дар баробари ин, ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои об, ҳифзи пиряхҳо, мубориза алайҳи терроризм, экстремизм, радикализм ва зеҳни сунъӣ  аз ҷониби кишварҳо узви Созмони Милали Муттаҳид ҷонибдорӣ ёфта, вобаста ба масъалаҳои зикргардида дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон чорабиниҳои зарурӣ баргузор гардида истодаанд.

Ҳ.Мирзозода, д.и.ф.  и.в. Мудири кафедраи филологияи забони англисӣ ДСРТ 

×