Top.Mail.Ru
Ваҳдати миллӣ - кафолати сулҳу оромӣ дар кишвар
Новости

Ваҳдати миллӣ - кафолати сулҳу оромӣ дар кишвар

Ҳар сол дар осмони Тоҷикистон, 27-уми июн ситораи Ваҳдати миллӣ медурахшад. Ин ҷашни давлатӣ, ки бо номи Рӯзи Ваҳдати миллӣ шуҳрат ёфтааст, ёдгорест аз поёни ҷанги хонумонсӯзи панҷсола, ки дар соли 1998 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, поягузорӣ шудааст.

Рӯзи Ваҳдати миллӣ – ин садои дилҳост, ки ба гӯши насли нав аз арзиши сулҳ ва аҳаммияти ҳифзи он дар оянда замзама мекунад. Ин рӯз рамзи ягонагии халқи тоҷик, муттаҳидшавии сокинони як миллати соҳибфарҳанг аст.

Ваҳдат, ин вожаи муқаддас, дар таърихи Тоҷикистон саҳифаи тозаеро боз кард. Ин ҷашн таҷассуми ваҳдати миллӣ, иттиҳоди мардум ва таҳкими арзишҳои муштарак аст. Ин рӯзгори саодатманд бар пояи рӯйдодҳои таърихии солҳои 90-уми асри гузашта, замоне ки Тоҷикистон ба истиқлолият расид, бунёд ёфтааст. Тоҷикистон соли 1991, баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ, парчами худро барафрошт. Ин давра, дар баробари шодии озодӣ, бо мушкилоти ҷиддие чун ҷанги шаҳрвандӣ, ки соли 1992 дар кишвар аланга зад, ҳамроҳ буд. Дар ин гирдоби мудҳиш, ҳар хонадоне дарди ҷудоӣ ва фироқро чашид. Дар чунин лаҳзаҳои сангин, дарки амиқи зарурати ваҳдат ва ягонагӣ беш аз ҳар вақти дигар эҳсос мешуд.

Рӯзи Ваҳдат, чун муждаи хайр, ба хотири поёни ҷанги шаҳрвандӣ ва оғози марҳалаи наве дар таърихи Тоҷикистон – марҳалаи сулҳу ваҳдат таъсис ёфтааст. Ин рӯз дар таърихи 27 - уми июн, дар рӯзи имзои Созишномаи сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар соли 1997, ки ба низоъҳои беш аз панҷ соли охир нуқта гузошт, таҷлил мешавад.

Бо гузашти солҳо, Рӯзи Ваҳдат ба рамзи муқаддаси мардуми тоҷик табдил ёфтааст. Он ба мо ёдрас мекунад, ки ба даст овардани сулҳу оромӣ чӣ қадар душвор буд ва ҳамчун нишоне аз аҳаммияти ваҳдат хизмат мекунад. Ин рӯз эҳсоси мансубият ба як миллатро дар байни шаҳрвандон тақвият бахшида, барои густариши ҳамдигарфаҳмӣ байни гурӯҳҳои этникӣ имконият фароҳам меорад.

Ваҳдати миллӣ барои мардуми сайёраи Замин неъмати бузург буда, таҷассумгари некӣ ва сулҳ аст. Охир, танҳо бо ягонагӣ душворию монеаҳоро бартараф кардан мумкин аст. Зиндагии мардум беҳтар мешавад, одамон дар тинҷӣ ва осоиштагӣ зиндагӣ мекунанд. Ваҳдати миллӣ барои ҷомеаи устувор ва шукуфон аҳаммияти ҳалкунанда дорад, зеро он имкон медиҳад, ки амалҳои дастаҷамъона барои расидан ба ҳадафҳои умумӣ мусоидат намояд.

Дар гирдоби мушкилоти ҷаҳонишавӣ, мавҷи муҳоҷират ва оташи низоъҳои динию этникӣ, ки домангири бисёре аз кишварҳо шудааст, Рӯзи Ваҳдат чун чароғи роҳнамо аҳаммияти бештар касб мекунад. Тоҷикистон дар ин рӯз ба ҷаҳониён намоиш медиҳад, ки чӣ гуна ҳусни тафоҳум ва ҳамкории мутақобила метавонад садди роҳи низоъҳо гардида, роҳро ба сӯи субот ва шукуфоӣ ҳамвор созад.

Таҷлили Рӯзи Ваҳдат бо баргузории чорабиниҳои рангоранг, ки ҳадафи онҳо таҳкими арзишҳо ва эҳёи анъанаҳои фарҳангӣ аст, ҷашн гирифта мешавад. Консертҳои дилнишин, намоишҳои рассомии ҷолиб, мусобиқаҳои варзишии ҳаяҷонбахш ва вохӯриҳои самимӣ бо собиқадорон - ҳама барои таъкид бар аҳаммияти ваҳдат ва ҳамбастагии шаҳрвандон равона шудаанд.

Дар ин рӯз ба амалҳои ватандӯстона бо ҷалби созмонҳои ҷавонон ва ҷомеаҳои донишҷӯён диққати махсус дода мешавад, то насли наврас дар бунёди давлати тавоно ва устувор саҳмгузор бошанд. Инчунин, ин рӯз фурсатест барои баррасии масоили мубрами марбут ба ояндаи кишвар.

Бо шарофати Пешвои муаззами миллат, давлати мо имрӯз дар роҳи рушд қадамҳои устувор мегузорад ва дар бисёр ҷиҳатҳо пешсафи минтақа ба шумор меравад. Иқтисоди Тоҷикистон рӯз ба рӯз устувортар ва рақобатпазиртар шуда, кишвари мо ба як давлати содиркунанда табдил ёфтааст.

Ин дастоварди беназири миллат, ки акнун ҷузъи ҷудонашавандаи анъанаҳои таҳаммулпазирӣ гардидааст, дар рушди ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвари азизамон нақши бағоят бузург дорад. Имрӯз, Тоҷикистони азиз ба шарофати файзу баракати ваҳдати миллӣ дар роҳи рушди устувор қарор дорад ва сатҳу сифати зиндагӣ, ҷаҳонбинӣ, худшиносӣ ва ҳисси ифтихори миллии ҳамватанонамон рӯз то рӯз таҳкиму густариш меёбад.

Имрӯз бо шарофати дастовардҳои беназири Ватан, ки гавҳари бебаҳои он ваҳдати миллӣ аст, ба шарофати заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар сар то сари кишвари азизамон озмунҳои илмӣ бидуни ҳеҷ монеа гузаронида мешаванд, ки дар он ҳар фарди тоҷик ҳуқуқи иштирок кардан дорад. Ваҳдати миллӣ, ки имрӯз дар фазои Тоҷикистон ҳукмрон аст, нақшаи ягонаи иқтисодиро ба миён овард, ки барои тамоми табақаҳои ҷомеа, барои рушди ягонагии шаҳрвандон, новобаста аз миллат, эътиқод ва мазҳаб, манфиатбахш аст. Бешубҳа, ваҳдати миллӣ барои мо дастоварди ниҳоят арзишманд, шарти асосии некӯаҳволии халқи азизамон ва заминаи муътамади пешрафту шукуфоии Ватани маҳбубамон мебошад.

Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар суханрониҳои худ таъкид менамоянд, ки ваҳдату ҳамбастагӣ, ҳамчун кафили пешрафти ҷомеа, минбаъд низ ҳамчун идеологияи давлатӣ ва самти асосии фаъолияти тамоми ниҳодҳои расмӣ ва ғайрирасмии ҷомеа эътироф карда мешавад.

Рӯзи Ваҳдати миллӣ на танҳо санаи таърихӣ, балки ҷашни муҳимест, ки дилҳои одамони гуногунсол ва гуногунмиллатро бо ҳам мепайвандад. Ин ҷашн ба мо ёдовар мешавад, ки ваҳдат қувва аст ва мо танҳо бо ҳам метавонем ояндаи дурахшони кишварро бунёд намоем. Ин рӯз ба ҳар як фарди Тоҷикистон имкон медиҳад, ки дар бораи нақши худ дар ҷомеа андеша кунад ва дарк намояд, ки то чӣ андоза муҳим аст нигоҳ доштани сулҳу ваҳдат дар байни ҳамаи халқҳои сокини кишвари азизамон.

Имрӯз ваҳдати миллӣ ва ягонагии ҷомеа, ки бар арзишҳои ахлоқии асрҳо санҷидашуда асос ёфтааст, шарти рушди устувору босуръати Тоҷикистон ва зиндагии орому осудаи шаҳрвандон аст. Ин ҷашн рамзи ягонагии халқ ва иштироки ҳар яки мо дар тақдири Ватан, саъю кӯшиши боз ҳам гул-гулшукуфоии Ватани азизамон мебошад. Мамлакати мо дорои гузаштаи пурифтихори таърихӣ аст ва ояндаи он ба ҳар яки мо вобаста аст. Ҳамин тариқ, Рӯзи Ваҳдат дар Тоҷикистон решаҳои амиқи таърихӣ ва аҳаммияти бузурги муосир дорад. Таҷлили ин рӯз ба таҳкими ҳувияти миллӣ ва ваҳдати ҷомеа мусоидат мекунад, ки дар рушди ояндаи кишвар нақши калидӣ мебозад.

Кафедраи забони тоҷикӣ ДСРТ

×