Дар забони тоҷики мафҳумҳои парчам ва дирафш аз забонҳои бостонии ориёи ба вуҷуд омадаанд. Аз ҷумла истилоҳи парчам аз вожаи суѓдии «*parčam» сарчашма гирифта, ба маъноҳои овеза ё алам омадааст.
Мафҳуми дирафш бошад, аз забони авастоии «drafšā-», форсии бостони «*drafša-», паҳлавии «drafš», суѓдии«’rδ’šp» [arδašf] ва бохтарии «λraφo» гирифта шудааст.
Парчамдориву парчамбардории миллати мо таърихи ќадима дошта, аз аҷди бостон то ҳол давраи тўлониро тай намудааст. Таърих гувоҳ аст, ки аҷдодони мо аз ибтидои тамаддуни инсони соҳиби рамз ва нишони милли буданд.
Аз ҷумла дар боби якуми “Видевдат”, ки ќисме аз китоби муќаддаси “Авасто” ба ҳисоб меравад, Бохтарро ҳамчун кишвари зебо бо дирафшҳои барафрохта тасвир менамояд, ки далели соҳибпарчаму дирафшбардор будани ниёгони мо дар замонҳои хеле бостон мебошад.
Вобаста ба парчамбардориву соҳибпарчам будани давлатҳои -абарќудрати ниёгони мо Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомали Раҳмон ќайд кардаанд, ки “Ҳанӯз дар Ливои Куруши Кабир тасвири уќоб, ки нишонаи ќудрату тавоноист, наќш гардида буд, ки он парчам рамзи як давлати нируманди замона ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин метавон аз ливои Коваи Бузург ёдовар шуд, ки нишонаи равшани меросияти муборизаву ҷоннисории ниёгони мо мебошад”
Пайдоиши парчамро дар таърих ва фарҳанги миллати тоҷик ҳамчунин Абурайҳони Беруни ба муборизаи Коваи оҳангар ба муќобили зулму истибдод ва таъмини адолату зиндагии осоишта мансуб медонад.
Дар Шоҳном - аи безаволи Фирдавси, ки намунаи осори барҷастаи ватандўстиву тарѓибгари некию мардонагист, аз муборизаи Коваи оҳангар оварда шудааст. Ӯ пешдомани чармини худро дирафш кард ва халќи ситамдидаро ба мубориза бар зидди зулм даъват намуд. Мардум зери дирафши Ковиён ҷамъ омаданд.
Маҳз аз ин даврон Парчам дар миёни ниёгони то ҳол ҳамчун рамзи озоди, давлатдори ќабул гардида шоистаи парастиш ќарор гирифт.
Дирафши Ковиёнї, ба андешаи Фирдавси, ҳангоми шўриши мардум бо сардории оҳангар Кова бар зидди Заҳҳоки морбардўш ба вуҷуд омадааст, ки номи “Дирафши Ковиёнї”-ро гирифт.
Кунун тасвири “Дирафши Ковиён” дар Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтааст, ки ифодагари рамзи пойдори ва бардавомии давлатдории милли мебошад.
Парчам дар таърих ва тамаддуни миллати кӯњанбунёди тољик маќоми арзандаро доро буда, як љузъи муњими таъриху фарњанги миллати тамаддунсози тољик ба шумор рафта, њамчун ливои озодї њанўз то њуљуми арабњо ва густариши ислом дар байни аљдодони мо маълуму машњур буд.
Ҳанўз дар асрҳои 3-2 – и пеш аз мелод ќабилаҳои ориёнажод соҳиби рамзи худ буданд, ки онро “Меҳроб” ё “Фарри ориёї” меномиданд, ки он рамзи хуршед, покизаги ва нишонаи абадият буда, ишораест ба чаҳор унсур, хок, об, оташ, ҳаво , ки асоси мавҷудияти оламро ташкил медињанд.
Муқаддас будани Парчам дар он зоҳир мегардад, ки инсоният онро ҳамчун ливои озодӣ барои амалӣ намудани мақсаду ормонҳо дар ҳар давру замон барои мубориза баҳри ҳаёти осоишта, баробарию баробарҳуқуқӣ ва таъмини адолат баланд мебардошт.
Дар зери Парчам мардуми ориёитабор на танҳо империяҳои абарқудратро ба монанди Ҳахоманишиёну Ашкониён ва Сосониёну Сомониён ба вуҷуд оварда, низоми тавонманди идоракунии давлатиро созмон доданд, ҳамчунин аввалин ҳуҷҷати ҳуқуқии аҳли башар, ки дар таърих бо номи “Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир” маълум аст, ба оламиён муаррифӣ намуданд.
Бояд зикр намуд, ки ҳарчанд Парчам дар таъриху фарҳанги миллати тоҷик мақоми шоистаро касб карда бошад ҳам, вале то таъсисёбии Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон кишвари мо соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди миллии мустақил набуд. Ҳатто то соли 1929 дар ҳуҷҷатҳои муҳимтарини давлатию ҳукуматӣ, дар мўҳр ва варақаҳои соҳавии ташкилоту муассисаҳо акси нишон ва пачами Узбекистон нақш баста буд.
Соли 1929, баробари таъсисёбии ҶШС Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи Марказии Шӯроҳои Тоҷикистон дар бораи қабул ва тасдиқи Парчам ва нишони давлатии Тоҷикистон қарор кард, ки бори аввал ба таври расмӣ Тоҷикистон соҳиби Парчам ва Нишони давлатӣ гардид.
Дар асри ХХ, дар баробари Парчами давлати Шӯравӣ, парчами ҶШС Тоҷикистон низ парафшонӣ мекард, ки аз давлати миллии тоҷикон шаҳодат медод. Дар асри гузашта зери ин парчам мардум ба сӯи корнамоиҳои бузург мерафтанд, миллионҳо фарзанди содиқи давлати шӯравӣ ҷони худро барои ҳимояи Ватан бо муқаддастарин парчами давлат нисор карданд.
Пошхӯрии давлати Шӯравӣ ва соҳибистиқлол гардидани ҷумҳуриҳои он масъалаи тағйир ва қабули рамзҳои давлатӣ: Парчам, Нишон ва Суруди миллиро ба миён овард. 12-ноябри соли 1991 Президуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарназардошти Эъломияи Истиқлолияти давлатӣ ва дархости халқ озмун барои беҳтарин матну оҳанги Суруди миллӣ, Парчам ва Нишони давлатӣ қарор қабул намуда, низомномаро дар бораи шартҳои асосӣ барои беҳтарин расми Нишон ва Парчам эълон намуд, ки чунин талаботҳоро доро буд:
-Парчам ва нишон бояд муҳимтарин омилҳои худогоҳиву хештаншиносӣ ва ифтихори давлатдории миллиро ифода кунанд;
-Парчам ва нишон бояд рангҳои миллии худро дошта, инъикосгари таъриху фарҳанги куҳан ва тамаддуни бузурги халқи тоҷикро ифода карда, барои эҳёи миллати тоҷик мусоидат намуда, пайвандгари наслҳо бошаду ба арзишҳои башарӣ мувофиќ бошанд.
Дар баробари ин, қайд гардида буд, ки аз он принсипу аксҳое, ки дар Парчаму Нишони мо дар даврони Шӯравӣ акс ёфта буданд, даст кашида шавад. Зеро ҷомеаи Шӯравӣ арзишҳои маънавиро рад карда, бештар ба арзишҳои моддӣ ва иҷтимоиву синфӣ такя менамуд. Аз ин ҷост, ки дар Парчаму Нишонҳои даврони Шӯравӣ арзишҳои моддиву истеҳсолӣ, досу болға, ҳамчун асбоби кории коргару деҳқон, ки ифодагари рамзи синфӣ буд, барги току ангур, манораи нафткашӣ ҳамчун мояи ифтихори ҳар як миллат эълон гардида буд, акс ёфта буданд. Хӯшаи гандум бошад, чун асоси ҳаёти моддӣ мақом ёфт.
Бо дарназардошти талаботҳои озмун комиссияи босалоҳият ва ҳайати доварон иборат аз 20 нафар таҳти роҳбарии раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ба ҳайати он рассомон, наққошон, олимон шомил гардиданд.
Дар натиҷа, ба кори комиссия зиёда аз 200 тарҳи Нишону Парчам пешниҳод гардид. Аз он ҳама Нишон ва Парчаме ҷойи аввалро соҳиб гардид, ки сарварии гурӯҳи кории онро рассом Зуҳур Ҳабибуллоев ба ӯҳда дошта, муаллифи бевоситаи Парчам Маҳмадулло Сайдалиеву ва барои тасдиқу қабул ба Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд.
Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо асоси давлатдории навинро гузошт, балки рамзҳои асосии давлати куҳанбунёду тозаистиқлоли тоҷиконро 24-уми ноябри соли 1992 қабул намуд.
Ногуфта намонад, ки атрофи аксҳои нишон, рангҳои Парчам, тоҷу ҳафт ситораи он дар ҷараёни баргузории иҷлосия баҳсҳои тӯлонӣ ба миён омада бошанд ҳам, Парчами миллӣ дар шакли кунунии он аз се ранг ва акси тоҷу ҳафт ситора қабул гардид, ки ҳар ранг ва акси он моҳияти таърихӣ ва аҳамияти сиёсиро дороанд.
Вобаста ба рангҳо ва тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар Сардори давлат, аз ҷумла қайд кардаанд: “Рангҳои парчами миллии мо ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ мебошанд. Ранги сурх – муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз – нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландию хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Вобаста ба акси тоҷ ва ҳафт ситораи Парчам ҳаминро бояд қайд намуд, ки он низ дар фарҳанг ва тамаддуни мо решаи тӯлонии таърихиро дорост. Акси тоҷ дар Парчами миллӣ маънои соҳибдавлатӣ ва анъанаҳои бузурги давлатдории кӯҳанро ифода мекунад. Зеро тоҷикон аз қабили он миллатҳои тамаддунофаре мебошанд, ки давлатҳои шукӯҳмандро ба майдони таърих овардаанд ва ҳақ доранд, ки алҳол худро халқи ифтихорманду тоҷдор бидонанд. Аз ин лиҳоз, акси тоҷ дар Парчами миллӣ аломати ҳамин ифтихори миллӣ буда, азму ирода дар роҳи устуворӣ бахшидан ба давлати миллист.
Дар масъалаи ҳафт ситораи Парчам бошад, бояд зикр намуд, ки шумораи ҳафт дар ҷаҳонфаҳмии мардуми мо шумораи бахосият ҳисобида шуда, маънии он моҳияти олами ҳастиро ифода мекунад. Чунончӣ: ҳафт иқлим, ҳафт сайёра, ҳафт қабати ҳаво, ҳафт син, ҳафт шин, ҳафт рӯзи ҳафта ва ғайра. Аз ин рӯ, зинатбахши Парчами миллӣ гардидани тоҷ ва ҳафт ситораи пурасрор боис хушӣ ва ифтихорои миллӣ мебошад.
29-уми октябри соли 2009 дар конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба 15-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми наҷибе пешниҳод гардид, ки 24-уми ноябр рӯзи Парчами миллӣ ва ҳар сол ҳамчун Рӯзи Парчами миллӣ ҷашн гирифта шавад.
Бо ин мақсад 3-юми ноябр ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани илова ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид ва 19-уми ноябри ҳамон сол Парламенти Тоҷикистон онро тасдиқ кард.
Ин иқдоми наҷибу нек идомаи сиёсати созандагиву бунёдкоронаи Ҳукумат ва Давлати Тоҷикистон буда, аз ҳар як сокини кишвар ҳисси баланди ватандӯстӣ ва дарки масъулиятро тақозо намуда, насли ҷавонро имрӯз дар рӯҳияи баланди хештаншиносиву меҳанпарастӣ ва арҷгузорӣ ба суннатҳои волои давлату давлатдорӣ ва эҳтирому қадршиносӣ ба рамзҳои давлатӣ тарбия менамояд. Зеро Парчам, Нишон, Суруди миллӣ рамзҳои асоси давлат буда, муҳимтарин идеалҳои сиёсӣ ба шумор рафта, воситаи тарғибу ташвиқи мақсад ва нишонаи соҳибистиқлолии ҳар як давлату миллат мебошанд.
Тибқи муқаррароти моддаи 3-и Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ аст”. Парчами давлатӣ сокинони кишварро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими Истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ ва сайъу талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ раҳнамун месозад.
Қобили зикр аст, қайд ки Парчам рамзи ягонагии давлат ва миллат мебошад. Дар зери он кормандони мақомоти қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҳимояи марзу бум, якпорчагӣ, таъмини ҳаёти осоишта, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ба Ватан ва ба халқ содиқона савганд ёд мекунанд. Чунин амалҳо воситаи тавони тарбияи насли наврас дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, садоқат ба Ватану касбу савганд ва ифтихор аз рамзҳои давлатӣ мебошад.
Бигзор Парчами миллӣ ҳамеша чун ҷузъе аз муқаддасоти миллӣ моро ба сӯи ягонагию ваҳдат ва сулҳу субот раҳнамо бошаду дар роҳи пурпечутоби инкишофи ҷаҳони муосир барои дастовардҳои нав дар сари мо ҷилвагар бошад.
Бинобар ин, зарур мебошад, ки бо ҳисси баланди шаҳрвандию ифтихори миллӣ ва дарки масъулият нисбат ба рамзҳои давлатӣ: Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ, нисбат ба суннату арзишҳои олии давлату давлатдорӣ эҳтиром ба ҷо орем. Бояд ин амал ба қарзи шаҳрвандӣ ва номуси ватандории ҳар як сокини мамлакат мубаддал гардад. Дар баробари ин рамзҳои давлатӣ дар зери ҳимояи қонун ва давлат мебошанд.
Қадршиносӣ аз Парчами давлатӣ арҷгузориву ифтихор аз давлат, аз гузашта, имрӯз ва фардои халқ буда, он яке аз омилҳои муҳими худшиносӣ ба ҳисоб меравад. Бигзор партавфишонии Парчами давлатӣ дар чорабиниҳои расмии давлатӣ, сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангиву варзишӣ ва муносибатҳои байналмиллалӣ ҳисси ифтихор аз ватандории тоҷикони ҷаҳон бошаду расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси ватани соҳибистиқлол қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеа гардад.
Ҷӯраев Р.З
номзади илмҳои фалсафа,
дотсенти кафедраи фалсафа
ва сиёсатшиносии ДСРТ