Top.Mail.Ru
Терроризм ва экстремизм – хатар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ
Новости

Терроризм ва экстремизм – хатар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ

Ҳамчун як тан зиёии кишвар соҳибистиқлоли тоҷикон ҳар баромаду мулоқот, суханрониву ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таваҷҷӯҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хусуси ҷавонон, дастгирию сиёсати давлатии ҷавонон бо меҳру муҳаббат ва эҳсоси касби педагогии худ мешунавам. Онро сармашқи ҳамешагии кори худ қарор медиҳам ва ҳангоми тадрис ба донишҷуён ибрату ҳадафи нек, ормонҳои ҷадид тарғибу ташвиқ менамоям.

Барои он ки вазъи сайёра имрӯз дар шароити ҷаҳонишавӣ нисбат ба ҳар вақти дигар ниҳоят печидаву мураккаб гардидааст ва бар зидди хатарҳои муосир танҳо тавассути иродаи неки халқҳои олам ва саъю талошҳои муштараки педагогӣ ба амал баровардан мумкин аст, - таъкид мекунанд, Пешвои миллат. Дар ин раванд зикр менамоям, ки имрӯз мушкилоти ниҳоят ҳаллаш вазнин-гаравиши ҷавонони сустирода ва соддалавҳ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ҳизбу ҳамоишҳои бебунёд касро аз ҳар ҷиҳат нигарон мегардонад. Алалхусус, ки экстремизм ва терроризм ҳамчун вабои аср зуҳур кардааст, моро ҳушдор медиҳад, ки дар ҳар шароит ва ҳар лаҳза зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.

Азбаски ин падидаи номатлуб дар ҷомеаи муосири мо ягон асоси мӯътамад надорад, барои ба тезӣ маҳв карданаш бояд ақли солим ба кор бурда, ғалаба кунад ва садди роҳи пешгирии он гардад.

Мо дар даврони истиқлолияти давлатӣ ва дар фазои Ваҳдати миллӣ кору пайкор ва зиндагӣ дорем. Мо бояд хурду бузурги кишвари биҳиштосо аз неъмати муқаддасу муаззам шукрона бигӯем, махсусан, омӯзгорону падару модарон ба фарзандон талқин намоем, ки ватан модар асту модар Ватани ҷоноҷон мебошад. Ба ин ду калимаи як мафҳуми хеле балеғдошта хиёнат кардан танҳо кӯрнамакӣ кардан асту бас. Аз ин лиҳоз, омӯзиши таҷрибаи зиндагӣ, ҳаёту фаъолияти собиқадорони ҷангу меҳнат, яъне падарони шуҳратманд ва маслиҳату машварати онҳо ба наслҳои имрӯзу фардои Ватани азизамон дар роҳи ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодӣ ва рушди давлатии соҳибистиқлоламон дастурамал ба ҳисоб меравад.

Дар бораи экстремизм ва терроризм сухан ронда, ман ба ҷавонон, насли навраси имрӯз насиҳат карданӣ нестаму танҳо чун омӯзгор сабақи ҳаётӣ гуфтанӣ ҳастам. Агар он шахсон, яъне бархе аз ҷавонон, ки ба равияи ифротгароӣ шомил шудаанд, агар иродаи ҷавонмардӣ медоштанд, агар обу хоки Ватанро муқаддаму муқаддас медонистанд, имрӯз дар давлатҳои Ироқу Сурия ва дигар гурӯҳҳои ғаразнок хору залил, сарсону саргардон намемонданд. На танҳо худашон, балки оилаи худ-ҳамсару фарзандонашонро ғуломи аҷнабиён намуда, ба сарашон азобу уқубати ногуфтаниро ба ҷои зиндагии хоксоронаву озод тарсу бим ва ваъдаҳои бемағзу дурӯғин кор кардаанд, ин камоли ноодамӣ ва ноҷавонмардист.

Экстремизм ва терроризм ин ба маънои томаш фурӯхтани Ватан, оқ шудан ба падару модар ва кӯрнамакӣ дар ҳаққи неъматҳои кишвари маҳбубу ҷаннатмисоламон аст. Шахси террорист хоин аст, вай ба пуфаке шабоҳат дорад ки мекафаду тамом.

Аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон доштани соли 2017-соли ҷавонон ин барои насли ҷавонони худогоҳу кишварамон ҳамчун дарси садоқати дил, қувваи пешбарандаи ақлҳои солим созандагиву бунёдкориҳои замони муосир шинохта мешавад.

Имрӯз ҷавонони соҳибиродаи мо ба ғайр аз донишу эҷодкориҳо, ки дар дасту киф ва камар доранд, боз онҳо шуури соҳибистиқлолӣ, худшиносиву худогоҳӣ, садоқат ба Ватан, озодӣ ва Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллиро соҳибанду сазовор мебошанд. Зеро дар ҳама шароит устувор будан, маърифату ҳуввияти миллӣ доштан нишон аз қарзи фарзандии худро бо камоли шараф ва обрӯмандӣ ба ҷо овардан аст.

Мо ба донишҷӯён талқин менамоям, ки бинед, Шумоён муҳассилин ҳастед, дар байни ҷавонон соҳибҳуқуқ будани худро хуб эҳсос менамоед, оянда ҷои кор доред ва дар байни одамон бо ин васила дилгармии худро пурраву ҳамаҷониба муаррифӣ карда метавонед. Охир, ин барои ҳар яки Шумо боиси ифтихордорӣ нест магар? Фаровонӣ, осудаҳолӣ, хотирҷамъӣ ба Шумо шараф меоварад. Шукр бикунеду хубу муваффақ хонед, эҷод намоед, оянда аз худ нақше дар рӯзгор бигузоред.

Ҳамин Ваҳдати миллӣ барои ҷавонони мо таърихе аст, ки ҳазор-хазор наслҳои ояндаро ба маводи омӯзиши рӯҳия ва тавоноии ҳамдигарфаҳмӣ таъмин менамояд. Ба ҳар ҷӯянда ва омӯзанда қабат-қабат шаҳодати қаҳрамонӣ ва фидокорӣ хоҳад дод.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Ҳар фарди бедордили ҷомеа, ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон, ки барояш Ватан ва сарзамини аҷдодӣ қадру манзалат дорад, бояд сулҳу Ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз карда, барои ободиву пешрафти кишвар ҷаҳду талош намояд».

Ҳаёти равшани имрӯзаи мо аз сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ба дилҳои мо, алалхусус, ҷавонон гармӣ ва ҳарорати бебадал ато менамоянд.

Бинобар ин, мо омӯзгорон вазифадорем, ки ҷавононро дар рӯҳияи меҳанпарастӣ ва ифтихордории миллат тарбия намоем, ки он набояд фирефтаи маъниҳои пучу бебунёди гурӯҳҳои иғвопеша гарданд. Волидайни азизро мебояд, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» кору рафтор намоянд, зеро ин қонуни миллӣ санади даврони соҳибистиқлоли кишварамон мебошад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми шарифи Тоҷикистон муроҷиат намуда, борҳо иброз доштанд, ки имрӯз ҳар яки моро зарур аст, ки бояд ба хотири ободу зебо гардонидани кишвар ва некӯаҳволии халқамон бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳӣ содиқонаву софдилона меҳнат намоем.

Ҳамаи ин дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳар як шахси ватандӯсту худогоҳи халқу миллатро водор месозад, ки баҳри эъмори Тоҷикистон навин ва рушди босуръати кишвари бо дили гарму нигоҳи тоза талошу кӯшишҳои пайваста хизмати арзанда намуда бошем.

Мардуми бофарҳангу ободкори Тоҷикистони навин ҳамеша ба оянда нигоҳу диди нек доранд ва бо боварӣ гуфта метавонем, ки дар ҳамбастагӣ минбаъд низ барои фатҳи қуллаҳои боз ҳам баландтар, таъмини рӯзгори тинҷу осоиштаи халқи азизамон ва дастовардҳои нав қадамҳои устуворона мегузорем.

Воқеияти зиндагӣ имруз беш аз пеш талқин месозад, ки ҳар як инсони бонангу номус, ватанхоҳу ватандӯст ва ҳимматбаланду саховатпеша бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сайъу талоши созандаи хешро ба хотири рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлоламон сарф намояд ва сарзамини биҳиштосоямонро боз ҳам дар ҷаҳон азизу мукаррам ва маҳбубу машҳур гардонад. 

Норджигитов Р.О., муаллими калони кафедраи назарияи иқтисодии ДДТТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»
Убайдуллоев А.Т., муаллими калони кафедраи назарияи иқтисодии ДДТТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»

×