Top.Mail.Ru
Нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории навини тоҷикон
Новости

Нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории навини тоҷикон

Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ 15 ҷумҳурияҳое, ки шомили он буданд, аз ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ баромада, истиқлолияти худро эълон карданд. Аз ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ 33 сол қаз ин рӯзи 9 сентябри соли 1991 дар иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии ҷумҳурӣ эълон гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлол гардид ва дар ин бора қонун қабул гардид ва эълон карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари соҳибистиқлол, демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад.

Дар рӯзҳои истиқлолияти давлатӣ эълон гардидани Тоҷикистон аз сабаби муқовимати сиёсии байни Ҳукумати Тоҷикистон, ки аслан аз намояндагони ҳизби коммунистӣ иборат буданд ва ҳизбу ҳаракатҳои дигар ҳаёти сиёсӣ дар ҷумҳурӣ ноором буд ва он оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонд.

Дар чунин вазъияти мушкили сиёсӣ 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби ш. Хуљанд Ичлосияи XVI–уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват гардид, ки он то 2 декабри ҳамон сол давом кард. Мақсад аз даъвати ин Иҷлосия барқарорсозии сохти конститутсионӣ дар кишвар буд. Дар ин Иҷлосияи таърихӣ шахси бохирад, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд ва дар он љо самту фаъолияти ҷумҳурӣ муайян карда шуд. Эмомалӣ Раҳмон дар ин Иҷлосия ба аҳолии Тоҷикистон муроҷиат намуда гуфтанд, ки: «Ман ба шумо сулҳ меорам».

Дар интихоботе, ки 6 ноябри соли 1994 дар ҷумҳурӣ бо роҳи овоздиҳии умумимиллӣ гузаронида шуд, Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

Бояд таъкид намуд, ки Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи ба сари қудрат омадан барои таҳкими давлати навини тоҷикон кӯшиши зиёд ба сарф додаанд. Тибқи таҳқиқи муҳаққиқон марҳалаҳои давлатсозии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шартан ба шаш давра тақсим кардан мумкин аст.

Давраи аввали давлатсозии мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳалаи аз 19 ноябри соли 1992, яъне аз оғози Иҷлосияи XVI–уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 6 ноябри соли 1994, то рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмонро дар бар мегирад, ки ин як давраи мушкил ва пурталотум дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми дар Иҷлосияи XVI– уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданашон таъкид намуда буданд, ки: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро бароли дар ҳар хона ва дар ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».

Яке аз хизматҳои барҷастаи Эмомалӣ Раҳмон дар ин марҳала аз он иборат буд, ки дар як муҳити носозгори дар ҳаёти ҷумҳурӣ мавҷудбуда, ки давлату миллати тоҷик дар ҳолати нобудшавӣ қарор дошт, тавонистанд бо қабули якчанд санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ сохторҳои давлатӣ ва шохаҳои онро устувор гардонида, онро ҳаматарафа таҳким намоянд.

Бо ҳидоят ва дастурҳои Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалб Раҳмон Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Конститутсия) ва асноди дигари ҳуқуқӣ тањия гардиданд, ки онҳо аз омилҳои асосии суботи сиёсиву иҷтимоии ҷомеа ба шумор мераванд. Савганд ва суханронии Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва изҳороту баромадҳояшон аз назариёт ва фалсафаи давлатдориашон гувоњӣ дода, заминаи консептуалии таҷаддуди низоми қонунгузориро фароҳам овардааст.

Чи тавре қаблан қайд гардида буд, дар райъпурсии умумихалқии 6 ноябри соли 1994 барпошуда, Эмомалӣ Раҳмон бо гирифтани аксарияти овозҳои интихобкунандагон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд ва аз ҳамин давра марҳалаи дуюми давлатсозии тоҷикон оғоз мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми савганёдкунӣ таъкид намуданд, ки доимо барои пешрафти давлати Тоҷикистон саъю кӯшиш намуда, ҳифзи тамомияти арзии кишвар, истиқлоли сиёсиву иқтисодб ва фарҳангии онро вазифаи аввалиндараҷаи худ мешуморанд ва эълон намуданд, ки ҳадафи асосии он кас таъсиси давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ аст.

Марҳалаи дуюми давлатсозии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 1994–1999–ро дар бармегирад, ки дар ин марҳала бо саъйу кӯшиши он кас хатари аз байн рафтани давлату миллат пешгирӣ гардида, оташи ҷанги шаҳрванди хомӯш карда шуд, сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барқарор шуда, артиши миллӣ ва неруҳои посбони сарҳад таъсис гардиданд. Дар ин давра гурезаҳои иҷборӣ ба ватан баргардонда шуданд ва Конститутсияи нави мамлакат таҳия шуда, Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ қабул гардид. Дар натиҷа эътибори сиёсии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ баланд шуд.

Дар ин марҳилаи таърихӣ дар натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии мамлакат дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омаданд.

Марҳалаи сеюми давлатсозии Эмомалӣ Раҳмон аз интихоботи соли 1999, ки он кас бо роҳи овоздиҳии умумихалқӣ бори дуюм ба муддати ҳафт сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд, оғоз гардида то соли 2006–ро дар бар мегирад.

Дар ин давра бо ҳидоят ва дастурҳои Пешвои Миллат Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар дигаргуниҳои зиёди куллӣ ба амал омада, корҳои азими созандагиву бунёдкорӣ ба анҷом расонда шуданд. Аз ҷумла, дар ин марҳалаи таърихӣ сохтмони нақби Анзоб, роҳи оҳани Қӯрғонтеппа – Кӯлоб, роҳи байналхалқии мошингарди Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ – Кулма – Қароқурум ба анҷом расида, кони гази Хоҷасартез ба истифода дода шуд ва сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» идома ёфт.

Ифтитоҳи қитъаи роҳи автомобилгарди «Кӯлоб – Хоруғ – Мурғоб – Кулма» дар ноҳияи Мурғобро метавон идомаи корҳои бузурги бунёдкорӣ дар ин марҳала арзёбӣ кард.

Яке аз рӯйдодҳои муҳими ин марҳалаи таърихӣ таҷлили ҷашни 1100– солагии давлатдории Сомониён ба шумор меравад, ки он аз баланд гардидани эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ шаҳодат медиҳад. Дар ин давра беш аз 500 иншооти истеҳсоливу маъмурӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба истифода дода шуд.

Марҳалаи чоруми давлатсозии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2006–2013–ро дар бар мегирад. 6 ноябри соли 2006 Эмомалӣ Раҳмон дар асоси интихоботи озоду шаффофи демократӣ, бо роҳи овоздиҳии умумихалқӣ ва ба таври алтернативӣ миёни 5 нафар номзад бори сеюм бо гирифтани 79,3 фоизи раъйи интихобкунандагон ба муҳлати ҳафт соли оянда ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Бо ибтикор ва дастгириву пешниҳоди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ин марҳала Стратегияи миллии рушди кишвар то соли 2015 таҳия ва амалӣ гардида, 10–солагии ба имзо расидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» таҷлил тардид.

Дар давраи солҳои 2006– 2013 сохтмону таҷлиди роҳҳои мошингард, пулҳо ва нақбҳо, аз ҷумла, шоҳроҳҳои мошингарди Душанбе – Қӯрғонтеппа, Душанбе – Хуҷанд – Бустон – Чаноқ, Душанбе – Рашт – Ҷиргатол – сарҳади Қирғизистон, Ққққӯрғонтеппа – Дӯстӣ – Панҷи Поён ва Душанбе – Данғара оғоз ёфт ва ба поён расонида шуд.

Дар ин давра, ҳамчунин, сохтмони нақбҳои мошингарди «Озодӣ» ба дарозии 2223 м/т, Шаҳристон ба дарозии беш аз 5 км ва «Хатлон» ба дарозии қариб 5 км ба поён расид.

Тайи ин солҳо дар болои руди Панҷ миёни Тоҷикистону – Афғонистон се пули азим ба истифода дода шуд, ки дар натиҷа гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Афғонистон дар солҳои охир беш аз 100 баробар афзоиш ёфт. Дар ин солҳо аз ҳисоби ҳама гуна шаклҳои фаъолият зиёда аз 870 ҳазор ҷойҳои кории нав муҳайё шуданд. Тайи ин солҳо сатҳи камбизоатӣ аз 56,5 фоизи соли 2006 то 35,6 фоиз дар соли 2013 коҳиш дода шуда, дар мамлакат зиёда аз 1600 корхонаи нави саноатӣ бо 50 ҳазор ҷойи корӣ, аз ҷумла корхонаҳои саноати коркарди маъдан ва дигар намудҳои ашёи хоми саноатӣ бунёд карда шуданд.

Давраи панҷуми давлатсозии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2013 то соли 2020–ро дар бар мегирад.

Эмомалӣ Раҳмон 6 ноябри соли 2013 бо дарёфти 84,2 фоизи раъйи интихобкунандагон барои давраи чорум дар интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба таври умумихалқӣ, мустақим, баробар, овоздиҳии пинҳонӣ ва алтернативӣ бо иштироки шаш нафар номзад – намояндагони шаш ҳизби сиёсии кишвар баргузор шуд, ғолиб омад.

Дар ин давра аз ҷониби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳоии ид» ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ пешниҳод гардид, ки он 14 марти соли 2016 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олб қабул ва 15 апрели соли 2016 аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ ҷонибдорӣ гардид ва дар асоси он ҳамасола 16 ноябр дар мамлакат «Рузи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» тақлил карда мешавад.

Дар ин давра бо мақсади ташаккули низоми самараноки идоракунии давлатӣ якчанд вазоратҳо, кумитаҳо ва агентиҳои нав таъсис дода шуданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба самтҳои тарбияи фикриву ахлоқии ҷомеа, таҳияи барномаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таҷаддуди умури идорӣ таваҷҷуҳи хос зоњир менамуданд. Бо ҳидоят ва ибтикори Эмомалӣ Раҳмон дар ин давра дар заминаи Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Тайи ин солҳо дар доираи Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки баъди баррасии умумихалқӣ бо раъйи иродати комили мардум ба тасвиб расид, ниҳоди нав – Раёсати танзими ҷашну маросимҳо дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар таъсис гардид.

Яке аз дастовардҳои муҳими ин давра он буд, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 феврали соли 2020 дар заминаи Донишкадаи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ёфт, ки он барои бозомузӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ мусоидат менамояд.

Дар солҳои давраи марҳилаи панҷуми давлатсосии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон ба комёбиҳои бузург ноил гардид. Бузургтарин дастовардҳои ин давра дар амал татбиқ гардидани ҳадафҳои стратегии муайянкардаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба расидан ба истиқлоли комили энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар буданд, ки ба хотири беҳдошти сатҳи зиндагии мардум равона гардида буданд.

Дар давраи солҳои 2013–2020 ҳаҷми воқеии маҷмуи маҳсулоти дохилӣ беш аз ду баробар афзуда, суръати миёнаи солонаи рушди он ба 7 фоиз баробар гардид. Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар як сокини мамлакат 1,7 баробар, даромади пулии аҳолӣ беш аз 2 баробар ва музди меҳнати миёнаи як корманд 2,4 баробар афзоиш ёфт.

Дар ин давра дар қатори дастовардҳои иқтисодиву сиёсӣ як зумра руйдоду чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ барои шаҳрвандони мамлакат таърихиву хотирмон низ сурат гирифтанд.

Давраи шашуми давлатсозии Пешвои миллат Эмомали Раҳмон аз 11 октябри соли 2020, ки аз тариқи интихоботи умумихалқӣ бо 90,92 % овози интихобкунандагон ба таври алтернативӣ ӯ аз нав ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид, оғоз мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 23 декабри соли 2022 саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар номида, солҳои 2022– 2026– ро Солҳои рушди саноат эълон намуданд.

Аз баромадҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ки дар соли 2022 дар мамлакат беш аз панҷсад коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ба фаъолдият оғоз намуда, шаш ҳазор нафарро бо ҷои кор ьтаъмин намуданд.

Амалӣ гардидани сиёсати саноатикунонии босуръати мамлакат имконият фароҳам меорад, ки мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ баланд гашта, он ба қатори кишварҳои мутараққии ҷаҳон ворид гардад.

Бояд қайд намуд, ки Асосгузори ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвар соҳиби эътибор ва обрӯи баланд буда, дар байни мардум маҳбубияти беназир доранд.

Эмомалӣ Раҳмон яке аз чеҳраҳои бузурги халқи тоҷик ба шумор мераванд, ки тамоми ҳастиашонро ба хизмати мардум ва беҳбудии ҳаёти онҳо бахшидаанд. Тамоми пешравиҳои кишвар дар соҳаҳои сиёсиву, иқтисодӣ– иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба ибтикор ва пофишориҳои ин марди хирад алоқаманданд.

Абдуваҳҳоб Раҳимов, н.и.ф., дотсенти кафедраи забони англисӣ, факултаи таърих ва муносибатҳои байналмиллалӣ

×