Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин сарварест, ки ҳанӯз чанд сол пеш, бори аввал ҷаҳониёнро аз ривоҷу густариши терроризм ва экстремизм бо таъкиди хос ҳушдор дода буданд. Инчунин, ҳамасола дар бузургтарин ҳамоишҳои байналмилалӣ изҳор доштанд, ки бояд ҷомеаи ҷаҳонӣ ба муқобили он дар якҷоягӣ мубориза баранд. Вақт бори дигар собит сохт, ки Сарвари дурандеши кишвари мо вазъи мураккабу номутаносиби сайёраро хуб эҳсос менамудааст. Воқеанд ин ду мафҳум - терроризм ва экстремизм имрӯзҳо дар маркази диққати тамоми ҷаҳониён қарор дорад. Ҳама шоҳид гардидему дидем, ки ин амалҳо чӣ гуна монеаи пешрафти кишварҳои мутараққӣ, сабаби қатли ҳазорон кӯдаки бегуноҳ ва аҳолии осоишта гардиданд. Ба ҷуз ин, бар сари ҳазорон хонаҳо харобӣ овард ва мардуми зиёде фирори шуданд.
Террористон баҳри амали кардани ҳадафҳои нопоки худ аз таълимоти дини мубини ислом мунҳарифона сӯистифода намуда, исломро ба сиёсат омезиш медиҳанд ва ба амалҳои нопок даст мезананд. Ҳол он, ки дин ҳамчун ойини муқаддасу пок набояд ба сиёсат вобаста ва ё омеха бошад. Боиси нигаронист, ки солҳои охир ба шахсони сода ва зудбовар фирефтаи суханони дурӯғини чунин бадхоҳону бадандешон шуда, ба гурӯҳҳои террористӣ ва равияҳои номатлуб мепайванданд.
Асосгузор сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санаи 9.03.2024 ҳангоми вохурӣ бо аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар қайд карданд:
«Ходимони дин барои гирифтани пеши роҳи ифротгароӣ қарзи имонӣ ва рисолати шарвандии худро бояд иҷро намояд. Кор дар ин самт тавре ба роҳ монда шавад, ки барои ифротӣ шудани як нафар ҳама эҳсоси масъулият дошта бошанд, аз раиси шаҳру ноҳия сар карда, то расиси маҳалла, ходими дин ва волидайну омӯзгорон дар назди қонун ва ҷомеа эҳсоси ҷавобгарӣ намоянд».
Баҳри пешгирии зуҳуроти терроризму ифротгароӣ сарварони давлатҳо супоришоту фармонҳову дастур медиҳанд. Яке аз ин гуна дастурҳо Супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи Стратегияи муқовимат бо экстермизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025» мебошад, ки он нуктаҳои мушаххаси муқовимат бо ин зуҳуроти номатлубро дар бар мегирад. Аз ҷумла, ба тамоми вазорату мақомот, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо оид ба амалигардонии Стратегияи мазкур нақшаҳои дохилии мушаххас тартиб дода, корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳли ҷомеа пурзӯр намоянд. Ҳамчунин супориш додашудааст, ки ҳамасола то 15 январ оид ба рафти иҷрои Стратегияи мазкур ба Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотҳои заруриро мақомотҳои дахлдор пешниҳод намоянд. Оид ба рафти иҷроиши Стратегияи мазкур ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбори лозимаро пешниҳод менамоянд.
Солҳои охир аз ҷониби гурӯҳҳои алоҳидаи террористӣ дар ҷаҳон тақрибан 6500 воқеаи муҳим ба амал омада, боиси марг ва нокомиҳои беш аз 1100 одамон гардидааст. Барои пешгирии ҳамагуна зуҳуроти террористӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна гурӯҳ ва ё созмонҳои ифротию динӣ таклиф пешниҳод менамоям, ки дар зарфи се моҳ як маротиба кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии мамлакат бо донишҷӯён ва хонандагони синфҳои болоии мактабҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вохӯриҳо гузаронанд. Инчунин агар имконият дошта бошанд бо кумитаҳои падару модарони донишгоҳҳои олӣ мактабҳои миёна, литсейҳои касбӣ-техникӣ, мактабҳои хусусии ғайридавлатӣ ҳамкорӣ карда, дар ҷаласаҳои онҳо иштирок намоянд. Дар ин ҳолат назорат аз болои фаъолияти ҷавонон ҳам аз тарафи оила ва ҳам аҳли ҷомеа боз ҳам ҷонноктар мегардад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ишора кардаанд: «Терроризм ва экстермизм аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».
Дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии кишвар, ки санаи 28-уми декабри соли 2023 ироа гардид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли-2024 – «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад.
Ташаббуси эълон кардаи Пешвои миллатро бояд чунин фаҳмид. ки ҳар шаҳрванди огоҳи мамлакат бо фаъолмандии худ барои пешрафти бештари Тоҷикистони азиз саҳмгузор буда метавонад. Ҳамчунин, огоҳии мардум, хоса ҷавонон аз маърифати ҳуқуқи боиси зиракии сиёсии онҳо шуда, дар натиҷа амнияти кишвар қавӣ мегардад, гурӯҳҳои тундраву ифроти оҳоро истифода бурда наметавонанд. Пас, огоҳии бештари ҳуқуқи тадбири бениҳоят муҳимми пешгирӣ аз ҳар фоҷеа маҳсуб меёбад. Донистани қарору қонун ва риояи он дар ҷомеаи мо метавонад шаффофияти муносибатҳоро дар ҳама самтҳои давлатдорӣ таъмин намояд ва барои устувории сулҳу ваҳдати миллӣ, некӯаҳволии аҳли ҷомеа ва худшиносию худогоҳии мардуми Тоҷикистон., аз ҷумла насли ҷавону наврвс, ки Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақши ҷавонон дар давлатдории оянда эътиқоди беназир доранд, саҳм гузорад.
Мо, зиёиён, кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ. Мақомотҳои қудратӣ, аҳли ҷомеа бояд ҳамеша як нуқтаро дар хотир дошта бошем, ки дошта бошем, ки дар шароити кунунӣ маърифати ҳуқуқӣ, худшиносию худогоҳӣ ҷузъи қавии сиёсати Ҳукумати мамлакат шинохта шудааст.
«Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024 мо омӯзгорон, аҳли илм, фарзандони содиқи Ватанро вазифадор менамояд, ки содиқона дар роҳи ободию шукуфоии Ватан, тарбияи ҷавонони бонангу номуси Ватан, меҳнатдӯсту ифтихори миллӣ дошта, саҳми назаррас гузорем. Зеро қувва ва неруи асосии пешбарандаи ҳокимият дар ҳама давру замон маҳз насли ҷавони ҳар як кишвар ба шумор меравад.
Сатторова М.Р., дотсенти кафедраи менеҷменти иқтисод ва маркетинги факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии техникии Маскав «ДДТТ ба номи ак. Б. Гафуров»