Новости

Нақш ва ҷойгоҳи Душанбе дар рушди муносибатҳои ҳамаҷонибаи Россия ва Тоҷикистон

Пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе  оинаи таъриху зиндагии миллати тоҷик ва давлати тоҷикон аст

Шаҳри Душанбе маркази Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар он  баробари мардуми  шарифи тоҷик, халқияту миллатҳои  гуногун умр ба сар мебаранд. Сокинони  шаҳр меҳмоннавоз буда, барои қабули меҳмонони дохилӣ ва хориҷӣ низ  ҳамеша бо дили саршори аз меҳру муҳаббати беандоза  камари ҳиммат мебанданд.  

Қайд кардан зарур аст, ки  муносибатҳои Россия  ва Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил хусусияти шарикии стратегӣ дорад ва натиҷаи он баробарии мутаносибу  мутақобилан судманд дар арсаи сиёсӣ мебошад, ки пояаш беш аз се даҳсола пеш гузошта шудааст. Муносибатҳои бисёрҷонибаи ҳар ду кишвар мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо қарор дошта, робитаҳои ҳасанаро  дар бахшҳои гуногун ба амал меоранд.

Агар ба пайдоиши ин мулки афсонавӣ  сайри таърихӣ намоем, мебинем, ки номи шаҳри Душанбе, аввалин маротиба дар дастнависҳои хаттӣ  охири соли 1676 ба мушоҳида мерасад. Рӯзҳои душанбе дар чорроҳае, ки алҳол  шаҳри Душанбе доман паҳн кардааст, бозори калон ташкил карда мешуд. Рўзи баргузории бозорро (рўзи душанбе) ба асос гирифта, он вақт деҳаро Душанбе ном гузоштанд.  Дар он  зиёда аз 500 хонавода мавҷуд буд ва тақрибан 8000  нафар одам зиндагӣ мекарданд.

Айни замон, ки бузургтарин шаҳр, маркази сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии кишвар мебошад, дар ҳама соҳа бо Федератсияи Россия ҳамкории зич  дорад. Агар ба  ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе ба рақамҳо рў оварем,  хулоса менамоем, ки онҳо хеле рушд намудаанд. 

Соли 2020 ҳаҷми гардиши савдои хориҷии мутақобила бо Федератсияи Россия 973,6 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2019-ум  79,9 миллион доллар, яъне 7,6 фоиз кам шудааст. Саҳми муомилоти мол бо Федератсияи Россия дар ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра 21,4 фоизро ташкил дода, дар сохтори гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷои аввал аст.

Дар гардиши савдои мутақобила, ки ба андозаи 41,0  миллион доллари ИМА содирот шудааст, 64,1 фоизро нахи пахта, 11,7 фоизро меваю чормағз ташкил медиҳад. Воридот 932,6 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, асоси онро маҳсулоти нафтӣ 25,9 фоиз, чӯб - 11,6  ва металлҳои сиёҳ 9,0 фоиз ташкил медиҳанд.

Сохтори савдои берунии Тоҷикистон ва Федератсияи Россияро захира ва ашёи хом, яъне ҳиссаи маҳсулоте, ки танҳо аз коркарди аввалия гузаштаанд (нахи пахта дар бастаҳо, чўб, сӯзишворӣ ва равганҳои молиданӣ, металлҳои сиёҳ ва ғайра), ташкил медиҳад.

Дар чаҳор моҳи соли 2021 ҳаҷми гардиши савдои хориҷии мутақобила бо Федератсияи Россия 319,7 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода, нисбат ба  ҳамин давраи  соли 2020 -ум 30,4 миллион доллар, яъне 8,7 фоиз кам шудааст. Содироти коло ба Россия аз Тоҷикистон дар ин муддат 19,5 миллион доллар ва воридот 300,2 миллион долларро ташкил дод. 

Чанд пешниҳод оид ба мустаҳкам намудан ва инкишоф додани ҳамкории тиҷоратию иктисодӣ:

1. Андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати таъмини афзоиши гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ва Россия, аз ҷумла мубодилаи номгӯи молҳое, ки ба онҳо интиқоли мутақобила имконпазир аст.

2. Рушд ва таҳкими ҳамкориҳои байниминтақавӣ дар доираи созишномаҳои имзошуда.

3. Ташкили чорабиниҳо оид ба табодули таҷриба байни мутахассисони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар соҳаи рушди тиҷорати рақамӣ. 

4. Барқарор намудани ҳамкорӣ дар мавриди таҳияи пешгўии босифат, такмили механизмҳои мавҷудаи моделсозӣ ва истифодаи моделҳои нави рушди иҷтимоию иқтисодӣ. 

Ба назари инҷониб,  аз солҳои 90 - уми асри гузашта,  генезиси шарикии стратегии ҳарду кишвар ба мавзўи  сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ ба объекти таваҷҷўҳи зиёди воситаҳои ахбори омма табдил ёфтааст. Бори аввал дар ин бора аз замони барқарор шудани муносибатҳои дипломатии байни ҳарду кишвар, ки шартҳои ҳамкории шарикони иттифоқӣ,  бо пешрафти равандҳои интегратсия замони побарҷоии Иттиҳоди Шўравӣ асоснок гардидаанд,  ба таври ҷиддӣ сухан ронда шуд. 

Федератсияи Россия истиқлолият ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф карда,   як қатор созишнома баст. Чунончи, 8 апрели соли 1992 дар шаҳри Душанбе. «Протокол дар бораи барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ» ба имзо расид; 25 майи соли 1993 дар шаҳри Москва «Шартномаи дўстӣ, ҳамкорӣ ва ёрии ҳамдигарӣ» ва 16 апрели соли 1999 «Шартнома дар бораи хамкории иттифокчиён, ки ба асри 21 нигаронида шудааст», ба тасвиб расиданд. Инчунин, дар байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ амал мекунад. 8-9 ноябри соли 2022 ҷаласаи 18-уми он  баргузор гардид, ки дар он, аз ҷумла масоили  ҳамкориҳои минбаъда дар бахши таҳсилоти олӣ баррасӣ шуданд. 

1 сентябри соли 2022  дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Турсунзода ва Хуҷанд аз ҳисоби буҷети федералии Федератсияи Россия панҷ мактаби русӣ сохта,  ба истифода дода шуд. 

4 октябри соли 2022 Президенти Федератсияи Россия  муҳтарам В. В. Путин дар остонаи зодрӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ӯро бо ордени Россия барои хизматҳои шоён дар назди Ватан дараҷаи 1 мукофотонид. В.В. Путин таъкид кард, ки “...дар оянда мо  талош ба харҷ хоҳем дод, то  дар ҳама бахш ҳамкориҳои мутақобилан судманд ба нафъи мардуми ҳарду кишвар густариш ёбад”. 

Ҷонибҳо ба рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва гуманитарӣ баҳои мусбат доданд. Бар асоси натиҷаи кори комиссия тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки вазоратҳои маориф ва илми ҳарду кишвар  якҷоя бо “Россотрудничество”  қабули шаҳрвандони Тоҷикистон ба таҳсил дар донишгоҳҳои Россияро дар чаҳорчӯби квотае, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, идома медиҳанд. Ҳукумати Федератсияи Россия  инчунин имкони зиёд кардани  квотаро баррасӣ хоҳад кард. 

Ояндаи муносибатҳои мутақобилан судманди  ҳарду кишвари бо ҳам дўст,  асосан мусбат арзёбӣ  карда мешавад.  Гарчанде дар баъзе аз воситаҳои  иттилоърасонӣ зимни шарҳи воқеаю фактҳо ѓаразнокӣ, инчунин шубҳаҳо ба шарикии баробарҳуқуқӣ байни мамлакатҳо мушоҳида  мегардад. 

Дар маҷмуъ, нақш ва ҷойгоҳи шаҳри Душанбе дар равобити Россияву Тоҷикистон бориз буда,  дар расонаҳои дохилӣ тобиши мусбат дошта, ба унвони яке аз векторҳои рушди дурнамои дарозмуддати сиёсати хориҷии Тоҷикистон маънидод мешавад.

Хадамоти матбуоти ДСРТ

×