Top.Mail.Ru
Танзими ҷашну маросим – таҳкими зиндагӣ!
Новости

Танзими ҷашну маросим – таҳкими зиндагӣ!

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати Истиқлоли давлатӣ низоми давлатдориро танзиму таҳким бахшида, аз таҷрибаи ғанӣ, таърихию қадимии мардум истифода бурда, фаъолиятро баҳри обод гардонидани  сарзамин ва зиндагии орому осудаи мардум ба роҳ монд. Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик ба гузаштаи пурифтихор арҷ мегузорад. Расму ойин ва анъанаҳои неки гузаштагонро эҳтиром, ҳифзу гиромӣ дошта, талош меварзад то онҳоро ба наслҳои оянда ба мерос гузорад. Вобаста ба ин зарурати баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ба миён омад. Дар ин самт нақши Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз апрели соли 1997 «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997 «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ» ва эълон гардидани соли 2024 – ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» хеле назаррасанд ва натиҷаҳои дилхоҳро ба бор оварданд.

Солҳои қаблӣ мушоҳида мешуд, ки шаҳрвандон тӯю маърака ва ҷашну маросимро бошукӯҳ ба роҳ монда, ба исрофкорӣ, харҷи аз ҳад зиёди пулию молӣ роҳ медоданд, ки ин амали онҳо ба ҷуз худнамоӣ ва худро дар ҷомеа аз дигарон боло ҳисобидану баланд гузоштан дигар чизе набуд. Ин амалашон дар аксар вақт боис ба касодии буҷети оила, носозию нооромӣ ва дар ин замина бад гаштан ва ё канда шудани муносибатҳои оилавӣ мегардид. Барои пешгирии чунин амалҳо зарурат пеш омад, ки санади ҳуқуқие қабул карда шавад, то ин ки муносибатҳои соҳа дар сатҳи қонунӣ танзим гардад. Баъди баррасии васеъ ва пешниҳодҳои бешумори шаҳрвандон 20 июни соли 2024 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. (Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2025 таҳти № 140 Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир дода шуд). Мақсад аз қабули қонуни зикршуда ҳимояи манфиатҳои иҷтимоӣ, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, пешгирӣ аз таассубу хурофот арзёби мегардад. Пас аз чанд вақти муайяни қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзим ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аён гардид, ки он дар самти ҳифзи анъанаҳои мардумӣ ва ҳалли бисёр мушкилоти ҳаётан муҳими ҷомеа заминаи мусоид фароҳам овард. Ҷашну маърака ва расму ойинҳоро дар кишвар ба низом дароварда, барои ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ асос гузошта, суннатҳои диниву мардумиро ба танзим даровард, анъана ва маросиму ҷашнҳои миллиро мушаххасу дақиқ намуд. Ҳамчунин, пеши роҳи хурофоту таассуб, худнамоиву зоҳирпарастӣ ва исрофкориву зиёдаравӣ гирифта шуд. Таҷрибаи амали қонуни мазкур нишон дод, ки он барои ба низом даровардани анъана, маросиму ҷашнҳои миллию динӣ ва дигар суннатҳои мардумӣ нақши бориз гузошта, ба ҷорӣ гардидани низому тартиботи ягонаи баргузории чорабиниҳои милливу мардумӣ роҳ кушод.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» се ҷанба - маънавӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ дорад. Ҷанбаи маънавиаш хислати инсондӯстӣ ва хайрхоҳӣ дошта, исрофкориро ҳамчун амали номатлуб эътироф менамояд, камхарҷу сарфакорона баргузор намудани ҷашну маросим ва оростани дастархонро қисми таркибии маънавиёти миллӣ дониста, барои баланд бардоштани фарҳанги маъракаҳо мусоидат менамояд.

Аз лиҳози иқтисодӣ бошад, омили муҳими паст кардани сатҳи камбизоатӣ буда, барои беҳтар намудани шароити зиндагии мардум тавассути роҳ надодан ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ ҳангоми гузаронидани ҷашну маросим мусоидат менамояд. Барои ноил шудан ба ин иқдоми нек, на танҳо ҳидояти қонун, балки амали неки ҳар як инсон оид ба эҳтиром нисбат ба неъматҳои моддии дар натиҷаи заҳмат бадастоварда, дарки он ки ҳама гуна исроф навъе аз беэҳтиромӣ нисбат ба молу мулк буда, хилофи одату анъана мебошад, зарур аст.

Ҷанбаи ҳуқуқии қонун мусоидат барои таъмини амнияти ҷомеаву давлат, тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи суботи ҷомеа дар мамлакат мебошад.

Бетартибию содир намудани ҳодисаҳои нохуш дар тӯю маъракаҳо, вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва содир гардидани садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳо таъсири манфӣ расонид. Бо мақсади ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии аҳолии кишвар, мусоидат барои коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва пешгирии хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ мерасонанд, аз ҷониби мақомоти судӣ соли 2024 барои вайрон кардани талаботи қонуни мазкур, дар маҷмӯъ, 1435 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардида, ба 1409 шахс ба маблағи умумии 11.095.560 сомонӣ ҷарима татбиқ карда шуд.

Даҳ соли амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистолн «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» нишон дод, ки он ба такмил ниёз дорад. Мувофиқи тағйиру иловаҳои воридгардида, дар рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон оростани дастархони маънавӣ ва хоксорона, роҳ надодан ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ, дар доираи оила бе хизматрасонии санъаткорон гузаронидани хатнасур, бо розигии падару модар дар муассисаҳои тиббии дахлдор бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ба таври ройгон бояд гузаронида шавад. Тағйиру иловаҳои назаррас ба моддаи 17 и қонун, ки тартиби баргузории ҷашну маросимро ба танзим медарорад, ворид гардиданд. Дар асоси шартномаи расонидани хизматрасониҳо пешбинӣ гардида, маъмурияти қаҳвахона, ошхона, тарабхона ва тӯйхонаҳо, дар баробари соҳибони маърака барои шумораи даъватшудагон ва вақти баргузории тӯю маъракаҳо масъул мебошанд. Ҳамчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ уҳдадор карда шуданд, ки ба рукнҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумла, забони давлатӣ ва сару либоси миллӣ эҳтиром гузошта, онҳоро аз таъсирҳои манфии замони муосир ҳифз намоянд.

Мутахассисон бар он назаранд, ки шаҳрвандон дар баргузории тӯйи домодию арӯсӣ бештар ба қонуншиканӣ роҳ медиҳанд. Бояд қайд намуд, ки тӯйи домодию арӯсӣ яке аз маъракаҳои бештар роиҷ дар байни аҳолӣ ба шумор меравад.

Маврид ба таъкиди аст, ки мутобиқ ба тағйирот ва талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аъзои Ҳукумат, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, дигар шахсони мансабдори давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ, судяҳо, кормандони мақомоти прокуратура, амният, корҳои дохилӣ, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, андоз, гумрук ва хизматчиёни ҳарбӣ барои вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур аз ҷониби онҳо ва фарзандонашон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мансаб озод карда мешаванд.

Дар Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон  Комиссияи ҷамъиятии танзими ҷашну маросим амал менамояд, ки ҳангоми гузаронидани ягон намуди маърака он дар дафтари «Сабти ҷашну маъракаҳои Донишгоҳ» ба қайд гирифта шуда, ҳатман ду рўз пеш аз баргузорӣ барои пешгирии қонуншиканӣ ва аз худ намудани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби аъзои комиссия фаҳмонида мешавад.

Аюбов Бахрулло, сардори шӯъбаи тарбия ва сиёсати ҷавонони ДСРТ

×