Новости

Марҳабо, Наврӯзи оламафрӯз!

 Марҳабо, Наврӯзи оламафрӯз!

Дил ба тараб биёваред бӯйи баҳор омада,

Бода ба ҷомҳо занед, вақти хумор омада.

Сайри Муғу ҳавои Тал накҳати хушдимоғ аст,

Нашъа зи лолаву суман лайлу наҳор омада.         

                                                                                                 (Раънои Зоирдухт)

Наврӯз бузургтарин ҷашни миллии ниёгони мо буда, дорои таърихи ҳазорсолаҳо мебошад. Он моро бо расму оин, анъанаҳо ва муқаддасоти ниёгон мепайвандад. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, эҳёшавии табиат, оғози корҳои кишоварзон, айёми баробаршавии шабу рӯз аст. Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ Наврӯзро дар аввали моҳи Фарвардиняшт, ки бо солшумории имрӯзаи мо ба моҳи март рост меояд, ҷашн мегиранд.

Дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, «Осор-ул-боқия» ва «Ат-тафҳим»-и Абурайҳони Берунӣ, «Зайн-ул-ахбор»-и Абулсаиди Гардезӣ, «Ал-маҳосин-вал-аздод»-и Кисравӣ ва чанде дигар омадааст, ки шоҳ Ҷамшеди Пешдодӣ бунёдгузори ҷашни Наврӯз аст.

Умари Хайём дар асараш «Наврӯзнома» доир ба ҷашни Наврӯз чунин навиштааст: «…аммо сабаби ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки офтобро ду давр бувад, яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯз ва рубъе аз як шабонарӯз ба аввали дақиқаи Ҳамал боз ояд, ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд, бад-ин дақиқа натвонад омадан, чӣ ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад. Ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн ойин овард ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон бад-ӯ ибтидо карданд». Дар “Наврӯзнома” омадааст, ки Ҷамшед ин рӯзро Наврӯз номид ва онро ба расму оин дохил кард.

Дар рӯзи ҷашн мардум бузкашӣ, буҷулбозӣ, аспдавонӣ, гӯштингирӣ, тухмзанӣ, арғамчинбозӣ ва мусобиқаҳои дигарро ташкил мекарданд. Дар хони идона ҳатман таъомҳои лазиз ва ҳафт маводеро, ки бо ҳарфи син (с) сар мешавад, мегузоштанд. Ба монанди: сирпиёз, себ, сабза, санҷид, сирко, суманак, сипанд. Ҳар як ашё ифодагари рамзи махсусе мебошад. Чунончи: сирпиёз – рафъи дарду ғам, себ – самара, ҳосилнокӣ, сабза – нишони зиндагӣ, эҳёи ҳаёт, сирко – дарозумрӣ ва сабру таҳаммул, санҷид – меҳру муҳаббати поку беолоиш, суманак – фаровонию осудагӣ. Суманак ҷузъи аз ҳама асосӣ ва ҳатмии дастархони наврӯзӣ мебошад. ки бидуни он густурдани суфраи идона қобили қабул нест.

Дар баробари дастархони «ҳафтсин» омода намудани дастархони «ҳафтшин» низ роиҷ аст, ки он ҳафт маводи бо ҳарфи шин (ш) саршударо дар бар мегирад: шакар, шарбат, ширинӣ шамъ, шона, шир, ширбиринҷ.

Суманак ҷузъи аз ҳама асосӣ ва ҳатмии дастархони наврӯзӣ мебошад. ки бидуни он густурдани суфраи идона қобили қабул нест. Маросими суманакпазӣ баъзан то субҳи содиқ идома меёбад ва ин одат то замони мо расидааст. Суманак рамзи фаровонӣ ва файзу баракат ба шумор меравад.

Наврӯз дар Тоҷикистон ба  шарофати Истиқлолияти давлатӣ эҳё гардида, шукӯҳу шаҳомати тоза пайдо кард ва ба яке аз ҷашнҳои бузургу миллии мардуми тоҷик табдил ёфт. Наврӯз хусусияти куҳани худро бо пазироии рӯҳияи замони нав созгор кардааст. Боиси ифтихор аст, ки ин ҷашни куҳану бостонӣ ва ҷашни зебои табиат аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид дорои мақоми байналмилалӣ гардид.

Бигзор, Наврӯзи меомада ба аҳли мардуми Тоҷикистон ва берун аз он тинҷию осоиш, хуррамию некрӯзӣ, сулҳу амният ва неъматҳои фаровон ато намояд. Бигзор, садои хандаи кӯдакон дар осмони соф танинандоз бошад.

Фархунда баҳор омад, Наврӯз муборак бод,

Хандида нигор омад, Наврӯз муборак бод,

Сармои зимистон рафт бо барфу шаби ҳиҷрон,

Ошиқ бари ёр омад, Наврӯз муборак бод!

Имрӯз ҷавону пир шодона ғазал хонанд,

Дай рафту баҳор омад, Наврӯз муборак бод!

                                                                                                          (Робияи Холмирзо)

                                                                  

         Кафедраи забони тоҷикии ДСРТ

×