Новости

80 далел дар бораи Ҷанги Бузурги Ватанӣ

1. Мувофиқи маълумотҳои оморӣ, таносуби шумораи умумии ҳалокшудагон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) байни ИҶШС (СССР) ва Олмон 7,3:1 арзёбӣ мегардад. Умуман, теъдоди умумии фавтидагон аз ҳар ду ҷониб чунин ба қайд гирифта шудааст: ИҶШС 43 миллиону 448 нафар, Олмон (Германия) 5 миллиону 950 ҳазор кас.

2. Баъди ҷанг дар Иттиҳоди Шӯравӣ ҳабдаҳ сол Рӯзи ғалабаро ҷашн нагирифтанд.

3. Аз соли 1948 Рӯзи ғалаба муҳимтарин сана ба ҳисоб мерафт, аммо онро ҷашн намегирифтанд.

4. Одамон танҳо дар зарфи як моҳи ҷанг (декабри соли 1942) панҷ миллиону шашсаду наваду як литр арақ нӯшидаанд.

5. Бори аввал Рӯзи ғалаба соли 1965 ба таври васеъ ҷашн гирифта шуда, баъдан, ба рӯзи ғайрикорӣ табдил ёфт.

6. Баъди ҷанг дар ИҶШС 127 миллион нафар аҳолӣ боқӣ монд.

7. Федератсияи Россия шаҳрвандони Иттиҳоди Шӯравиро, ки дар солҳои ҶБВ ба ҳалокат расидаанд, чилу се миллион нафар ба ҳисоб гирифтааст.

8. Ҳоло ҳам бархе аз манбаъҳо сабабҳои ҷашн нагирифтани Рӯзи ғалабаро пинҳон медоранд, зеро то кунун аз собиқадорони фаъолу мустақили он замон метарсанд.

9. Мувофиқи маълумотҳои расмӣ, баъди ҶБВ дарҳол қарор қабул шудааст, ки он фаромӯш ва барои барқарор намудани биноҳои харобшуда тамоми кувва ба кор бурда шавад.

10. Дар давоми даҳ соли баъди ғалаба ИҶШС ҳамоно расман бо Олмон дар ҷанг буд. Ҳатто баъд аз он ки немисҳо бохтро пазируфтанд, ИҶШС ба қарор омад бо душман сулҳномаро имзо накунад.

11. Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС 25 январи соли 1955 «Дар бораи қатъи ҷанг байни Иттифоки Советӣ ва Германия» қарор қабул кард ва он расман ба ҷанг хотима бахшид.

12. Аввалин паради ғалаба дар шаҳри Москва 24 июни соли 1945 барпо гардид.

13. Муҳосираи шаҳри Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) аз 8 сентябри соли 1941 то 27 январи соли 1944 (872 рӯз) давом кард.

14. Тибқи маълумотҳо, ҳукуматдорони ИҶШС нахостаанд, ки дар ҷанг ҳалокшудагонро аниқ ба ҳисоб гиранд.

15. Пас аз анҷоми ҷанг ба Сталин маълумот додаанд, ки тақрибан ҳафт миллион нафар дар муҳорибаҳо қурбон гардидаанд.

16. Аммо ғарбиҳо ба марги ҳафт миллион нафар бовар надоштанд ва онро рад карданд.

17. Баъди марги Сталин ҳам шумораи қурбоншудагон дарҳол аз нав дида баромада нашуд.

18. Пас аз марги Сталин ҷойгузини ӯ Н. С. Хрушёв мегӯяд, ки дар ҶБВ зиёда аз бист миллион нафар ҷон бохтаанд.

19. Аниқ ҳисоб кардани аҳолии фавтида танҳо дар охири соли 1980 оғоз ёфт.

20. То кунун шумораи воқеии фавтидагон дуруст муайян карда нашудааст ва яке аз масъалаҳои пурра наомӯхта боқӣ мемонад. Зеро қабрҳои дастаҷамъӣ ва ҳама гуна ҷойҳои дафн дар қаламрави дигар давлатҳои зимни ҷанг иштироккарда низ мавҷуданд.

21. Маълумоти расмӣ дар бораи шумораи фавтидагон чунин аст: аз соли 1939 то соли 1945 чилу се миллиону чорсаду чилу ҳашт кас ҳалок шудаанд.

22. Шумораи умумии фавтидагон дар солҳои 1941-1945 бисту шаш миллион нафар арзёбӣ мегардад.

23. Тақрибан 1,8 миллион нафар дар солҳои ҶБВ ҳамчун асири ҳарбӣ ё муҳоҷир кушта гардидаанд.

24. Мувофиқи маълумоти Борис Соколов, таносуби талафот байни Армияи Сурх ва Фронти Шарқӣ (Вермахт) даҳ бар як аст.

25. Дар солҳои ҶБВ на танҳо мардон, балки занон ҳам ҷангидаанд.

26. Маълумотҳои омории солҳои ҶБВ шаҳодат медиҳанд, ҳаштод ҳазор нафар офитсерони шӯравӣ зан будаанд.

27. Умуман, аз шашсад ҳазор то як миллион нафар зан дар ҶБВ давраҳои гуногун размидаанд.

28. Дар байни занони нолазан (воющих) се полк ташкил шуда, онҳоро «ҷодугарони шаб» меномиданд.

29. Гурӯҳҳои ихтиёрӣ ва полкҳои тирандозии занон низ таъсис ёфтаанд.

30. Занони тирандоз дар мактаби махсуси марказӣ омода мегардиданд.

31. Аз ҳисоби занон ротаи алоҳидаи матросҳо низ таъсис ёфта буд.

32. Тибқи маълумотҳои бадастомада, занон дар баъзе аз ҳолатҳо беҳтар аз мардон меҷангидаанд.

33. 87 нафар зан унвони Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ гирифтаанд.

34. Субҳи 2 майи соли 1945 ҷанговарон Мамедов, Бережной Ахмедзода ва Андреев бо сардории лейтенант Маҷидов байрақи ғалабаро дар болои дарвозаи Бранденбурги шаҳри Берлин баланд мебардоранд.

35. Сесаду сию чор маҳали аҳолинишин дар Украина аз тарафи немисҳо бо сокинонашон пурра оташ зада мешаванд.

36. Калонтарин шаҳре, ки ғосибони немис ишғол карданд, Корюковкаи вилояти Чернигов аст.

37. Дар давоми ду рӯз 1290 хонаи калонтарин шаҳри забтшуда сӯзонда шуда, ҳафт ҳазор нафар аҳолии осоиштаи он кушта шуданд. Танҳо даҳ хона беосеб мемонад.

38. Дар ҳама марҳилаи ҷанг, чӣ нокомӣ ва чӣ пирӯзӣ, як хел ва ба миқдори зиёд машрубот истеъмол мекардаанд.

39. ​​На ҳама ҷангиён ба нӯшидани арақ ҳуқуқ доштаанд. Соли 1941 меъёр муқаррар гардида, ба ҳар як аскари сурх ва командири армияи фаъол дар як шабонарӯз сад грамм шароб дода мешуд.

40. Сталин дастур медиҳад, ки агар арақ нӯшед, пас, бояд ба фронт равед, на дар ақибгоҳ бимонед.

41. Бо медали «Барои ишғол кардани Берлин» қариб 1,1 миллион нафар солдат мукофотонида шудаанд.

42. Барои додани ордену медалҳо вақт кам буд ва барои ҳамин на ҳама онҳоро гирифтанд.

43. Дар солҳои ҷанг зиёда аз яксаду сӣ намуд лавозимоти ҳарбӣ ва яроқу аслиҳа истеҳсол шудааст.

44. Баъди ба охир расидани ҷанг масъулон ба ҷустуҷӯи шахсони мукофотонидашуда шурӯъ намуданд.

45. То охири соли 1956 ба қариб як миллион нафар мукофот дода шуд.

46. Дар панҷсолаи ҳафтум ҷустуҷӯи шахсони мукофотонидашуда қатъ гардид.

47. Медалҳо танҳо баъди муроҷиати шахсии шаҳрвандон дода мешуданд.

48. Бисёре аз мукофоту медалҳо ба соҳибонашон дода нашудаанд, зеро бисёре аз онҳо дар қайди ҳаёт набуданд.

49. Дар ҷанг зиёда аз шаст ҳазор саг хизмат кардааст.

Зиёда аз сесад намуд техникаи душманро сагҳои ҷангӣ несту нобуд кардаанд.

50. Сагҳои алоқачӣ қариб дусад ҳазор ҳисоботи ҷангӣ додаанд.

51. Дар солҳои ҷанг сагҳои санитар тақрибан ҳафтсад ҳазор командир ва аскарони сурхи сахт ярадорро аз майдони ҷанг баровардаанд.

52. Барои аз майдони набард баровардани 100 нафар ярадор ба санитару боркашҳо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ дода шуд.

53. Сагҳои сапёр дар зиёда аз сесад шаҳри калон мина тоза карданд.

54. Дар майдони набард сагони санитар гаваккашон барои сарбозони тирхӯрда лавозимоти тиббӣ мебурдаанд ва босаброна интизорӣ мекашидаанд, ки захмҳояшонро баста, ба назди дигар сарбозон раванд. Сагон аскарони зиндаро аз мурда низ хуб фарқ мекардаанд. Зеро бисёре аз онҳо ярадор шуда, чанд муддат беҳуш мехобиданд. Сагон бошанд, рӯи ин гуна аскаронро то бедор шудан мелесидаанд.

55. Сагон зиёда аз чор миллион минаи душманро безарар гардондаанд.

56. 24 августи соли 1941 Панкратов бо танаш автомати душманро пушонд ва ин имкон дод, ки аскарони сурх платсдармро бе талафот ишғол кунанд.

57. Баъди корнамоии Панкратов боз панҷоҳу ҳашт кас ҳамин корро карданд.

58. Аз ҳисоби пасандозҳои шахсӣ одамон барои эҳтиёҷоти ҳарбӣ понздаҳ кило тилло, нуҳсаду панҷоҳу ду кило нуқра ва сесаду бист миллион рубл гузарониданд.

59. Дар солҳои ҷанг яксаду бисту панҷ вагон либоси гарм ва зиёда аз як миллион моли зарурӣ фиристода шудааст.

60. Амалан, мухбирони дар ҷанг иштирокдошта бо ордену мукофот ва унвони Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ қадрдонӣ гардиаанд.

61. Дар бораи снайпер-зани фаъолтарини ҷанг, ки дар ИМА низ маъруф буд, Вуди Гатрӣ суруди «Мисс Павличенко» навиштааст.

62. Сокинони деҳоти шӯравӣ соли 1941 афсарони немисро бо байрақи серанга пешвоз мегиранд.

63. Тобистони соли 1941 қарор қабул шуд, ки Кремлро барои аз бомбаборонкунии душман эмин нигоҳ доштан ниқоб кашанд. Нақшаи ин кор аз нав ранг кардани бому фасад ва деворҳои бинои Кремлро дар бар мегирифт, то аз боло ба назар расад, ки онҳо блокҳои шаҳр мебошанд.

64. Майдони Манеж ва Майдони Сурхи шаҳри Москва низ аз фанера оро дода шуданд.

65. Соли 1943 дар ИҶШС калисо ва патриархат пурра барқарор карда шуданд.

66. Баъд аз ҷанг Сталин дастур дод, ки дар Калисои православии рус шӯрои корӣ таъсис дода шавад.

67. Иштироки бисёре аз занон дар ҷанг ихтиёрӣ маънидод мегардад.

68. Дар рӯзҳои ҷанг немисҳо таппончаи беназири “P.08” истеҳсол карданд, ки онро Георг Лугер таҳия кард.

69. Немисҳо як нусхаи ин силоҳро дастӣ сохтаанд.

70. Барои ҳавасманд кардани сарбозони олмонӣ аз маводи мухаддири первитин (метамфетамин) васеъ истифода мешуд.

71. Маводи мухаддир ба ратсиони хӯроки танкчиён ва лётчикҳо расман дохил гардид.

72. Гитлер на танҳо Сталин, балки наттоқ Юрий Левитанро низ душмани асосӣ медонист.

73. Ҳокимияти Шӯравӣ Левитанро фаъолона посбонӣ мекард.

74. Гитлер барои калаи Левитан 250 ҳазор марка мукофот эълон кард.

75. Паём ва гузоришҳои Левитан ҳеҷ гоҳ сабт намешуданд. Соли 1950 танҳо барои таърих сабти махсуси онҳо расман ба роҳ монда шуд.

76. Дар ибтидои ҷанг фабрикаи немисии истеҳсолкунандаи нӯшокии кока-кола таъминотро аз ИМА қатъ кард.

77. Пас аз қатъ шудани таъминоти “Кока-кола”, олмониҳо ба истеҳсоли нӯшокии “Fanta” шурӯъ карданд.

78. Тибқи маълумоти таърихӣ, дар ҷанг тақрибан чорсад ҳазор афсари пулис ба хизмат рафтаанд.

79. Аммо бисёре аз афсарони полис ба тарафи партизанҳо гузаштаанд.

80. То соли 1944 пайвастан ба тарафи душман низ ба мушоҳида расидааст ва онҳое, ки гузаштанд, ба немисҳо содиқ монданд.

Таҳияи Самариддин Асозода

×