Top.Mail.Ru
ЭЪЛОН!
Новости

ЭЪЛОН!

Боиси ифтихори зиёд аст, ки пагоҳ, рӯзи 28 августи соли 2025, соати 09:00, маросими ифтитоҳи бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №68 деҳаи Ярхаб Чуқураки Ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак, ноҳияи Рашт баргузор мегардад.

Бинои нав, ки дорои 4 синфхона барои 48 ҷойи нишаст дар як баст ва ҳуҷраи муаллимон мебошад, бо дастгирӣ ва маблағгузории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон ва Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон бунёд гардидааст.

Ифтитоҳи муассисаи мазкур қадами муҳим дар самти таҳкими инфрасохтори таълимӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбия ва беҳбуд бахшидани сифати таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ноҳияи Рашт маҳсуб меёбад.

Ба ин муносибат, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии болозикр даъват карда мешаванд, то дар маросими кушодашавӣ иштирок намуда, саҳм ва ҳузури худро дар ин чорабинии муҳим иброз намоянд.

×