Яке аз масъалаҳои башарият, ифротгароӣ ба шумор меравад, ки ба мавзуи таҳаммулгароӣ иртиботи зич дорад. Ифротгароӣ барои ҷавонон хатари бузург буда, огоҳ будан аз фарҳангу тамаддун ҳушёриву зиракиро талаб мекунад. Ин масъала дар мадди назари Сарвари давлат қарор дошта, дар таълиму тарбия ба назар гирифтани онро дар мулоқоти Пешвои миллат бо зиёиён ва ҷавонон эҳсос кардан мумкин аст.
Вобаста ба ин, Пешвои миллат чунин иброз доштаанд: «Дар шароити кунунӣ таҳкими истиқлолият, устувор гардонидани пояҳои давлат ва баланд бардоштани сатҳ ва зиндагии инсон барои мо мазмуни ҳаётан муҳим пайдо мекунад. Зеро даҳсолаҳои охир пешрафти босуръати илму техника ва раванди қувват гирифтаистодаи ҷаҳонишавӣ инсониятро ба муҳити комилан нав ворид намуда, боиси ташаккул ёфтани низоми фарогири равобити сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва иттилоотиву маънавӣ гардидааст. Бо вуҷуди ҳамаи дастовардҳои бесобиқаву беназири худ инсон ҳанӯз ба ормону орзуҳои деринааш, яъне эҷоди як зиндагии поку пурсаодат, орому осуда ва озод аз хушунату ихтилофҳо дастёб нашудааст. Баръакс, имрӯз инсоният бо хатарҳои нав ва мушкилоти сангинтар рӯ ба рӯ гашта, гирифтори ихтилофҳои мафкуравию мазҳабӣ ва бархӯрди манфиатҳои сиёсиву иқтисодии ҷаҳонӣ мебошад. Вазъи имрӯзаи сайёра моро водор месозад, ки на зиддияти мафкураҳо, бархӯрди манфиатҳо ва ихтилофи тамаддунҳо, балки аз робитаҳои дӯстона, ҳамзистии мусолиатомез ва гуфткгӯи тамаддунҳо ҳарф занем. Мо вазифадорем, ки ҳама гуна амалҳои ба зиндагии осоиштаи башарият таҳдидкунандаро маҳкум ва пешгирӣ карда, талошҳои созанда, дастовардҳои фарҳанг ва дину оинҳои халқу миллатҳои гуногунро ҳамчун ҷузъи таркибии тамаддуни башарӣ эътироф ва ба он эҳтиром гузорем». Гарчанде имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои охири асри ХХ ва ибтидои асри ХХI арзёбӣ мешавад, аммо омӯзиши таърихи ташаккули муносибатҳои иҷтимоӣ собит менамояд, ки дар ин ё он шакл вай ҳамеша пайгири ҳаёти инсонҳо будааст. Чунин иллатҳои рафтору кирдор ва ахлоқ ба мисли ҷабру зулм, зӯроварӣ, манфиатҷӯӣ, ҳисси бадбинӣ, ҳасуд, дурӯягӣ, ҳамахоҳӣ, ки имрӯз ба терроризм мансуб медонанд, ҳанӯз дар зинаҳои поёни рушди ҷомеаҳо дар шаклу мазмуни дигар вуҷуд доштаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар чунин баён намуданд: «Вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир – терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем». Масалан, дар давраи ҳукмронии муносибатҳои иҷтимоии қабилавӣ одамон ба якдигар ҳамла намуда, молу амволи ба дастовардаи якдигар ё ҳайвони ромкардаи дигаронро ғасб менамуданд. Дар ин ҷараён ҷабру зулм, зӯроварӣ ва куштори одамони алоҳида, ҳатто қабилаҳо ба назар мерасад. Албатта ин падидаҳои зӯровариро баҳри ба даст овардани неъматҳои моддӣ шояд ба маънои томи имрӯзаи терроризм истифода бурдан ҷоиз набошад, вале вазъи иҷтимоию психологие, ки дар натиҷаи чунин амалҳо ба миён меомаданд, аз имрӯза дида кам фарқ менамуданд.
Бояд таъкид намуд, ки дар тӯли чандин асрҳо терроризм аз лиҳози истифодаи олоти ғорат, ҷабру зулм хеле сода ва дар ҳудудҳои маҳдуд амал менамуд, аммо аз ибтидои асри ХVI баробари арзи вуҷуд намудани баҳрнавардӣ авҷ гирифта, дар шакли роҳзанҳои баҳрӣ хислати ҷаҳонӣ касб намуд. Як нуқта ҷолиб аст, ки мисли он, ки имрӯз абарқудратҳо гурӯҳҳои террористиро баҳри амалигардонии манфиатҳои худ истифода мебаранд, дар он давра низ давлат аз роҳзанҳои баҳрӣ (пиратҳо) ҳамчун “қувваи сеюм” ба хотири мубориза бар зидди рақибони худ, ба даст даровардани роҳҳои баҳрии тиҷорат ва савдои байни давлатҳо истифода мебурданд. Бешубҳа, роҳзанҳо манфиатҳои моддии худро доштанд, онҳо ба ивази пардохти шоиста аз ҷониби ин ё он давлат омода буданд, ки муаммоҳои бамиёномадаро ба зӯрӣ, ҷабру зулму куштор ва ғорат ҳал намуда, роҳи савдои ин ё он давлатро осебпазир намоянд. Ва дар аксари маврид чунин сиёсати давлатҳо паси парда қарор дошта, ин амалҳо ҳамчун ташаббуси худи роҳзанҳои баҳрӣ маънидод мегашт.
Тавре мебинем, гарчанде садсолаҳо сипарӣ гашта бошанд ҳам, дар нақшаи амалҳои террористӣ тағйироти ҷиддӣ ба вуҷуд наомадааст. Имрӯз ҳам давлатҳои абарқудрат бозии пасипардагиро пеша намуда, мехоҳанд бо дасти ташкилотҳои террористиву экстремистӣ, ашхоси алоҳидаи роҳгумзада манфиатҳои худро амалӣ намоянд. Аз ин ҷо хулоса намудан мумкин аст, ки терроризм ва экстремизм ҳамчун падидаи номатлуб имрӯз пайдо нашудааст. Тавре пажӯҳишгари илми сиёсат, профессор С.Ятимов таъкид менамояд: «Ин гуна ҳаракатҳо дар тафаккури инсон имрӯз пайдо нашудаанд, балки дар таърихи инсоният ҳазорҳо сол пеш бо мазмуну шакли дигар, дар заминаву ғояҳои дигар, бо пуштибонҳои дигар, бо истифода аз маблағгузории дигар, ба хотири дастгирии бо ном «ҷомеаи демократӣ» ва «озодандешӣ» тавассути «хайрия», «грант», пулу моли аҷнабиён вуҷуд доштанд. Пас, ҳақ ба ҷониби он муҳаққиқонест, ки таърихи ҷомеаҳо, давлатҳо ва миллатҳоро ҳамчун таърихи муборизаҳои қувваҳои мутақобила ва низоъҳои иҷтимоӣ баҳри ба даст овардани манфиатҳои гурӯҳҳои муайяни иҷтимоӣ баррасӣ менамоянд.
Бинобар ин, бо гузашти айём моҳият ва шакли зуҳури терроризм ва экстремизм дигаргун гашта бошад ҳам, мазмуни асосии он – ғояи ҷабру зулм, зӯроварӣ ва куштор боқӣ мондааст.
Оғози ҳазораи сеюм дар назди инсоният як қатор муаммоҳои пурихтилоферо ба миён овард, ки фаъолгардии терроризму экстремизм аз ҷумлаи онҳост. Бо ҳамин маънӣ Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намудаанд, ки «замони мо замони ниҳоят мураккаб ва печидаи таърихи башарӣ, замони таҳаввулоти бунёдии созмонҳои иҷтимоӣ, замони рушди бесобиқаи илму фановарӣ, иттилоот ва дар маҷмуъ нерӯи эҷодии инсон, замони имконоти азими такомули фарҳангӣ ва ахлоқиву маънавӣ, равобит ва ҳамкории густурдаи халқу кишварҳо ва тамаддунҳои ҷаҳонӣ ба шумор меравад». Дар ин раванд ҳизбҳо ва ҳаракатҳое арзи вуҷуд намуданд, ки характери террористиву экстремистӣ дошта, дар байни мардум ҳар гуна ғояҳои иртиҷоиро тарғиб менамоянд, ки барои ҷомеаҳо хатару таҳдидҳо эҷод мекунанд.
Зуҳуроти ифротгароӣ барои фарҳанги милливу динии аҳолии муқими кишвари мо, ки аксаран пайрави мазҳаби таҳаммулпазирии ҳанафӣ мебошанд, бегона мебошад. Моҳияти ғояи ифротгароии динӣ чунин аст, ки он мафҳумҳо ва арзишҳои диниро аз мафҳумҳо ва арзишҳои милливу умумибашарӣ ҷудо намуда, онҳоро ба ҳам муқобил мегузорад. Вале ин ҳақиқати илмиро на ҳар як инсон, хусусан онҳое, ки аз асли фарҳанги миллӣ ва моҳияти дини мубини ислом бехабаранд, дарк карда метавонанд. Мубаллиғони ғояҳои терроризму экстремизм маҳз аз ҳамин ҳолат, яъне нокифоягии саводи динӣ ва дунявии мардум, хоса наврасону ҷавонон истифода намуда, дар тафаккури онҳо ғояҳои сохтзудоиро ҷойгузин менамоянд. Аз ҳамин хотир, Пешвои миллат ҳар доим таъкид менамоянд, яке аз вазифаҳои мо калонсолон, омӯзгорон тарбиядиҳандагон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аз он иборат аст, ки кори таълиму тарбияро ба таври фаъол ва тибқи талаботи замон ба роҳ монда, нагузорем, ки мубаллиғони ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ мафкураи ҷавонони моро ба унсурҳои ифротӣ олуда гардонанд. Ба ҷавонон ба таври содаю фаҳмо талқин намудан лозим аст, ки онҳо дигар ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсӣ ва ҳушёрии зеҳниро аз даст надиҳанд, ватандӯсту ватанпарвар бошанд, аз гузаштаи пурғановати ниёгон ифтихор кунанд ва ба ин роҳ ваҳдати миллӣ, ягонагии кишвар, марзу буми аҷдодиашонро эҳтиёт ва ҳифз намоянд.
Бояд дар назар дошт, ки мубаллиғони ғояҳои террористиву экстремистӣ аз хусусиятҳои синнусолӣ ва баъзан аз бетаҷрибагию сатҳи пасти дониши насли наврас истифода намуда, кӯшиш мекунанд, ки ғояҳои нопоку зишти худро, қабл аз ҳама дар байнашон паҳн карда, онҳоро бо ҳар роҳу восита ба худ ҷалб намоянд. Вобаста ба ин, профессор Ятимов С.С. чунин ибрози ақида мекунад: «Мутаассифона, таҷрибаи таърихии мардуми олам нишон медиҳад, ки инсонҳо натанҳо аз лиҳози антропологӣ ва генетикиву физиологӣ, балки аз ҷиҳати руҳию равонӣ, дараҷа, сифат ва умқи фикрронӣ, дар муносибат бо имкони дарки воқеияти ҳастӣ аз ҳам фарқ мекунанд». Ҳамчунин ӯ хулоса менамояд, ки «донишандӯзӣ, маърифатнокӣ, кӯшиши донистани ҳақиқати олам, баҳрагирии муқоисавӣ аз таҷрибаи рӯзгор, омилҳои тарбиявӣ метавонад тасаввуроти табақаҳои гуногуни ҷомеаро ба шинохти баробарвазни раванд ва оқибати вазъ наздик кунад».
Аз ин сабаб, дар суҳбату вохӯриҳо ба ин қишри осебпазири ҷомеа ниятҳои нопоки мубаллиғони ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоиро фаҳмонида, ҷавононро баҳри омӯхтани илму донишҳои замонавӣ ҳидоят намудан зарур аст. Тавре Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «...ба мо зарур аст, азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоем, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшем ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, тафаккури техникии онҳоро ташаккул диҳем».
Зарурияти вусъат додани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ба раванди ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ вобаста мебошад, зеро дар шароити рушди бемайлони илму технология шакли дигари терроризм – терроризми ахборӣ арзи вуҷуд намуд, ки онро одатан медиатерроризм меноманд. Рушди илми муосир ва арзи вуҷуд намудани технологияҳои ҷадиди иттилоотиву телекоммуникатсионӣ имкониятҳои паҳншавии ғояҳои радикалиро фарогир намуда, содир намудани амалҳои террористиро васеъ гардонид. Ин раванд тахминан аз солҳои 90-уми асри ХХ оғоз гашта, қуллаи баланди худро баъди дар шабакаи интернет арзи вуҷуд намудани чунин сомонаҳо ба мисли «фейсбук» ва «ютуб», баъд «инстаграм», «в контакте» касб намуд. Технологияҳои мазкур имкониятҳои таъсиррасонии ғояҳои террористиро ба шуури фардӣ ва ҷамъиятӣ афзоиш дода, барои фиреб додан, манипулятсияи шуури оммавӣ василаи муҳим гашт. Аз ҳамин давра сар карда, тарғиби ғояҳои террористӣ аз ҳастии воқеӣ ба олами маҷозии интернет кӯчид. Ҷойгузин гаштани террористон дар шабакаҳо ё ба ибораи баъзе муҳаққиқон «муҳоҷират»-и он ба интернет 10-15 сол қабл аз ин сурат гирифтааст, яъне ин даврае буд, ки ҳоло паҳншавии ахбор тавассути интернет он қадар сурати баланд надошт. Ба ин нигоҳ накарда, тавре дар боло зикр кардем, аз 11-уми сентябри соли 2001 терроризм ба муаммои глобалии инсоният табдил ёфта, мусаллам гашт, ки истифодабарии технологияҳои нав ба ташкилотҳои террористӣ – экстремистӣ имкониятҳои мукаммали зеҳниро барои тарғибу ташвиқи ғояҳои деструктивиашон фароҳам меоварад. Онҳо акнун воқеан имконияти банақшагирии амалҳои террористиро бо назардошти вижагиҳои ҷойгиршавии маҳалҳои содиркунии амали террористӣ ва назорати бевоситаро ба тарзи «онлайн» тавассути технологияҳои компутерӣ соҳиб гаштанд. Натиҷаи таҳқиқот собит намудааст, ки аллакай ҳамон солҳо ташкилотҳои террористӣ интернетро барои банақшагирӣ ва робитаи тарафайн, идоракунии гурӯҳҳои амалҳои террористӣ мавриди истифода қарор медоданд. Хусусан, арзи вуҷуд намудани сомонаи «ютуб» бо имконияти нисбатан осони ҷойгир намудани ҳар гуна расму суратҳо, саҳнаҳои ҷабру зулм, куштор ва дигар маводҳо таваҷҷуҳи террористонро ба худ ҷалб намуд. Баъд аз чанд сол, теъдоди истифодабарандагони интернет ба маротиб афзоиш ёфт. Масалан, соли 2010 истифодабарандагони сомонаи «фейсбук» аз «гугл» дида зиёд гашт ва соли 2012 дар шабакаҳои интернет истифодабарандаи миллиардум ба қайд гирифта шуд.
Бо назардошти чунин вазъият акнун террористон диққати худро аз платформаҳои содаи шабакаи интернет ба шабакаҳои иҷтимоии дастрас равона намуданд, зеро он имкониятҳои бештари таъсиррасониро ба шуури оммаи васеи одамон медиҳад ва ҳам акнун террористон бо ташаббуси худ бо онҳо ҳамкорӣ намуда, имконияти табодули иттилоотиро ба миён овардаанд.
Бояд тазаккур дод, ки хатари содир намудани амалҳои террористӣ бо истифодаи имкониятҳои интернет рӯз аз рӯз меафзояд. Бешубҳа, имрӯз терроризм ҳамчун вабои асри ХХI аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳкум мегардад. Мавриди зикр аст, ки зӯровариву ситамгарӣ рисолати асосии террористон буда, дар ду шакл зуҳур меёбанд. Ҷабру зулми кушода, ки тариқи гузаронидани амали террористӣ ба амал бароварда мешавад ва ба таври ниҳонӣ (пӯшида), ки дар шакли муборизаи мафкуравӣ барои ғасби ақлу ҳуши инсон дар фазои маҷозӣ ба роҳ монда мешавад. Технологияҳои ҷадиди иттилоотӣ ва воситаҳои дигари телекоммуникатсионӣ, ба монанди пахши барномаҳои моҳворавии телевизион, телефони мобилӣ бошад, ба онҳо имкониятҳои васеъро фароҳам меоваранд. Дар раванди таблиғи ғояҳои харобиовари хеш онҳо имкониятҳои васеи манипулятсияи шуури одамонро ба роҳ монда, онҳоро ба содир намудани ҷиноятҳои хислати террористидошта ҳидоят менамоянд. Тавре муҳаққиқи тоҷик Н. Муҳаммадизода таъкид менамояд «ашхосе, ки шуури вай радикалӣ гашта, ба таассуб гирифтор мешавад, олами атрофи худро эҳсос карда наметавонад, вай оҷиз аст, ношунавост, вай қобил нест, ки дигаргуниҳои ҷаҳонро бубинаду шунавад. Таассуб мубталои ҷунунӣ, таҳрифи ҷаҳонбинист, ки ба худбинию худписандии оштиннопазирӣ асос ёфтааст. Мутаасиб наметавонад механизми таҳлилу хулосабарориҳоро ба кор дарорад, ҳамчунин вай аз виҷдони дарки умумиинсонӣ маҳрум аст, аниқтараш, виҷдони ӯ ба таҳрифи меъёрҳои баҳодиҳӣ асос меёбад. Шахсияте, ки дар чунин фазои иҷтимоӣ ташаккул меёбад, даст ба қонуншиканӣ ва амалҳои террористӣ мезанад».
Аз ин ҷо чунин хулоса намудан мумкин аст, ки барои мубаллиғони терроризму экстремизм дар ҷаҳонбинӣ ва шуури мардум ҷойгузин намудани ғояи сохтзудоӣ вазифаи аввалиндараҷа мебошад. Ҳамин ки шахс гирифтори ин ғоя мегардад, ӯ тайёр аст, ки ба шӯру ошӯб, харобкориву хиёнат даст зада, ҷомеаро ба низои шадид гирифтор намуда, сулҳу суботи онро халалдор намояд.
Ҳамин тариқ, терроризми муосир моҳияту шакли зуҳури худро тағйир дода, то ба ҳол ҳамчун муаммои глобалии ҷаҳони муосир боқӣ мемонад. Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷанбаҳои гуногуни онро ба риштаи таҳқиқ кашида таъкид намудаанд, ки «имрӯз дар саросари ҷаҳон бозори васоити иттилоотию расонаҳои хабарӣ басо гарм аст. Пешрафти техникаю технологияҳои иттилоотӣ фосилаи фазою вақт ва макону замонро кӯтоҳ карда, раванди ҷаҳонигардониро дар арсаи ҷаҳонӣ пайваста намуда, муносибатҳои наздики халқҳою миллатҳо ва кишварҳою давлатҳоро вусъат бахшида, сабабгори ташаккули низоми фарогир ва амалан ҷаҳонии равобити сиёсию иқтисодӣ, василаҳои технологию иттилоотӣ, дастёбӣ ба комёбиҳои навин ва арзишманди башарӣ, сарфаҷӯии захираҳои гуногун, танзими беҳтари фаъолияти соҳаҳои мухталифи умумиҷаҳонию минтақавӣ, бахусус густариши муносибатҳои тиҷоратӣ, ҳамкориҳои молиявию экологӣ ва дигар падидаҳои муҳим мегардад. Вале аз ҷониби дигар, аксаран таҳти таъсири бевоситаи ҷаҳонишавӣ фарқи байни кишварҳои пешрафта ва ақибмонда амиқтар шуда, фишор ба сохторҳо, арзишҳои миллӣ ва фарҳангии халқҳо ниҳоят шиддат мегирад, даъвои бартариҷӯӣ аз ҷониби баъзе кишварҳои пешсафи ин раванд возеҳтар гардида, дар айни ҳол фаъолияти шабакаҳои террористию экстремистӣ ва қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддиру фурӯши силоҳ хусусияти ҷаҳонӣ касб менамояд». Ба андешаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаи аз ҳама ногувор ва ҳатто хатарноки раванди ҷаҳонигардонӣ коҳиш ёфтани ахлоқ, маънавиёт, одоб, суннат, фарҳанг ва унсурҳои дигари иҷттимоист, ки бе онҳо ҳастии ҳақиқии инсон амалан ғайриимкон аст. Эшон таъкид менамоянд, ки бо маҷрои ҷаҳонишавӣ раванди худшиносии пайгиронаи миллату халқҳо, фарҳангу тамаддунҳо ва кишвару минтақаҳо идома дорад, ки он омили муҳимтарини таҳаввулоти бузурги ҷаҳонӣ дар оғози асри ХХI гардида, минбаъд низ сабабгори тағйироту дигаргуниҳои амиқтар шуда метавонад. Вобаста ба ин, Пешвои миллат қайд менамоянд, ки «барои эмин мондан аз ин хатар тафаккури солими миллиро ташаккул додан ва таҳким бахшидан, дар муқобили ҳар гуна таҳдидҳои ҷаҳонӣ арзишҳои миллии худро ҳифз кардан, ваҳдати миллиро таҳким бахшидан, амнияту оромии кишварро таъмин намудан, сатҳи огоҳии мардум, хусусан ҷавононро баланд бардоштан аз ҷумлаи корҳои доимӣ ва заҳматталаби сиёсиву фарҳангии ҳамаи мо мебошад».
«Дар ин шароити ноустувори амнияту сулҳу субот, ки онро мо дар таҷрибаи давлатҳои дуру наздикамон мушоҳида менамоем, масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии худро оид ба ҳифзи истиқлолият, ваҳдати миллӣ, дастовардҳои бузурги иҷтимоию иқтисодӣ, амну суботи ҷомеа, ки дар тӯли 33 соли истиқлол касб намудаем, фаромӯш насозем. Тақдири миллати тоҷик чунин будааст, ки Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо ин вабои аср – терроризму экстремизм рӯ ба рӯ гашта, дар ҷисму руҳи худ хавфу хатари онро эҳсос намуд, зеро ин падидаҳои номатлуб нафақат ҷабру зулм, куштор, халалдор намудани амнияти ҷомеа, балки дар руҳу равони шахс ва ҷомеа ҷойгузин намудани ҳиссиёти тарсу воҳима, фалаҷ сохтани фаъолияти фоиданоки иҷтимоии шаҳрвандон, халалдор намудани кори муътадили мақомоти давлатию идоракунӣ ва бо ҳамин васила ноил гаштан ба мақсадҳои зиддиҷамъиятӣ маҳсуб меёбад. Аз ин хотир, дар шароити имрӯза, ки талоши тамоми қувваҳои иртиҷоиву ифротӣ барои таъсиррасонӣ ба мафкураи ҷавонон ва моил сохтану истифодаи қувваи бузурги онҳо барои амалӣ намудани ҳадафҳои муғризонаи худ равона шудааст, ҷавонони мо бояд бисёр ҳушёр бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва манфиатҳои милливу давлатиро ҳатто як лаҳза ҳам фаромӯш накунанд. Мо набояд гузорем, ки номи фарзандони мо дар таърихи миллат ҳамчун террорист ё ифротгаро сабт шавад».
Аҳрорӣ Г.У., номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ,
муовини директор оид ба корҳои тарбияи Институти иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон